Кишоварзӣ

Кишоварзони Турсунзода шаҳру навоҳии мамлакатро бо зиёда аз 500 тонна сабзавоту мева таъмин намуданд

print

ТУРСУНЗОДА, 01.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Деҳқонони шаҳри Турсунзода  то имрӯз шаҳру навоҳии ҷумҳуриро бо зиёда аз 500 тонна маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сирпиёзу пиёзи барвақтӣ, гулкараму карам, помидору бодиринг ва қаламфуру қулфинай таъмин  намудаанд. Дар таъмини бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти тару тозаи баҳорӣ кишоварзони шаҳри Турсунзода саҳми арзанда мегузоранд.

Тавре сардори Раёсати кишоварзии шаҳри Турсунзода Азимҷон Назарзода  ба мухбири АМИТ «Ховар» хабар дод, дар шаҳри Турсунзода майдони умумии гармхонаҳои доимӣ 32,1 гектарро ташкил медиҳад, ки дар  12,2 гектар помидор, 7,6 гектар бодиринг,  2,33 гектар лимӯ, 1,79 гектар гулҳо ва дигар намуди сабзавот парвариш ёфта истодаанд.

Имсол  кишоварзони шаҳри Турсунзода барои аз бориши зиёд эмин нигоҳ доштани сабзавот ва қариб ду моҳ пеш аз муҳлат пухта расидан дар зиёда аз 400 гектар помидору бодиринг, қаламфури тезу ширин  ва боимҷонро бо усули нав- дар зери плёнка кишт намуданд. Ин усул ба таъмини барвақтии бозорҳои ҷумҳурӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва паст намудани нархи он таъсири мусбат мерасонад.

Мувофиқи ҳисоботи оморӣ, кишоварзони шаҳри Турсунзода дар 13532 гектар зироати кишоварзӣ кишт намудаанд, ки аз ин 11040 гектар ғалладонагӣ, 1029,5 гектар сабзавот, 1012 гектар картошка, 328 гектар зироати техникӣ, 15 гектар лубиёгӣ ва  дигар намуди зироат мебошанд.

Кишоварзони шаҳри Турсунзода имсол дар 449,73 гектар зағир кишт намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 320,73 гектар зиёд мебошад. Бинобар тавсияи мутахассисони соҳа, истеҳсоли зағир ҳамчун растании равғандеҳ дар таъмини бозорҳо бо равғани хушсифат  ва нигоҳ доштани мувозинати нархи он таъсири хуб  мерасонад.

Азимҷон Назарзода иброз дошт, ки баҳри  иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи зиёд намудани майдони кишти такрорӣ дар заминҳои обӣ, рӯёнидани  ду-се ҳосили ғалладонагиҳо, ба ҳамин роҳ зиёд намудани  ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ ва пешгирии афзоиши нархҳои маводи ғизоӣ дар бозорҳои ҷумҳурӣ кишоварзони шаҳри Турсунзода  дар пеши худ мақсад гузоштаанд, ки имсол 3950 гектар кишти такрорӣ гузаронида, ҳосили дилхоҳ ба даст оранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *