Иқлими шаҳри Турсунзода барои кишту кори пахта, сабзавот ва боғу токпарварӣ мусоид буда, деҳқонони шаҳр мекӯшанд дар ҳама самтҳо ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Аз ин ҷост, ки кишоварзони мо дар Тоҷикистон ва берун аз кишвар шуҳратманд гардидаанд. Соли равон дар натиҷаи заҳмати марди деҳқон ва риояи талаботи агротехникӣ дар майдони пахтазор ҳосил фаровон аст. […]
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо иштироки вазири кишоварзии мамлакат Зиёзода Сулаймон Ризоӣ, раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Нуралӣ, мувинон ва намояндагони самти кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ семинар – машварати минтақавӣ бар зидди малах ва ҳашаротҳои заррасон баргузор гардид. Вазири […]
Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар ҷараёни баргузории рӯзи қабули сайёр дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов аз хоҷагии деҳқонии инфиродии “Файзулло” дидан намуда, бо фаъолияти кишоварзони хоҷагӣ шинос шуд. Ба раиси шаҳр маълумот дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои беш аз 4 га замин буда, асосан ба сабзавоткорӣ машғул аст. Хоҷагидорон […]