Фаъолияти намояндагон Хабарҳо

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ҶИҲАТИ ШАРҲИ ПАЁМ

print
 Вохӯрии навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо мақсади шарҳи паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода баргузор шуд.
Баъд аз тавзеҳи самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 вакили мардумӣ доир ба нуктаҳои асосии паём, ки ба соҳаи тандурустӣ равона гардидаанд, суҳбат намуд.
Холмаҳмадзода Солеҳа иброз дошт, ки соҳаи тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати рушди соҳа ва таъмини хизматрасонии босифати тиббӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ маблағгузории соҳа сол то сол афзун гардида, дар шаҳри Турсунзода низ пешравиҳо дар ин самт назаррасанд. Таъкид шуд, ки танҳо дар соли 2021 бо мақсади беҳтар намудани шароити хизматрасонии тибби дар шаҳр 9 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 2 маркази саломатии деҳавӣ, 5 хонаи саломатӣ ва 2 ҳуҷраи доругузаронӣ сохта ба истифода шуда, ба муассисаҳои тандурустӣ 11 дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ, 4 дастгоҳи ултрасадо, 6 таҷҳизоти муосири ташхисӣ, 1 нақлиёти реономобил,1 дастгоҳи рентгени рақамӣ дастрас гардид.
Барои озмоишҳои вирусологӣ бошад, дар шаҳр сохтмони озмоишгоҳи вирусологӣ идома дошта, дар марҳилаи ифтитоҳ қарор дорад.
Аз ҷониби вакил даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар паём баёнгардида, кормандони соҳаро мебояд минбаъд фаъолияти худро дар самтҳои зерин тавсеа бахшанд. Аз ҷумла, барои таъмин намудани дастрасии бештари аҳолӣ ба хизматрасониҳои баландихтисос ва махсусгардонидашуда ҷиҳати минбаъд низ ворид намудани усулҳои муосири ташхису табобат ва технологияҳои инноватсионӣ дар амалияи тиббии муассисаҳои соҳавӣ чораҳои зарурӣ андешида шавад. Ҷиҳати ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббӣ ҷоннок гардида, масъулинро мебояд доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа тадбирҳои мушаххасро амалӣ намоянд. Инчунин таъкид шуд, ки масъалаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисос, аз ҷумла мутахассисони бемориҳои сироятӣ, вирусшиносҳо аз масоили мубрамест, ки ҳалли он тадбирҳои бетаъхирро талаб дорад. Ҳамчунин бо мақсади пешгирии хурӯҷ ва паҳншавии бемории сироятии КОВИД–19 корҳои фаҳмондадиҳиро миёни аҳолӣ вусъат бахшида, ба масъалаи маъракаи эмгузаронии сокинони шаҳр таваҷҷуҳи хоса равона гардад.
Дар хотима зимни суҳбати озод аз ҷониби кормандони соҳа як қатор дархосу пешниҳод баён гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *