Хабарҳо

ШАРҲИ ПАЁМ ДАР ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ

print

 Тибқи нақшаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади шарҳи муҳтавои паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо кормандони соҳаи маорифи шаҳри Турсунзода вохӯрӣ доир намуд.

Дар оғози суҳбат самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 фаҳмонида шуд.
Дар идома таъкид гардид, ки зимни ироаи паём Сарвари давлат соҳаи маорифро соҳаи муҳим ва афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад,аз ин лиҳоз кормандони соҳаро мебояд барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омода кардани кадрҳои баландихтисос, омӯхтани таъриху фарҳанги бостонии халқи тоҷик, боло бурдани завқу рағбати хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ, табиӣ, технологияҳои иттилоотӣ, ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русиву англисӣ таваҷҷуҳи авалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар рафти тавзеҳи паём Холмаҳмадзода Солеҳа изҳор дошт, ки аз ҷониби Роҳбари давлат зимни ироаи паём инчунин нисбати фаъолияти соҳаи маориф як қатор эродҳо баён гардида, ҷиҳати бартараф намудани он як қатор дастуру супоришҳо дода шуд. Аз ин лиҳоз, кормандони соҳаи маорифи шаҳрро мебояд барои бартараф намудани эродҳо ва иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣандешанд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ вобаста ба масъалаҳои соҳаи маориф суҳбати озод сурат гирифта, бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия аз ҷониби кормандони соҳа яқ катор пешниҳодҳо баён гардиданд.
Дар хотима барои саҳмгузорӣ дар татбиқи барномаҳои давлатии соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас як қатор кормандони соҳа бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” сарфароз гардиданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *