Хабарҳо

БОЗДИД АЗ ШАРОИТИ БУДУ БОШИ САРБОЗОН

print
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ташкили вохӯрӣ бо афсарону сарбозон, ки зимни ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 27 ноябри соли 2020 баён доштанд, имрӯз гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғаффорзода Нигорахон аз қисмҳои ҳарбии дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ҷойдошта дидан намуданд.
Гурӯҳи кориро муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия роҳбаландӣ намуда, изҳор дошт, ки байни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва қисмҳои низомӣ робитаи зичи ҳамкорӣ роҳандозӣ шудааст.
Гурӯҳи корӣ аз иншооти маишӣ ва шароити буду боши сарбозону афсарон дидан намуда, бо онҳо суҳбат орост.
Дар вохӯриҳо узви Шӯрои куҳансолони Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Солеҳов Муродалӣ , шоир Хайриддин Хайрандеш ва намояндагони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон доир ба дастовардҳои даврони Истиқлол суханронӣ намуданд. Ҳамчунин меҳвари асосии суҳбат ба масъалаи баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ҳувияти миллӣ, муҳаббат ба Модар-Ватан гиромидошти арзишҳои олӣ аз қабили ваҳдату Истиқлоли миллӣ равона гардид.
Дар идома афсарону сарбозон ба сухан баромада, изҳор дошанд, ки ҷиҳати хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ тамоми шароит муҳайё буда, ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати кишвар ба савганди ҳарбӣ ҳамеша содиқ буда, дар назди Модар-Ватан қарзи фарзандии худро сарбаландона иҷро менамоянд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *