Имрӯз бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва оммавигардонии он дар қатори дигар шаҳру навоҳии мамлакат дар шаҳри Турсунзода чорабинии варзишии дави миллӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ беш аз 3000 нафар намояндагон аз сохтори мақомоти иҶроияи ҳокимияти давлатӣ, идораву муассисаҳо, инчунин доираи васеи ҷавонону варзишгарон ширкат варзиданд.
Муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Остоназода Сайдамин Ҳазрат зимни суханронӣ иброз дошт, ки миллати ҷисман солим рўҳан низ тавоно ва муқтадир мегардад, аз ин лиҳоз тоҷикон ба варзиш ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ ва ташаккули ҷисмониву маънавии инсон ҳанўз аз қадим майлу рағбат дошта, усулҳои гуногуни варзишро ҷиҳати омода будан ба дифои марзу бум ва мардуми хеш инкишоф медоданд.
Дар идома дар ду масофа сабқати дав эълон гардида, дар анҷом ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қардонӣ шуданд.