Варзиш

БАРГУЗОРИИ ДАВИ МИЛЛӢ ВА ВЕЛОМОРОФОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо иштироки беш аз 5000 нафар ҷавонон ва сокинони касбу кори гунонгун чорабинии варзишии дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор шуд.
Раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода дар чорабинии мазкур суханронӣ намуда, иброз дошт, ки варзиш – қосиди сулҳ ва тарғибгари арзишҳои олии инсонӣ буда,ҷавонони мо дар мусобиқаҳои байналмилаливу ватанӣ қувваозмоӣ намуда, ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Аз ҷумла, давоми соли ҷорӣ варзишгарони ҷавони шаҳри Турсунзода аз сабқатҳои байналмилалӣ 9 медалро сазовор гардида, Парчами давлатиро дар арсаи ҷаҳонӣ боло афрохтаанд.
Аз мусобиқоти ҷумҳуриявӣ бошад, 100 медал насиби варзишгарони шаҳри мо гардидааст.
Дар анҷом ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом ва туҳфаҳои хотравӣ қардонӣ шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *