Имрӯз рӯзноманигорони Шабакаи давлатии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ҷиҳати таҳияи барномаи тарғибкунандаи дӯстӣ ва имкониятҳои васеи Тоҷикистон барои ҳамкорӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд. Дар дидбонгоҳи сарҳадии байнидавлатии “Дӯстӣ” мавқеъ дар шаҳри Турсунзода меҳмононро муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Остоназода Сайдамин Ҳазрат дар фазои тантанавӣ пазироӣ ва бо ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Турсунзода шинос намуд. Ҳамчунин дар сарҳад бо зумраи шаҳрвандони ду ҷониб доир ба рафтуомад суҳбат доир гардид. Аз ҷониби шаҳрвандони ҷонибҳо иброз шуд, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандони роҳбарияти олии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дӯстиву рафоқати давлатӣ барқарор гардид. Шаҳрвандони ҳарду ҷониби сарҳад иброз доштанд, ки ҳарчанд, карантини бемории коронивирус, ки байни тамоми мамолики олам монеаи рафтуомадро ба вуҷуд овард, дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек бидуни сарҳад аст ва мо ифтитоҳи сарҳадро бесаброна интизорем. Сафари рӯзноманигорон ба ХД “Боғи Сомон” идома ёфта, доир ба фаъолияти хоҷагӣ, дастгириҳои муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати густариши токпарварӣ ва ташрифи роҳбарони олии ду давлати дӯст ба токзорҳои хоҷагӣ суҳбат ороста шуд. Дар хоҷагии деҳқонии “Ватан” суҳбати кишоварзи шинохта, токпарвари номӣ Усмонов Неъмат бо рӯзноманигорон ба вуқуъ пайваст. Токпарвари шинохта иброз дошт, ки дар Тоҷикистон маҳз бо сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллат тамоми халқҳо, аз ҷумла халқҳои бародари тоҷику ӯзбек дӯсту ҳамдилона зиндагонӣ карда, ҷиҳати пешрафт ва шукуфоии мамлакат саҳмгузорӣ менамоянд. Ҳамчунин Усмонов Неъмат ба меҳмонон доир ба фаъолияти хоҷагӣ, парвариши навъҳои гуногуни ангур ва навъҳои мухталифи дарахтони нодир, анҷоми корҳои обониву саҳми хоҷагӣ дар бунёди иншооти иҷтимоӣ маълумот манзур намуд.
Сабтҳои охирин
Рабочая поездка председателя Главного управления национальной безопасности Исламской Республики Афганистан в Республику Таджикистан
ДУШАНБЕ, 15.01.2020 /НИАТ «Ховар»/. 14-15 января 2020 года состоялась рабочая поездка Председателя Главного управления национальной безопасности Афганистана Ахмада Зиё Сироджа и высокопоставленной делегации этой службы в Таджикистан. В ходе поездки состоялась его встреча с Председателем Государственного комитета национальной безопасности Республики Таджикистан Саймумином Ятимовым. В ходе переговоров были обсуждены вопросы расширения эффективного двустороннего сотрудничества в обеспечении безопасности […]
Ин мулк бедарвоза нест, ки ҳар хармуроду гулмурод ба Тоҷикистон ҳамла кунанд (Ҷавоб ба «рисолат.ком»-и иртиҷоӣ)
Сомонаи зертобеи «risolattj.com», ки пойгоҳи иттилоотии оппозитсияи хоин дар хориҷ мебошад ва бо иғвоангезиву ифротгароияш машҳур аст, хабараке пахш кардааст, ки гӯё «Гулмурод Ҳалимов омодаи ҳамла ба Бадахшони Тоҷикистон» аст». Боз аз як Бунёди «фарҳангҳои бефарҳанги стратегӣ» низ иқтибос кардааст. Даъвоҳои ин сомонаи дурӯғгӯ ба куллӣ ба воқеият рост намеояд. Даъвоҳои куҳнаву нави ин сомона […]