Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ СИТОДИ КОРИИ ДОИМАМАЛКУНАНДА БО ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

30 июли соли 2020 ш. Турсунзода Имрӯз муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Самариддин бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ, вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва шароити кории кормандондони соҳаи тиби шаҳри Турсунзода шинос шуда, дар кори ситоди доимоамалкунанда оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус (СОVID-19) дар шаҳри Турсунзода ширкат варзид. Акрамзода […]

Хабарҳо

ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН

Яке аз фазилати бузурги Иди саиди Қурбон дастгирӣ намудани ниёзмандон мебошад. Дар шаҳри Турсунзода бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва дастгирии саховатмандону соҳибкорони бонангу номус расонидани кӯмак ба ниёзмандон идома дорад. Имрӯз ба як қатор ниёзмандони шаҳр маводҳои ғизоӣ кӯмаки яквақтаина расонида шуд. 21

Таҷлил

ХАЙРИЯИ ИДОНА

Дар арафаи Иди саиди Қурбон дар баробари табрики пайвандону наздикон, аёдату беморону пиронсолон ва зиёрати оромгоҳи гузаштагон, ба азодорон изҳори ҳамдардӣ кардан ва, муҳимтар аз ҳама, ба дармондагону ниёзмандон хайру эҳсон намудан, ба анъанаи неки мардуми Тоҷикистон табдил ёфтааст. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ин анъанаи нек соли ҷорӣ низ идома ёфта, […]

Таҷлил

ФАЗИЛАТИ ҚУРБОНӢ

Ҳазрати Зайд ибни Арқам (р) аз Паёмбар (с) мепурсад: «Ай Расули Худо, ин қурбониҳое, ки мебинам, чист?» Паёмбар (с) гуфт: «Ин суннати падаратон Ибоҳим (а) аст». Пас саҳобаҳо гуфтанд: «Чӣ фоида (фазилат) доранд?» Паёмбар (с) гуфт: «Ба ивази ҳар як мўи чаҳорпо як некӣ ба қурбоникунанда мерасад».

Нуқтаи назар

Нопокиҳои навбатии Кабирӣ

Дар ҳақиқат вақте, ки фитна болои мардум меояд,  кӣ ва чӣ будани шахсиятҳо зоҳир мешавад. Ҳақиқат, дурӯғ ва хубу бад аз якдигар ҷудо мешаванд. Ин  ҳам бошад яке аз тақдири илоҳӣ ба бандагонаш мебошад. Худованд дар сураи “Анфол” ояти 37 мефармояд: “…То Худо нопокро аз пок ҷудо кунад ва нопоконро барҳам занад”. Ҳаёт сар то […]

Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ ИҶРОКУНАНДАИ ВАЗИФАИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ҚУРБОН

Ҳамдиёрони азиз! Бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ, пайкори созандаву бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо яке аз муаддастарин љашни миллӣ Иди саиди Курбонро зери фазои сулҳу амонӣ   ва рӯзгори осуда пешвоз мегирем.  Аз ин лиҳоз, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мардуми меҳнатёри шаҳри Турсунзодаро ба муносибати Иди […]

Нуқтаи назар

КАБИРӢ ЗАБОНУ ХАТИ ТОҶИКИРО ЗЕРИ СУОЛ ҚАРОР ДОДААСТ!

Роҳбари иттиҳодияи ТЭТ ПЗМ М. Кабирӣ санаи 22.07.2020 тариқи шабакаи иҷтимоии «Ютуб» атрофи Рӯзи забони давлатӣ баромад намуда, худро интиқомгиранда ва яке аз майдоннишинони роҳи озодии забон муаррифӣ намуд. Кабирӣ намояндагони имрӯзаи ҳокимияти давлатиро дар гузашта мухолифи қабули қонуни забон ва озодихоҳиву меҳанпарастӣ меномад. Дар асл маҳз бо дастгирию кӯшишҳои Пешвои миллат ва дигар ватандӯстони […]

Хабарҳо

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ХУРРАМГАРДОНӢ

Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии мамлакат баробари таъмиру навсозӣ ва бунёди иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ, ҳамчунин маъракаи корҳои ободониву сарсабзгардонӣ бомаром идома дорад. Шинонидани ниҳолу гулҳои ороишӣ ва ба ин васила сарсабзу хуррам намудани гӯшаҳои мухталифи Тоҷикистони азиз аз ҷумлаи иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам […]

Иҷтимоиёт

АЁДАТИ МАЪЮБОН ВА ПИРОНСОЛОН

Гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Исматуллозода Ширин  ба шаҳри Турсунзода сафари корӣ баргузор намуда, аз Муассисаи давлатии  Хона-интернати маъюбон ва пиронсолони шаҳри Турсунзода боздид ба амал овард. Дар ин сафар иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам меҳмононро бо шарту шароити буду боши истиқоматкунандагони муассаи мазкур  шинос  намуд. […]

Экология

МАҚСАД: ОБОДОНӢ ВА ТОЗАГИИ МУҲИТИ ЗИСТ

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода бо иштироки беш аз 1400 нафар намояндагони корхонаву ташкилот ва аҳолӣ дар Боғи Ғалаба, шафати шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода ва корхонаву ташкилоти шаҳр дар доираи нақшаи баргузории аксияи “Тозагии маҳал” ва “Тозагии роҳ” ҳашари умумишаҳрӣ баргузор гардид. Зимни тозакориҳои дастаҷамъона асосан ба масъалаи бартараф намудани алафҳои бегона аз мухити зист, буриши санитарии атрофи […]