Нуқтаи назар

КАБИРӢ ЗАБОНУ ХАТИ ТОҶИКИРО ЗЕРИ СУОЛ ҚАРОР ДОДААСТ!

print

Роҳбари иттиҳодияи ТЭТ ПЗМ М. Кабирӣ санаи 22.07.2020 тариқи шабакаи иҷтимоии «Ютуб» атрофи Рӯзи забони давлатӣ баромад намуда, худро интиқомгиранда ва яке аз майдоннишинони роҳи озодии забон муаррифӣ намуд. Кабирӣ намояндагони имрӯзаи ҳокимияти давлатиро дар гузашта мухолифи қабули қонуни забон ва озодихоҳиву меҳанпарастӣ меномад. Дар асл маҳз бо дастгирию кӯшишҳои Пешвои миллат ва дигар ватандӯстони имрӯза забони мо ба сатҳи баланди рушди худ расидааст. Бо ташаббуси Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба забони илм, маориф, фарҳанг, матбуот, қонунгузорӣ, иттилооту реклама, коргузорӣ, мукотиба ва ҳато номгузорӣ табдил ёфт.

Хизмате, ки ҳукумати имрӯза дар рушду пешрафти забони тоҷикӣ ба анҷом расонидаанд, Кабирӣ ва думравони ӯ ҳатто тасаввур карда наметавонанд. Маҳз Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш буданд, ки ба арабизатсияи забони тоҷикӣ ва гузариш ба хатти арабиасос пуштибонӣ мекарданд ва ҳоло ҳам дар орзӯи амалӣ намудани ин нияти худ ҳастанд. Гузариш ба хатти форсиро ӯ омили пешрафти илму техника ва истеҳсолот мепиндорад, аммо ба Кабирӣ чанд сол пеш шоири бузурги тоҷик шодравон Бозор Собир посухи сазоворе дода буд ва ҳоҷат ба гуфтаҳои иловагӣ нест.

Албатта, 22 июли соли 1989 рӯзи худшиносии миллӣ ва бедории миллӣ аст, аммо иваз намудани Рӯзи забони давлатӣ – ин ба салоҳияти давлат ва ҳукумати кишвар дохил мешавад, баъдан тағйир ёфтани рӯзи иди забон мақом ва маратабаи забони давлатиро коста намегардонад. Кабирӣ дигар намедонад, ки бо кадом роҳ ҳокимияти давлатии Тоҷикистон ва шахсони обруманду ватандӯсти онро сиёҳ намояд ва таваҷҷӯҳи мардумро ба як тағйири рӯзи иду ҷашн ҷалб намудан мехоҳад.

Кабирӣ аз он ба ташвиш омадааст, ки Тоҷикистони азизамон босуръат пеш меравад, гул-гул мешукуфад, биноҳои баландошёнаи зебою барҳаво ва бемористону мактабҳо қомат меафрозанд ва наслҳои минбаъда бо ифтихор аз Қаҳрамони миллати худ ёдовар мешаванд. Кабирӣ то дараҷае беномус ва душмани миллати тоҷик ҳаст, ки аз пешрафту ободии Тоҷикистон чун мор бар худ мепечад ва аз сохта шудани ҳар як мактабу беморхона ва биноҳои баландошёна ба ташвиш меояд. Агар ҳоло ҳамин ободкориҳо намебуд, пеш аз ҳама, боз ҳамин хоинони миллат ҷор мезаданд, ки дар Тоҷикистон ҳеҷ гуна навовариҳо нест ва мактабу беморхонаҳо ва биноҳо сохта намешаванд. Ҳол он ки дар шуури пайравони ин хоин ғайр аз моҷароҷӯйи, ҷангандозӣ, манфиатҷӯйӣ, мансабталошӣ ва суйистифода аз дин фикри дигаре нест.

Имрӯз Кабирӣ худро ҷонибдори ҳокимияти шӯравӣ ва коммунистон нишон медиҳад, ҳол он ки чанде пеш онҳоро ғосибу кофир эълон мекард. Дар Тоҷикистон тамоми хотироти таърихии миллат ҳифз карда мешавад ва ин душманони миллат ҳастанд, ки ободию зебогии пойтахтамонро намехоҳанд. Ҳоло биноҳои замонавие, ки дар пойтахти кишварамон бунёд мегарданд, ҳам аз лиҳози таърихият ва ҳам аз лиҳози эстетикӣ ва нақшу нигор аз биноҳои куҳнаю фарсуда бартарӣ доранд.

Кабирии “забоншинос” аз иваз шудани рӯзи забони тоҷикӣ дар ташвиш афтодааст, аммо худ пешниҳод менамояд, ки номи забони тоҷикӣ ба номи забони форсӣ иваз карда шавад. Ин манқурти ватанбезор фаромӯш кардааст, ки номи кишварамон Тоҷикистон аст ва аз иваз кардани номи забон номи ватанамон зери суол қарор мегирад. Кабирӣ аз иваз шудани рӯзи забон, ки ҳамаги соли 1989 қабул гардидааст, ноҳинҷор гаштааст, аммо ба иваз намудани номи забони тоҷикӣ, ки дар осори шоирони классики мо зикр гардидааст ва таърихи ҳазорсола дорад, даъват менамояд.

Хулоса, дар пешрафту нигоҳдошти тозагии забони тоҷикӣ, ҳифзи мероси таърихӣ ва ободу зебо гардонидани Тоҷикистон нақши ҳокимияти сиёсии имрӯза, Пешвои миллат ва дигар шахсони ватандӯстӣ Тоҷикистон хело бузург аст ва инро насли имрӯза ва ояндаи Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонад.

Мирзонаби Қодиров, узви ҷомеаи шаҳрвандӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *