Ҳазрати Зайд ибни Арқам (р) аз Паёмбар (с) мепурсад: «Ай Расули Худо, ин қурбониҳое, ки мебинам, чист?» Паёмбар (с) гуфт: «Ин суннати падаратон Ибоҳим (а) аст». Пас саҳобаҳо гуфтанд: «Чӣ фоида (фазилат) доранд?» Паёмбар (с) гуфт: «Ба ивази ҳар як мўи чаҳорпо як некӣ ба қурбоникунанда мерасад».
Сабтҳои охирин
Тасдиқи рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз байни рамзҳои пешниҳоднамудаи рассомон, дизайнерон ва устодони Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон рамзи «30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд. Рамзи мазкур дар шакли мудаввар таркиббандӣ шуда, давродаври он ба забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ “Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва […]
БА ХОТИРАИ ШАҲИДОНИ АБАДЗИНДА
Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷиҳати ҳифзи хоки Иттиҳоди Шӯравӣ ва давлатҳои Аврупо миллати тоҷик дар майдонҳои ҷанг далериву шуҷоат ва корнамоиҳои бемисл нишон додаанд, ки дар саҳифаҳои таърих абадан сабт гардидааст. Дар баробари дигар диловарони Ватан аз деҳаи Қаратоғ 572 нафар ба майдони ҷабҳа бар зидди фашизм баромада, 234 нафари онҳо барои дифои Ватан […]
ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-умин солгарди Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, корхонаву ташкилот, фаъолон ва собиқадорони меҳнат чорабинии тантанавӣ баргузор шуд. Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ҳозирин ва кулли сокинони шаҳрро ба ин муносибат табрику таҳният намуда, иброз доштанд, ки […]