Коррупсия кирдори номатлубест, ки пояҳои давлатдориро заиф гардонида, боиси паст гаштани сатҳи зиндагии мардум мегардад. Дар натиҷаи содир гардидани кирдорҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон шуда, тавозуни он аз байн меравад. Ҳамзамон коррупсия сарчашмаи дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир маҳсуб ёфта, боиси аз байн рафтани истиқлолияти комили давлатҳо мегардад.
Бо назардошти ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар кишвар тадбирҳои судманд андешида, баҳри амалӣ намудани он якчанд санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва дар асоси онҳо барномаҳои давлатӣ қабул кардааст. Яке аз ин барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» буда, тамоми ташкилоту муассисаҳои давлатиро зарур аст, ки ҷиҳати иҷроиши бандҳои Нақша-чорабиниҳои Стратегияи мазкур тамоми чораҳои дахлдорро андешида, баҳри пешгирӣ намудани ҷиноятҳои характери коррупсионидошта, оқибатҳои зарарноки он, ҳамчунин паст намудани шиддати коррупсия ва аз байн бурдани сабабу шароитҳои ба коррупсия мусоидаткунанда дар якҷоягӣ ба мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон аз ҷумла таъкид намуданд: “Масъалаи ҷиддии дигаре, ки бояд мавриди таваҷҷуҳи доимии мо қарор дошта бошад, ин пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар соҳаи истифодаи замин мебошад. Бо мақсади таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ дар давраи истиқлолият зиёда аз 130 ҳазор гектар, аз ҷумла 27 ҳазор гектар замини корами обӣ ба шаҳрвандон ҳамчун замини наздиҳавлигӣ дода шудааст. Лекин ҳоло ҳам ҳолатҳои тақсимоти ғайриқонунӣ, хариду фурӯш ва худсарона ишғол намудани замин аз байн нарафтаанд. Танҳо дар давоми 10 соли охир қариб 1300 ҷинояти дорои хусусияти коррупсионии вобаста ба замин содир шудааст. Мутаассифона то ҳол ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки дар ин самт шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худё шахсони дигар барои ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар амалҳои коррупсионӣ содир менамоянд, ки ин яке аз монеаҳои асосӣ баҳри муваффақона амалӣ намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мегардад”.
Ба ин гуфтаҳо аъмоли Мунаваров Диловаршоҳ Давлатшоҳевич, аз 2 июни соли 2016 дар вазифаи раиси Ҷамоати деҳоти «Сомон»-и шаҳри Ҳисор таъйин шуда буд, мисол шуда метавонад. Номбурда тахминан моҳи марти соли 2017 ба боварии як қатор сокинони шаҳри Ҳисор даромада, ҳамчун аъзои Комиссияи ҷаъмиятӣ оиди ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз онҳо барои пешниҳод намудан ва ба тасвиб расонидани қарор дар бораи вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ба таври умумӣ 30 000 долари ИМА талаб менамояд. Аз маблағи талабнамудааш дар якчанд ҳолат аз шаҳрвандон дар маҷмуъ 3000 долари ИМА ва 10600 сомонӣ гирифта, онро ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф менамояд, вале ба манфиати шаҳрвандон ҳеҷ гуна кореро иҷро накардааст.
Ғайр аз ин Мунаваров Д. Д. аз шаҳрванд “А” барои ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ маблағи 5000 сомонӣ талабкарда, аз ин ҳисоб 1500 сомониашро ҳамчун пешпардохт мегирад.ба корафтода “А” мегӯяд, ки маблағи боқимондаро баъд аз ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ оварда диҳад. Дар аслмаблағи 1500 сомониро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф карда, ба манфиати охирин ягон амалро иҷро накардааст.
Вобаста ба ҳолатҳои зикргардида нисбати Мунаваров Д.Д. бо моддаи 247 қисми 4 банди «б»-иКодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ он ба суди шаҳри Ҳисор барои баррсӣ ирсол карда шуд.
Бо ҳукми суди шаҳри Ҳисор Мунаваров Диловаршоҳ Давлатшоҳевич гунаҳкор дониста шуда, нисбати ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1460 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 73000 сомонӣ бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи фаъолият дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва вазифаҳои роҳбарикунанда ба муҳлати ду сол таъин карда шуд. Тавре мебинед ҷиноят бе ҷазо намемонад, вале мутаассифона мукофоти аъмоли ин гуна ҷинояткорон барои баъзеҳо дарс нашуда, чунин ҳолатҳо ҳоло ҳам ба чашм мерасанд…
Қайд кардан зарур аст, ки фаъолияти як мақомот баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа кифоя набуда, танҳо дар сурати муборизаи дастаҷамъона мо метавонем, ки ба натиҷаҳои назаррас дар ин самт ноил гардем. Ба фармудаи Пешвои муаззами миллат: «Фаромӯш набояд кард, ки мубориза ба муқобили коррупсия фақат вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест. Дар ин мубориза тамоми аҳли ҷомеа ҳар як шаҳрванд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд бетараф набошад. Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем, ки сатҳи коррупсияро дар мамлакат коҳиш диҳем».
Воқеан ҳам ҳар як фарди бо нангу номуси ватан бояд ин суханони Сарвари кишварро сармашқи кори худ намуда, баҳри аз байн бурдани ин падидаи номатлуб дар фазои ҳамдигарфаҳмии миллӣ бо дарки баланди масъулияти ватандорӣ ва бо ифтихор аз миллату ватани хеш сарҷамъона муборизаи беамон бурда, баҳри рушду нумуи ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузорем!
Ф. Раҳмонзода,
нозири калони пешгирии
коррупсияи шуъбаи минтақавии
Агентии назорати давлатии молиявӣ
ва мубориза бо коррупсия дар ноҳияҳои водии Ҳисор.