Таҷлил

Чорабинии тантанавӣ

print

Санаи 19-уми декабри соли равон бах­шида ба Рӯзи энергетикҳо дар ҶСК Шабакаҳои барқи Турсунзода» чо­рабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ муовини раиси шаҳри Турсунзода – Парвиз Акрамзода, сардори Сарраёсати мо­лия ва хизматрасонии маъмурии ШСХК «Барқи Тоҷик» Рустам Маҷидов, нозири техникии Куми­таи ҷумҳуриявии иттифоқи касабаи кормандони соҳаи энергетика Гулмурод Холмуродов ширкат варзиданд.

Директори Ҷамъияти номбурда Салоҳиддин Холиқзода зимни суханрониаш оиди корҳои дар соли равон иҷрошуда ва дурнамои корхо­на маълумот дод. Муовини раиси шаҳри Тур­сунзода Парвиз Акрамзода кормандони соҳаи энергетикаи шаҳрро аз номи раиси шаҳр бо иди касбиашон муборакбод гуфта, қайд намуд, ки ҳамаи корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ғамхо­риҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукума­ти Ҷумҳурии Тоҷикистон зоҳир мегарданд, ба рушду тараққиёт, ободию шукуфоӣ ва зиндагии шоистаи мардум нигаронида шудааст. Аз байн бурдани маҳдудият дар таъмин намудани са­росари кишвар бо қувваи барқ исботи гуфтаҳои болост, қайд кард номбурда.

Сардори Сарраёсати молия ва хизматрасо­нии маъмурии ШСХК «Барқи Тоҷик» Рустам Маҷидов қайд намуд, ки ҶСК «Шабакаҳои барқи Турсунзода» бо ғайрату ирода ва донишу таҷрибаи бойи худ дар амалӣ гардондани яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – расидан ба истиқлолияти энергетикӣ саҳми хешро мегузо­ранд.

Дар рафти чорабинӣ директори Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои барқи Турсун­зода» Салоҳиддин Холиқзода бо нишони са­рисинагии Аълочии барқи тоҷик, механики кор­гоҳ Ҳамроҳ Пӯлодов бо Ифтихорномаи ШСХК «Барқи тоҷик», сардори шуъбаи кор бо мушта­риён Баҳодур Чӯпонов бо Ифтихорномаи Итти­фоқҳои касабаи ШСХК «Барқи тоҷик» сарфароз гардонида шуданд. Инчунин як гурӯҳ барқчиён бо Сипосномаҳои ҶСК «Шабакаҳои барқи Тур­сунзода» ва собиқадорон бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

А. ҚОСИМОВ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *