Соли равон 25-солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистонро ҷашн гирифтем. Фурсати он аст, ки дар бораи ин иҷлосияи тақдирсоз, дар бораи ин бисту панҷ соли гузашта, дар бораи Президент – кафили сулҳу субот дар ҷомеа мулоҳиза биронем. Ба ин хотир директори АМИТ «Ховар» Саидалӣ Сиддиқ бо Нависандаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Саттор Турсун ҳамсуҳбат шуд. – Устод, баъди маросими […]
Day: 19.12.2017
ЧАШМАҲОИ ШИФОБАХШ
Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат Маҷмааи умумии СММ Қатъномаи худро зери унвони “10 – солаи байналмилалии амал” “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028” – ро санаи 21 декабри соли 2016 бо иттифоқи оро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат доимо таъкид мекунанд, ки “Об – сарвати бебаҳои дунёст”. Аз ин рӯ […]
КАБИРӢ ВА САМТҲОИ НОКУҶООБОД Ё ХИДМАТИ ХИРСОНА БА МИЛЛАТ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ташкилоти мамнуъ ва террористии ҲНИТ дар мусоҳибаи худ ба сомонаи “Eurasia Daily” бори дигар даст ба иғвоангезиву буҳтон зада, аз ҷумла гуфтааст, ки Тоҷикистон дар зарфи ду соли охир самти асосии тавсеаи кишварро тағйир додаст ва ба гуфтаи ӯ акнун авлавияти сиёсати Ҳукумати Тоҷикистон на пешрафти иқтисодӣ, балки таъмини амният ва субот […]
ТАНЗИМ: РАҲОӢ АЗ МАЪРАКАҲОИ “МИЁНШИКАН”
Дар оғоз ёдовар мешавем аз маъракаҳое, ки пеш аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мегузаштанд. Яъне даҳ сол қабл. Шахсони доро ба хотири “обрӯ” гирифтан тӯю маъракаҳои дабдабанок ба ин ё он муносибат барпо менамуданд. Рӯзу шаб. Чанд дег хӯроки гуногун ва анвои дастархон ба мардуми […]
МАҲФИЛИ ЭҶОДИИ ШОИР
Таърихи 12 декабри соли ҷорӣ дар кохи «Дӯстӣ»-и шаҳри Турсунзода маҳфили шеъру суруд аз эҷодиёти шоири ширинкалом Аълочии фарҳанг, мориф ва илми Тоҷикистон Абдуқаҳҳори Қосим бо иштироки адибони варзидаву соҳибсухани кишвар, ҳунармандони шаҳри Турсунзода ва иштироки намояндагони корхонаву ташкилотҳо ва муассисаҳои шаҳр бо шаҳомати хоса баргузор шуд. Ин чорабинии адабӣ шоирони маҳбуб ва шинохтаи тоҷик […]
МАҚСАД: ПЕШГИРӢ АЗ КОРРУПСИЯ
Санаи 14 декабри соли равон бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Стратегияи муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» таҳти роҳбарии муовини якуми раиси шаҳр Акрамзода П. А. маҷлиси Комиссияи шаҳрӣ доир ба муқовимат бо корррупсия баргузор шуд. П. Акрамзода қайд кард, ки ҳар як аъзои комиссия […]
Ахбороти Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода даъвати панҷум ба ивази вакилони хориҷшуда
Комиссияи шаҳрии интихобот маълум менамояд, ки дар асоси қарори иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз 4 октябри соли 2017 таҳти №126 дар таърихи 10 декабри соли 2017 дар ҳавзаҳои интихоботии «Эфиронос» №15 ва «Лоҳутӣ» №17 бар ивази вакилони хориҷшуда интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода даъвати панҷум таъин гардида, баргузор шуд. Барои вакилӣ […]
ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ
Раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода 15 декабри соли равон дар толори конфронсҳои макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо як гурӯҳ кадбонуҳои маҳаллаҳои шаҳри Турсунзода вохӯрӣ намуд. Дар ҷараёни вохӯрӣ иброз гардид, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон иду ҷашнҳо, расму оин, анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, суннатҳои неки фарҳанги дастурхондории миллӣ эҳё гардид. Баргузории озмунҳои таомҳои […]