Нуқтаи назар

ЧАШМАҲОИ ШИФОБАХШ

print

  Бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат Маҷмааи умумии СММ Қатъномаи худро зери унвони “10 – солаи байналмилалии амал” “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 – 2028” – ро санаи 21 декабри соли 2016 бо иттифоқи оро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат доимо таъкид мекунанд, ки “Об – сарвати бебаҳои дунёст”. Аз ин рӯ мо бояд обро доимо тоза нигоҳ дорем ва оби нӯшокиро исроф накунем. Дар тамоми дунё об аз ҳама чиз азизтар аст. Тоҷикистон аз ин неъмати худодод бой мебошад,  вале ин маънои онро надорад, ки нисбат ба исрофи он беэътиноӣ зоҳир намоем. Дар дигар давлатҳо мисли Тоҷикистон обҳои зулолу равон мавҷуд нест. Обҳои Тоҷикистон тоза ва шифобахш мебошанд. Оиди ин мавзуъ ба шумо пеш ҳам маълумот дода будем. Дар деҳаи Моҳинави шаҳри Турсунзода чашмаи мусаффое бо номи “Шайхмузаффар” мавҷуд аст. Оби ин чашма аз бехи дарахти чанор баромада, дар фасли зимистон гарм ва дар фасли тобистон хунук мебошад. Тибқи гуфтаи мардуми маҳал оби чашма ба кассалиҳои дарунӣ самараи хуб медиҳад. Кӯдаконе, ки ба кассалии кирми рӯдаву меъда гирифтор мебошанд ва дар рӯяшон доғҳои сафед пайдо мешавад, гӯё бо ошомидани оби он шифо меёфта бошанд. Дар бораи хусусиятҳои шифобахши оби ин чашма овозаҳо зиёданд. Аз  ин рӯ месазад, ки мутахассисони соҳа оид ба таркиб ва тартиби ошомидани он таҳлилҳои илмӣ гузаронида, маълумоти саҳеҳро ба мардум диҳанд. Чунки сарзамини мо аз маъданҳо низ бой буда, миқдори маъдан дар таркиби об ба нафъи он ба саломатӣ мутаносиб аст. Бо пайгирии иқдомҳои оқилонаи Пешвои миллат дар самти об мо бояд дар сарфаю сариштакорӣ ва истифодаи оқилонаи он саҳмгузор бошем.

Ҷамила РАҲИМОВА, омӯзгори

 МТМУ №20 – и  шаҳри Турсунзода.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *