Хабарҳо

ИФТИТОҲИ БИНОИ БАЛАНДОШЁНАИ ИСТИҚОМАТӢ ДАР МАҲАЛЛАИ 1

print

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо вобаста ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи 1-уми шаҳри Турсунзода бинои баландошёнаи бисёрҳуҷрадор бо иштироки муовини якуми раиси шаҳр Остоназода Сайдамин Ҳазрат ба истифода дода шуд.
Бинои истиқоматӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии ҶДММ “Алӣ сохтмон” сохта шуда, дорои 1 ва 2 буда, хати партовпартоӣ насб ва лифти муосир дар хизмати сокинон қарор дорад.
Атрофи бино хуррамгардонӣ шуда, барои кӯдакон майдонча ва барои нақлиёти сокинон таваққуфгоҳ омода гардидааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *