Маориф

БУНЁДИ МУАССИСАИ НАВИ ТАЪЛИМӢ ДАР ҶАМОАТИ 10-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

print
Бо мақсади рушди соҳаи маориф ва беҳтарсозии шароити инфрасохтори соҳа сокинони ҷамоати 10-солагии Истиқлолият тасмим гирифтанд, ки бинои нави муассисаи таълимии рақами 80-ро бунёд намоянд. Дар ин даргоҳи илму маърифат корҳои сохтумони оғоз гардида, ҷараёни он бо саҳмгузории сокинон тариқи баргузории ҳашарҳои дастаҷамъона вусъати тоза мегирад. Аз рафти корҳои бунёди дар иншооти мазкур муовини раиси шаҳр Сайдамин Остоназода аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, ба масъулин дастур дод, то ки корҳои сохтмониро саривақт ва босифат ба анҷом расонанд.
Бинои нави муассиса дорои 8 синфхонаи таълимӣ буда, бо дарназардошти талаботи замони муосир мувофиқ ба стандарти руз бунёд мегардад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *