Сиёсати маорифпарварона ва ташаббусҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзодаро дар амал татбиқ намуда, фаъолони деҳаи Дурбеди Ҷамоати деҳоти Сешанбе сохтмони бинои нави таълимиро дар назди мактаби №79 бо эҳсоси баланди ватандорӣ идома дода истодаанд. Сокинони шарафманди деҳа нақша доранд, иншооти мазкурро , ки аз 2 ошёна ва 6 синхона иборат аст, дар оғози соли […]
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам зимни боздид аз шароити таҳсил дар МТМУ№38 бо хатмкунандагони муассисаи мазкур суҳбат баргузор намуд. Раиси шаҳр иброз дошт, ки дар партави сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат дар мамлакат ҷиҳати омӯзиши илму фан ва касбу ҳунар шароити мусоид фароҳам оварда шуда, ҳар як ҷаавонро мебояд ҷиҳати андӯхтани илму фан кӯшиш […]
Корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди МТМУ№93 дар деҳаи Файзбахши Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолияти шаҳри Турсунзода барои 624 ҷои нишаст муташаккилона идома дорад. Имрӯз зимни шиносоӣ бо рафти корҳо ба раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам иттилоъ дода шуд, ки насби тирезаҳои бино ба итмом расида, бинокорон ба корҳои пардозии дохили иншоот машғуланд. Ҳамзамон хатҳои барқгузар васл гардида, […]