Маориф Хабарҳо

ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТОМАКТАБИРО ТАҚВИЯТ БОЯД ДОД

Имрӯз бо мақсади шиносоӣ бо вазъи фаъолияти муассисаҳои томактабӣ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо масъулини шуъбаи маориф ва ҶСК “Насли наврас” аз як қатор кӯдакистонҳои шаҳр дидан намуданд. Нахуст бо вазъи муассисаҳои томактабии №№ 9, 11, 12,14, 16-и ҶСК “Насли наврас” ки дар тобеияти ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” қарор доранд, дидан намуданд. Зимни […]

Таҷлил Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ ИДИ САДА ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад. Имрӯз дар шаҳри Турсунзода Иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати зиёд таҷлил гардид. Намоишгоҳи идона, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол, гулу буттаҳо, тухмии зироати […]

Хабарҳо

ШАРҲИ ПАЁМ ВА ҚОНУНИ УҲДАДОРИИ ҲАРБӢ ВА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ

Дар толори мақомои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри ТУрсунзода таҳти раёсати муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Остоназода Сайдамин Ҳазрат ва иштироки масъулини прокуратураи ҳарбӣ, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва иштироки аҳли ҷамоатчигии шаҳри Турсунзода вохӯрӣ доир гардид. Дар ҷараёни вохӯрӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии […]

Аҳолӣ Комиссияи доимӣ

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ВОБАСТА БА ҚОНУНИГАРДОНИИ ДОРОИҲО

Комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо дар шаҳри Турсунзода дар доираи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт дар Ҷамоти деҳоти Қаратоғ, Сешанбе ва Работ доир намуд. Аз ҷониби аъзои комиссия вобаста ба қонунигардонии дороиҳо, намунаи шакли эъломия ва ариза, номгўи ҳуҷҷатҳои барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда, намунаи шаҳодатома […]

Вохӯри бо ҷамоат

ВОХӮРИ БО ФАЪОЛОНИ ҶАМОАТИ ДЕҲОТ

Дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият вохӯрии раиси тозатаъини ҷамоати деҳот Негматуллоева Умеда бо фаъолон, раисони кумитаи маҳал, директорони муассисаҳои таълимӣ ва имомохатибон баргузор шуд. Дар ҷараёни вохӯри паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат мавриди шарҳ қарор гирифта, таъкид шуд, ки паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳои моро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо […]

Маориф

ИДОМАИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МТМУ 93

Корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди МТМУ №93 воқеъ дар Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият муташаккилона идома дорад. Имрӯз муовини якуми раиси шаҳри Турсунзода Остоназода С.Ҳ ва раиси Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият Негматуллоева Умеда аз рафти ҷараёни корҳои созанда шинос шуданд. Аз ҷониби масъулини сохтмон маълумот пешниҳод гардид, ки дар корҳои дохили бино, насби дару тирезаҳо, иҳотаи ҳудуди […]

Экология

ХУРРАМГАРДОНИИ ШАҲР

Дар доираи татбиқи қарори дахлдори раиси шаҳри Турсунзода доир ба кабудизоркунӣ имрӯзҳо дар маркази шаҳр хуррамгардонии муҳити зист бо маром идома дорад. Имрӯз дар майдони Парчами давлатӣ аз ҷониби кормандони муассисаи манзилию коммуналии шаҳр беш аз 2 ҳазор бех гулҳои садбарг шинонида шуд. Кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зист вобаста ба риояи талаботи агротехникӣ доир ба […]

Эълонҳо

ЭЪЛОН

БА ТАВАҶҶУҲИ СОКИНОНИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА Дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикисттон аз 2 июли соли 2021, №1802 “Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2021, №327 “Дар бораи Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо, намунаи шакли эъломия ва ариза, номгӯи ҳуҷҷатҳои барои […]

Фаъолияти намояндагон

МУЛОҚОТИ ВАКИЛ БО ҶАВОНОН

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо ҷавонони фаъолои шаҳр баргузор шуд. Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, […]

Фаъолияти Шӯроъ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ШӮРОИ МИЛИИ КОР БО ҶАВОНОН

Имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иштироки вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ҷаласаи Шӯрои миллии кор бо ҷавонони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода баргузор шуд, ки дар он ду масъала- ахбори котиби Шӯро ва нақшаи Шӯро барои соли 2022 мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ибтидо котиби […]