Таҷлил Хабарҳо

ТАҶЛИЛИ ИДИ САДА ДАР ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

print
Сада аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав эҳё гардид ва ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода Иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати зиёд таҷлил гардид.
Намоишгоҳи идона, ки аз маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳол, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати марди деҳқон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хурокҳои миллӣ оро ёфт, боиси хушҳолии иштирокдорон гардид.
Намоишгоҳ фаровонии маҳсулот ва меҳнати содиқонаву софдилонаи кишоварзони шаҳри Турсунзода дарак медиҳад.
Зимни ибрози андеша аз тарафи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таъкид гардид, ки ҷашни Сада аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳору Наврӯз, инчунин, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.
Зикр гардид, ки соли 2021-ро кишоварзони Турсунзода бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намудаанд. Аз ҷумла дар соли сипаришуда, ба андозаи беш аз як миллиард сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол намудаанд, ки нисбат ба соли гузашта беш аз 200 млн зиёд мебошад.
Дар ин давра содироти маҳсулот ба хориҷи кишовар ба маротиб афзоиш ёфтааст. Аз шаҳр зиёда аз 29 ҳазор тонна маҳсулот аз ҷумла 24 ҳазор тонна ангур ба мамлакатҳои дуру наздик содир карда шуд. Ин нишондод назар ба як соли пеш 23 ҳазор тонна зиёд аст.
Фаъолону кишоварзон ва дигар сокинони шаҳри Турсунзода дар макони баргузории чорабинӣ гулхан афрухта, дар атрофи он аз шодиву хурсандӣ намуданд ва омодагии худро ба давраи муҳайё сохтани шароит барои кишту кори баҳорӣ собит доштанд.
Барномаи рангини аҳли санъату ҳунари шуъбаи фарҳанги шаҳр дар чорабини шукӯҳи дигар бахшид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *