Фаъолияти намояндагон

МУЛОҚОТИ ВАКИЛ БО ҶАВОНОН

print
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо ҷавонони фаъолои шаҳр баргузор шуд.
Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, яъне насли ояндасози миллат ва давлат дар сӣ соли соҳибистиқлолӣ тамоми шароиту имкониятҳои заруриро фароҳам овардааст.
Аз ҷумла Холмаҳмадзода Солеҳа бо пешниҳоди иқтибос аз паём илова намуд, ки тайи солҳои 2011–2020-ум дар кишвар қариб 3000 иншооти варзиш сохта шудааст. Аз шумораи умумии иншооти ба ифтихори 30–солагии истиқлоли давлатӣ сохташуда 23 фоизашро иншооти соҳаи варзиш ташкил медиҳад, ки ин натиҷаи таваҷҷуҳ ва ғамхории давлату Ҳукумат, пеш аз ҳама, ба наврасону ҷавонон мебошад.
Чунин пешравиҳо ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳри Турсунзода низ ба вуқуъ пайваста, дар қаламрави шаҳри 180 толору майдончаҳои варзишӣ фаъолият менамояд, ки бештари онҳо дар даврони соҳибистиқлолӣ сохта шудаанд.
Аз љумла таъкид шуд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллат, қувваи пешбарандаи ҷомеа ва захираи стратегии давлату Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб рафта, зери таваҷҷуҳи доимии муҳтарам Пешвои миллат қарор доранд. Сарвари давлат ба ҷавонони кишвар эътимоди хоса дошта, ҳар як ҷавони шаҳри Турсунзодаро мебояд сазовори ин боварӣ бошанд. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар як ҷавон хубу аъло хонда, соҳиби касбу ҳунар гардида, дар оянда ба Ватани азиз хизмати содиқона кардан аст-иброз дошт вакил.
Зимни шарҳи паём масъалаи иштироки фаъолонаи ҷавонон дар озмуну мусобиқоти ҷумҳуриявию байналмилалӣ таваҷҷуҳ ба омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ дақиқ, аз худ кардани касбу ҳунар ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ меҳвари асосии суҳбат гардид.
Дар интиҳои мулоқот ҷиҳати тақвияти кор дар самти татбиқи сиёсати давлатии тарбияи ҷавонон ва иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат суҳбати озод баргузор ва дархосут пешниҳодҳо баён шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *