Кишоварзони шаҳри Турсунзода бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созандаю бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминҳои корам ва майдони боғу токзорро самаранок истифода бурда, дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузошта истодаанд. Дар баробари таъмини бозори истеъмолии кишвар, деҳқонони шаҳр инчунин ҷиҳати ба содирот равона намудани маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан ангури шаҳдбору хушсифат ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дар 10 моҳи соли ҷорӣ ба Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон 13300 тонна навъҳои гуногуни ангур содирот гардид, ки ин нишондод дар ҷамъбасти соли 2020 дар маҷмуъ 6016 тоннаро ташкил медод, яъне танҳо дар 10 моҳи соли ҷорӣ содироти ангур дар шаҳр беш аз 200 фоиз афзоиш ёфтааст. Ҷиҳати беталаф нигоҳ доштани маҳсулот, таъмини бозори истеъмолӣ ва ба содирот равона кардани маҳсулот дар шаҳр зиёда аз 40 сардхона бо ғунҷоиши беш аз 10800 тонна мавҷуд аст. Соли ҷорӣ дар натиҷаи риояи талаботи агротехникии парвариши маҳсулот ва мусоид омадани обу ҳаво токзор ҳосили хуб дода, ҳанӯз дар токзор ва сардхонаҳо ҳосили ангур фаровон аст. Кишоварзон ният доранд, ки то охири соли ҷорӣ содироти ангурро то ба 20000 тонна расонида, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои муҳтарам Пешвои миллат дар самти афзоиши маҳсулоти содиротӣ саҳми худро гузоранд. Дар парвариш ва содироти ангури хушсифат хочагиҳои соҳибтаҷриба, аз ҷумла “Боғи Сомон” , “Ватан” ва “Ҳоҷӣ Неъмат” саҳмибештар дошта, дар майдони токзори хоҷагиҳои мазкур беш аз 10 навъи ангур павариш меёбад, ки дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир буда, ба сидорот нигаронида шудааст.
Сабтҳои охирин
НАҚША 114,5 ФОИЗ ИҶРО – ҲОСИЛ ФАРОВОН АСТ
Кооперативи истеҳсолию тиҷоратии “Самир” аз хоҷагиҳои пешқадами кишоварзии шаҳри Турсунзода ба ҳисоб рафта, деҳқонони хоҷагӣ баробари парвариши дигар намуди зироатҳо соли ҷорӣ дар парвариш ва руёнидани ҳосили фаровони пахта низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардиданд. Зимни суҳбат раиси хоҷагӣ Шавкат Холов иттилоъ дод, ки хоҷагии дар 170 га замин пунбадона кишт карда, то имрӯз беш […]
ҶАМЪОВАРИИ ҲОСИЛИ ПАХТА ОҒОЗ ШУД
Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода Раҷаббой аз рафти корҳои саҳроӣ ва ҷамъоварии ҳосил дар ҶСК «Хақиқат» шинос шуда, ҳамзамон бо дуои пирони рӯзгор, кишоварзони пешқадам ва собиқадорони соҳаи кишоварзӣ ба маъракаи ҷамъоварии ҳосили пахта расман оғоз бахшид. Раиси шаҳр иброз дошт, ки соли равон новобаста аз боришҳои пай дар […]
САҲМГУЗОРӢ ДАР ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ
Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии “Ҷамолиддин 2006” дидан намуда, бо рафти ҷамъоварии дастранҷи деҳқон шиносоӣ пайдо намуд. Масъулини хоҷагӣ иттилоъ манзур намуданд, ки заминҳои хоҷагорӣ аз 4 га иборат буда, дар он парвариши сабзавот, пахта, ғалла ва боғу токпарварӣ ба роҳ монда шудааст. Соли ҷорӣ хоҷагидорон дар 0,25 гектар замин […]