Экология

АНДЕШИДАНИ ТАДБИРҲОИ ЭКОЛОГӢ

print

Дар шаҳри  Турсунзода вобаста ба буриши санитарии гулҳои мавзеъҳои кабудизори шоҳроҳ ва омода намудани қаламчаи гули садбарг барои мавсими нави кабудизоркунӣ, тибқи талаботи агротехникӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз гардид.

Мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр аз мавзеъҳои гулкорӣ дидан намуда, ба масъулин  доир   ба  тарзи омода намудани замин, буридани гулҳо ва бехи қаламча корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Љиҳати банақшагирии кабудизоркунӣ дар мавсими нави хуррамгардонии  соли 2021-2022 ва омода намудани қитъаҳои нав корбарӣ ҷараён  дорад.

Ҳамчунин дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳо  аксияи “Тозагии роҳ” баргузор шуда, сокинони маҳал, кормандони идораву ташкилот ва муассисаҳои ҳудуди деҳот ба ҳашар баромада, шафати роҳро аз партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ тоза намуданд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *