Территория

ПАЙРАВӢ БА ИҚДОМИ СОЗАНДА ҶИҲАТИ РУШДИ МАҲАЛ

print
Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҷиҳати татбиқи пайкори созандаи муҳтарам Пешвои миллат доир ба ободонӣ ва рушди маҳал дар деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов ва деҳоти Турсун Тӯйчиев корҳои созанда вобаста ба таъмиру тармими роҳу ҷуйборҳо, чароғонкуниву кабудизоркунӣ вусъат гирифт. Ба ин иқдоми созанда ҷавонмардони саховатманд ва сокинони бонангу ори ҷамоати деҳоти Регар низ пайравӣ намуда, тавассути ҳашарҳои дастаҷамъона корҳои созандаро вобаста ба рушди маҳал вусъат доданд.
Хусусан, имрӯзҳо деҳаи Шаҳрисабз ба майдони корҳои созанда табдил ёфтааст. Саховатмандону сокинон бо эҳсоси баланди ватандорӣ барои ободонии маҳал камари ҳиммат баста, ба таъмиру тармими роҳу ҷӯйборҳо машғуланд. Ҳамзамон тоза намудани муҳити зист, чароғонкуниву хуррамгардонӣ дар деҳот муташаккилона идома дорад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *