Экология

РИОЯИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ

print
Дар шаҳри Турсунзода ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон муташаккилона идома дорад. Хусусан, имрӯзҳо дар заминҳои шоликорӣ, майдони пахтазор ва токзор кор дар авҷ аст. Бо мақсади дар доираи маърифати экологӣ ва риояи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» иҷро намудани корҳои саҳроӣ мутахассисони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода бо хоҷагидорон, ронандагони нақлиёти кишоварзӣ ва кормандони мавсимӣ суҳбат ва корҳои фаҳмондадиҳиро баргузолр намуданд.
Зимни баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ таваҷҷувҳи асосӣ ба масъалаҳои риояи кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *