Ба ҳамагон маълум аст, ки Тоҷикистони азизамон дар тӯли даврони соҳибистиқлолӣ рӯз аз рӯз ободу зебо мегардад. Дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор аст. Аз ин ҷиҳат, корҳои созандагию бунёдкорӣ пайваста авҷи тоза гирифта истода, дар баробари ғановати моддӣ, фазои маънавии мардуми кишварамон низ беш аз пеш афзун мегардад.
Метавон гуфт, ки ин дастовардҳоро мардуми тоҷикистонӣ дар идомаи тай намудани роҳи соҳибистиқлолӣ бо талошҳои шабонарӯзии Сарвари давлати тоҷикон, Президенти ғамхори мо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидаанд.
Меҳмони хориҷи кишвар, ки 29 сол қабл ба кишвари мо меҳмон шуда буданд, бо дидани роҳҳои нави мутобиқ бо меъёрҳои ҷаҳонӣ, кӯпрукҳо, биноҳои баландошёна, гулгашту хиёбонҳои рӯзона бо бӯйи гулҳо муаттар ва шабона фурӯзон имрӯз симои Тоҷикистонро дар сатҳи меъёрҳои шаҳрдории ҷаҳонӣ мебинанд. Мардуми олам, агар 29 сол қабл ба рӯзгори мардуми мо бо тараҳҳум менигаристанд, имрӯз ба ояндаи рахшону умедбахши мо – тоҷикистониён эътимод карда, барои рушди кишварамон сармоягузорӣ менамоянд. Бо ин ҳама cоҳибиқболӣ, боз моро чӣ лозим аст? Танҳо лозим аст, ки ба қадри ин дастовардҳо бирасему бо шукргузориҳо кору пайкори созандаи худро пайваста идома диҳем.
Бояд қайд кард, ки баъди ноил шудан ба истиқлолияти давлатӣ ҳаёти халқи тоҷик маҷрои тоза гирифта, андешаи миллӣ бар пояи асолатҳои таърихӣ ва арзишҳои анъанавӣ рушди фарогир ёфт. Робитаҳои миллати тоҷик бо аҳли ҷаҳон, шиносоӣ ва бархурдории вай аз арзишҳои умумибашарӣ афзуд.
Онҳое, ки ҳодисаҳои солҳои навадумро дар хотир доранд, ба қадри истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ мерасанд. Мо бояд ҷавононро аз он рӯзҳои барои миллати мо талх огоҳ кунем. Ҳеҷ касс ҳақ надорад таърихи халқи худро фаромӯш кунад: солҳои ҷангу нооромӣ, гуруснагӣ, рӯзҳое, ки бародар муқобили бародар силоҳ бардошт, даврае, ки писар душмани падар гашт. Бадхоҳони миллат тавонистанд, ки моро ба гуруҳҳо ҷудо намуда, муқобили якдигар барангезонанд. Ин барои миллати тоҷик дарси ибрат аст. Бовар дорам дигар моро наметавон фиреб дод.
Имрӯз баъзе ҳизбу ҳаракатҳое ба назар мерасанд, ки ҷавононро гумроҳ намуда, мехоҳанд бори дигар моро ба вартаи ҷудоӣ ва тафриқа андозанд. Гуруҳҳое ҳатто бо истифода аз номи Ислом имрӯз чандин давлатҳои исломиро ба оташи ҷанг кашида, боиси қатлу ғорат, харобиҳои мулки обод ҳам гашта истодаанд. Бояд гуфт, ки дини поки Ислом ҳаргиз аз ҷузъи сиёсат набуд ва ҳоҷат ба таъсиси ҳизберо надорад. Ислом дар ҳар давру замон тарғибгари сулҳу субот, амалҳои хайру раҳм ва ободкориҳо буду ҳаст. Дин дигарасту сиёсат дигар аст. Ҳаргиз динро набояд бо сиёсат омехт. Гуруҳҳои ғаразхоҳ номи Исломро танҳо ба хотири ба сари ҳокимият омадан истифода мекунанду халос. Бо дарназардошти вазъи сиёсии ҷаҳон, ки дар маркази даргириҳои ҷангӣ давлатҳои исломӣ қарор доранд, ҳамчун шаҳрванди тоҷикистонӣ, ки аксари мардуми кишварамон аз ин дини мубин пайравӣ доранд, наметавон ба фазои сиёсӣ бетафовут назар кунем.
Коршиносон дар ин маврид якчанд омилҳоро номбар мекунанд. Аввалан, имрӯз ҳама медонем, ки гуруҳҳои алоҳидаи ғаразнок ва қувваҳои манфиатҷӯ мехоҳанд, ба василаи дин ба шуури динии мардум, бахусус, мо ҷавонон таъсир расонида, ваҳдати миллии моро барҳам зананд, ба осоишу амнияти мо халал ворид созанд ва тухми нифоқу парокандагиро коранд. Хусусан, ҷавонони мо, ки ҳоло ба маънои аслии зиндагӣ сарфаҳм намераванд, зуд ба доми мубаллиғони гуруҳҳои ғаразноки ифротӣ меафтанд, ҳаёти худро ба хотири як лаҳзаи дилхушӣ зери хатар меандозанд.
Бештар он ҷавононе ба доми мубаллиғон меафтанд, ки ҳолати равонии онҳо ноустувор аст. Шояд ин ҷавонон дар зиндагӣ мушкилоти иқтисодӣ ва ё садамаҳои равонӣ дида бошанд. Чунин ҷавонон асосан аз миёни фарзандони оилаҳои ноустувор пайдо мешаванд. Чунин ҷавонон аксаран танқисии моддӣ дошта, бо ваъдаҳои пуливу молӣ ва сухани хуши мубаллиғон зуд фирефта мешаванд ва таҳти таъсири гуруҳҳои ғаразхоҳ қарор мегиранд. Ҳастанд ҷавонони фиребхӯрдае, ки дар оилаҳои хуб тарбия гирифтаву соҳиби маълумоти олӣ ҳам ҳастанд. Чунин ҷавонон асосан тавассути шабакаҳои интернетӣ ба доми мубаллиғон гирифтор ва мағзшӯӣ карда мешаванд.
Бо он, ки мо ин омилҳоро медонем, бояд барои гумроҳ нагаштани мардум ва алалхусус, ҷавононамон аз тарафи бадхоҳони миллат ҳама роҳу василаҳоро истифода барем. Моро зарур аст, ки ба равиши зиндагии насли наврас, ба хусус онҳое, ки аз оилаҳои носолиманд, эътибори ҷиддӣ диҳем, шароити шоистаи зиндагиро барояшон муҳайё созем. Ба ҷавонон қадри зиндагии осоиштаро фаҳмонем. Онҳоро огоҳ созем, ки ифротгароӣ ба нооромӣ, қатлу куштор оварда мерасонад. Ҷавонон бояд дарк кунанд, ки таблиғоти гуруҳҳои экстремистӣ ва террористӣ пурра дурӯғ буда, ҳадафи онҳо ғаразҳои сиёсӣ мебошад, на хайрхоҳӣ ба дини Ислому мусулмонон.
Бояд дар хотир дошта бошем, ки қонуни асосии кишварамон-Конститутсия ба шаҳрвандони мо дар интихоби дин ва мазҳаб озодӣ додаст ва табиист, ки мо ба арзишҳои дини мубини Ислом, ки бахши азими шаҳрвандони мо бар он муътақиданд ва бо таърихи рушди кишвари мо иртиботи ногусастанӣ дорад, арҷ мегузорем. Мо ҷонибдори Ислом ва мазҳаби суннатӣ буда, ҳама гунна мазҳабу гурӯҳ ва равияҳои ғайрисуннатиро, ки бо ғаразҳои сиёсиву иртиҷоӣ (экстремистӣ) алоқамандӣ доранд ва ба вайрон намудани қонунҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ даст мезананд, маҳкум менамоем.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, новобаста аз он, ки навзод, ҷавон, пир, зан ё мард, новобаста аз мансубияти динию миллӣ бойигарии асосии давлат ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ин ҳикматро Савари давлатамон ва Хукумати кишвар дарк намуда, бо амалӣ намудани тадбирҳои судманд муваффақ ба он гардиданд, ки ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон сарпарастӣ ва дастгирии давлатро эҳсос намояд. Зеро барои Роҳбари давлат ва Ҳукумати кишвар нигаҳдорӣ ва пойдории Тоҷикистон, амнияту оромии ҷомеа ва зиндагии шоистаи ҳар як тоҷикистонӣ муҳимтарин вазифа маҳсуб мегардад. Сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Сарвари давлат пайваста ба рушди минбаъдаи кишвар равона гардидааст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ин принсип ва сиёсати давлатиро дар самти рушду такомули давлату давлатдорӣ дар паёми имсолаи худ низ таъкид намудаанд. Мардуми кишвар бо фаросат дармеёбад, ки силсилапаёмҳои солҳои охир ва фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодати наздик будани ҳукумати феълӣ, парлумони фаъолияткунанда ва албатта худи Президент бо мардум аст, ки ин асоси ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ мебошад. Аз ин нигоҳ, мардуми кишвар соҳибиқболанд, ки соҳибистиқлоланду Роҳбари роҳнамо ва давлати ғамхор доранд.
Нарзулло МУСАЕВ,
сармутахассиси дин, танзими
анъана ва ҷашну маросими
ҷамоати деҳоти Работи
шаҳри Турсунзода.