Экология

БАРГУЗОРИИ АКСИЯҲОИ “ТОЗАГИИ СОҲИЛ” ВА “ТОЗАГИИ МАҲАЛ”

print
Имрӯз дар шаҳри Турсунзода дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва тадбирҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30-солагии Иҷлосияи 16 Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин беҳтар намудани вазъи экологии муҳити зист, тоза нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ, соҳили дарё ва канори каналу ҷӯйборҳо ва ҷалби шаҳрвандон дар чорабиниҳои экологӣ Аксияҳои тозагии соҳил ва тозагии маҳал дар шаҳри Турсунзода баргузор гардид.
Тибқи маълумоти сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр Маҳмадализода Шарофиддин корҳои тозакорӣ бо иштироки беш аз 1000 нафар намояндагони корхонаву ташкилот, муассисаҳо, хоҷагиҳои фермериву ҷамоавӣ ва сокинони маҳал дар соҳили дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент, ва атрофи биноҳои маъмуриву кӯча ва деҳот гузаронида шуд.
Дар натиҷа партовҳои аз соҳили дарёву каналҳо ва атрофи кӯчаву маҳал ва биноҳои маъмурӣ ҷамъоварӣ ва ба партовгоҳи беруназшаҳрӣ бароварда шуд.
Зарфу ашёи полиэтилении ҷамъгардида барои коркарди дубора ба коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ супорида шуд.
Баргузории чорабиниҳои экологӣ дар баробари тоза гардидани муҳити зист ва соҳили дарёву манбаъҳои обӣ, инчунин дар баланд бардоштани маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинии сокинони мусоидат менамояд

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *