Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеъа ва баргузории муоинаи сокинон дар доираи татбиқи амри раиси шаҳри Турсунзода аз 7 январи соли 2020, №2 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода» дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, Пахтаобод ва Регар чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратии корвони саломатӣ гузаронида шуд. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин чорабинӣ гурӯҳи мутахассисони шаҳрӣ, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ултрасадо ва нақлиёти сайёри тиббӣ сафарбар карда шуд. Инчунин дар нақлиёти тиббӣ таҷҳҳизоти баландгӯяк насб гардида, вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО, гепатитҳо, зардпарвин, сил, зуком ва ғайраҳо маърӯзаҳои фаҳмондадиҳӣ пахш гардида, инчунин моҳияти шири модар ва ширмаконӣ ба кӯдакон мавриди шарҳ қарор дода шуд. Давоми 10 рӯз корвони саломатӣ дар деҳаҳо беморони барҷомонда, маъюбон, иштирокчиёни ҷангу меҳнат, нтернатсионалистҳо, чернобилчиён, шахсони муътабар ва дигар нгиёзмандонро хона ба хона хабар гирифта, муоина ва машварати тиббӣ гузарониданд. Ҳамзамон дар марказҳо, бунгоҳҳо ва хонаҳои саломатии деҳавӣ тавассути дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ тақриби 8000 нафар сокинон ройгон ба муоинаю ташхис фаро гирифта шуда, ба беморони дарёфтгардида тавсияҳо барои табобат фармуда шуд. Чорабинии мазкур дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр гузаронида мешавад. Менедҷери КАТС –и шаҳри Турсунзода Растамов Шарофиддин
Сабтҳои охирин
ИФТИТОҲИ БУНГОҲИ ТИББӢ ДАР ДЕҲАИ БОҒБОН
Имрӯз дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Боғбони Ҷамоати деҳоти Сешанбеи шаҳри Турсунзода бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Паривиз Акрам , сокинони деҳа ва кормандони соҳаи тиб .бунгоҳи тиббии деҳавӣ маврди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Бунгоҳ барои хизматрасонӣ барои беш аз 1600 нафар аҳолии деҳа […]
ИҚТИБОСҲО АЗ ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ.
“Тайи 30 соли истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард. Соли 1990 дар Тоҷикистон 2860 муассисаи тиббӣ бо 52800 нафар корманд фаъолият дошт. Ҳоло […]
АЗНАВСОЗИИ БИНОИ НАВИ ТАЪЛИМИИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ
Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, яке аз бахшҳои муҳим ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, бо мақсади рушди соҳа ба масъалаи тарбияи мутахассисони миёнаи касбии самти тандурустӣ аҳамияти ҷиддӣ равона мегардад. Дар доираи тадбирҳои созанда ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи […]