Таҷлил

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА

print
Таҷлили ҷашни Садаро дар шаҳри Турсунзода тариқи саҳифаи ютубии зерини тамошо  кунед https://www.youtube.com/channel/UCnsTyeC110pW_CCAan4sCnA 

Сада аз ҷашнҳои  қадимтарини мардуми ориёинажод буда, ,бо шарофати истиқлолияти давлатӣ аз нав эҳё гардида, дар саросари кишвар  бо шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад.

Аз маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки  Сада дорои таърихи беш аз 5 ҳазорсола буда, Ҳушанг аввалин подшоҳест, ки иди Садаро ҷашн гирифтааст.

Дар шаҳри Турсунзода Иди Сада бо риояи суннатҳои аҷдодӣ ва шукуҳу шаҳомати зиёд таҷлил гардид. Намоишгоҳи идона бо маҳсулоти кишоварзӣ, ниҳолҳо, гулу буттаҳо, тухмии зироати кишоварзӣ, олоти меҳнати марди деҳқон, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва анвои гуногуни хурокҳои миллӣ оро гардида буд.

Дар чорабинӣ раиси шаҳри Турсунзода Абдуқодир Вализода баромад намуда, иброз дошт, киҷашни Сада аз ҷовидонии хуршеди оламтоб башорат дода, ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дигар корҳои кишоварзӣ мебошад.

-Итминони комил дорам, ки  кишоварзони шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба корҳои саҳроӣ, об додану нигоҳубин кардани заминҳои кишт, ниҳолшинонӣ, бунёди боғҳои нав ва сарсабзу зебо гардонидани муҳити зист мароқи ҷиддӣ зоҳир менаоянд, илова намуд раисии  шаҳр.

Дар чорабинӣ гулхан- рамзии иди Сада ва ҳалабаи гармӣ ба сардӣ ифода меёбад, барафрохта шуда, ҳунармандон бо  савту тарона, ва раксҳои ҷолиб ба чорабинӣ шукуҳи тозаи идона бахшиданд.

 КОТИБИ МАТБУОТИ РАИСИ ШАҲР

,

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *