Бо мақсади пешгирии беморшавии аҳолӣ, баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеъа ва баргузории муоинаи сокинон дар доираи татбиқи амри раиси шаҳри Турсунзода аз 7 январи соли 2020, №2 «Дар бораи ташкил ва гузаронидани рӯзҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар ҷамоатҳои деҳот ва қитъаҳои истифодабарии манзилҳои шаҳри Турсунзода» дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов, Пахтаобод ва Регар чорабинии марказонидашудаи тиббию машваратии корвони саломатӣ гузаронида шуд. Ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ анҷом додани ин чорабинӣ гурӯҳи мутахассисони шаҳрӣ, дастгоҳҳои сабти барқии дил, ултрасадо ва нақлиёти сайёри тиббӣ сафарбар карда шуд. Инчунин дар нақлиёти тиббӣ таҷҳҳизоти баландгӯяк насб гардида, вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ аз қабили ВНМО, гепатитҳо, зардпарвин, сил, зуком ва ғайраҳо маърӯзаҳои фаҳмондадиҳӣ пахш гардида, инчунин моҳияти шири модар ва ширмаконӣ ба кӯдакон мавриди шарҳ қарор дода шуд. Давоми 10 рӯз корвони саломатӣ дар деҳаҳо беморони барҷомонда, маъюбон, иштирокчиёни ҷангу меҳнат, нтернатсионалистҳо, чернобилчиён, шахсони муътабар ва дигар нгиёзмандонро хона ба хона хабар гирифта, муоина ва машварати тиббӣ гузарониданд. Ҳамзамон дар марказҳо, бунгоҳҳо ва хонаҳои саломатии деҳавӣ тавассути дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири тиббӣ тақриби 8000 нафар сокинон ройгон ба муоинаю ташхис фаро гирифта шуда, ба беморони дарёфтгардида тавсияҳо барои табобат фармуда шуд. Чорабинии мазкур дар ҳудуди дигар ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр гузаронида мешавад. Менедҷери КАТС –и шаҳри Турсунзода Растамов Шарофиддин
Сабтҳои охирин
ВОХӮРӢ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ҲОШИЯИ ПАЁМ
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи паём ба Маҷлиси Олии мамлакат баён гардиданд, вохӯрии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳр доир гардид. Раиси шаҳр иброз доштанд, ки соҳаи тандурӯстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таҳти таваҷҷуҳи доими Ҳукумати кишвар қарор дошта, ҷиҳати рушди соҳа ва таъмини […]
АЁДАТИ ХОНАВОДАИ МАЪЮБ
Дар партави сиёсати инсонпарварони муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати дастгириву ғамхорӣ ба маъюбону ниёзмандон имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам оилаи Ашуров Одил ва Бойботтаева Нигораро, ки бо амри тақдир аз биноӣ оҷизанд, аёдат намуданд. Ҷиҳати дастгирии хонадони мазкур , ки тарбияи се фарзанди дӯстрӯро ба зимма доранд кӯмаки моддӣ расонида шуд.
ДАСТОВАРДҲОИ СОҲАИ ТАНДУРУСТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ДАР СОҲОИ 2017-2019
Маъмурияти Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода ба маълумоти Шумо мерасонад, ки барои дар сатҳи баланд нигоҳ доштани саломатии аҳолӣ дар шаҳр дар давоми се соли охир 4 клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ бо 75 кати хоб, 1 маркази саломатии деҳавӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ аз нав сохта шуда, ба мизоҷон хизмат расонида истодаанд. Дар шаҳр 6 беморхонаҳои […]