Хабари бозгашти беш аз 80 нафар пайвандони нафаронеро, ки аз хони миллату давлат намаку нони ширинро чашида, ба он ба мисли осиён туф карда буданд, ба сарзамини аҷдодӣ маро ба андеша водорам сохт. Манзарае ёдам омад, ки ҳамон филми тасвирии «Бозгашти тӯтии роҳгумзада» («Возвращение блудного попугая»)-и даврони шӯравиро мемонд. Бале ин бозгашт ҳамон бозгашти тӯтиёни раҳгумзада аст… «Тӯтиён»-е, ки фирефтаи лофи наҳзатиён ёди Боғи Ирам доштанд… «Тӯтиён»-е, ки нодониста, бар доми бадомафтодагони наҳзатӣ афтода буданд… «Тӯтиён»-е, ки аз ин мардумфиребии наҳзатиён ҳатто чӯҷаҳои маъсуми худро ба доми каргасони лошахур водохта буданд… «Тӯтиён»-е, ки бо мағзи пучи каллаи кӯчаки худ ва «роҳнамоии» наҳзатиҳои сарқутхӯри хони хоҷагони аҷнабиашон мехостанд бар лонаи дар қуллаҳои осмоншикоф гузоштаи уқоби тезчанголу дурбин санг андозанд… «Тӯтиён»-е, ки ба мисоли ҳамон тӯтии раҳгумзадаи филми тасвирии шӯравӣ дони серии хони густурда ва шодиву нишоти фазои осударо нодида гирифтанд… Таассуф, ки надонистанду нафаҳмиданд. Надонистанд, ки он наҳзатиҳо таҳти роҳбарии Кабирии сағир танҳо ба як узви (узр аз хонандаи азиз, лек аъмоли наҳзатӣ бо роҳбарии Кабирии сағирӣ танҳо ҳамин ҳолатро мемонаду халос) хоҷаи аҷнабиашон хок молида, метавонанду аз ин корашон пораи устухонеро аз дастурхони хоҷа барои лесидану макидан туҳфа мегиранду бо ин дигаронро фирефтаи доми пур аз панири фаронсавӣ мекунанд. Нафаҳмиданд, ки барошон аз ваъдаҳои Кабирии сағир боқӣ мондани ҳамон пораи устухони лесида низ насиб намекунад… Боз ёд оварданд аз донҳои серу пури хони поки Ватан. Фаҳмиданд, ки ваъдаи Сағирӣ сирф дуруғ будаасту фиреб. Фаҳмиданд, ки дар устухони ваъдакардаи Сағирӣ на танҳо пораи гӯшт, ҳатто аз макиданҳои Сағирӣ маза ҳам намондааст. Дарк карданд, ки Сағирӣ пораҳои устухонро ба мисли саг зери хок пинҳон кардаасту барои рӯзи мабодои худ ҷамъ оварда… Ҳамин тавр боз ёди Ватан карданд. Ватан бо ин бузургиву саховатмандии Сарвари хирадмандаш боз мебахшад онҳоро. Дон аз хони покаш медиҳад. Пораи хоки покашро сарпаноҳ медиҳад. Мегузорад, ки нафас озод бигиранд. Мегузорад, ки луқма аз гулуяшон озод бигзарад. Мегузорад, ки хоби нозашон бибарад… Ҳошо, ки ин бузургиву саховатмандӣ барои ин «тӯтиҳо»-и раҳгумзада шоёни ибрат бошад. Кош сидқан шукр кунанду тавба. Шояд, ки тавбаашон қабул гардад. Хуб таҷриба нишон дод, ки ин гуруҳи раҳгумзада ҳамон «гуруҳи калаванда»-е ҳастанд, ки В. И. Ленин дар бобаташон дар асарҳои худ муфассал гуфта буд. Ва шояд, ки амсоли ин калавандаҳо дар ҷомеаи мо бошанд. Ин гуруҳе аст, ки мақоли «Гур сӯзаду дег ҷӯшад» ё «Хонаи ман дар канор аст» (аз мақоли русии «Моя хата с краю»)-ро шиори манфури зиндагии худ донистаанд. Ана ҳаминро мо бояд донем. Донему аз аъмоли номатлуби онҳо бохабар бошем. Эътиноро фаромӯш насозем. Чунки беэътиноӣ баробар аст ба бешарафӣ ва беимонӣ. Агар ҳамин тавр мебуду мешуд ана ҳамон «тӯтиён» фирефтаи сағириҳо намешуданд ва раҳгум намезаданд… Боқӣ вассалом.
Сабтҳои охирин
Таснифоти ҳолатҳои фавқулодда
Ҳамасола дар саросари давлатҳои пешрафтаи курраи замин аз он ҷумла, Ҷӯмҳурии Тоҷикистон 13 октябр Рӯзи байналмиллалии паст кардани хавфи офатҳои табииро ҷашнгирифта, як катор чорабиниҳоро дар самти ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ гузаронида мешавад. Ҳамасола тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистоназ 31 августи соли 2009 №490 «Дар бораи тасдиқи […]
ИСТИҚЛОЛИЯТ ҒОЯИ МУҚАДДАСУ МИЛЛИИ МОСТ
Мафҳуми Истиқлолият имрӯз барои ҳар фарди тоҷикистонӣ ҳаммаъно бо нафаси тозаи зиндагӣ, амонӣ ва осоиштагии рӯзгорашон арзиш дорад. Зеро Истиқлолияти давлатӣ дар ҳақиқат, на танҳо асоси оромиву осудагии халқ, балки кафолати инкишофи давлат ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи мо гардид. Имрӯз бо файзи соҳибистиқлолӣ дар кишварамон сулҳу озодӣ, ваҳдату ягонагии том пойдор асту […]
ТАБИАТИ ИНСОН, АСОСҲОИ АХЛОҚИВУ РАВОНИИ КИРДОРИ ҶИНОЯТӢ, ВОБАСТАГИИ ҶИНОЯТ АЗ ҶАҲОНБИНӢ»
Дар шаҳри Турсунзода директори Маркази антропологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои фалсафа Муҳаммадалӣ Музаффар бо намояндагони касбу кори гуногун вохӯрӣ баргузор намуда, дар мавзӯи «ТАБИАТИ ИНСОН, АСОСҲОИ АХЛОҚИВУ РАВОНИИ КИРДОРИ ҶИНОЯТӢ, ВОБАСТАГИИ ҶИНОЯТ АЗ ҶАҲОНБИНӢ» маърӯза намуд. Зимни маърӯза қайд шуд, ки омӯзиши антропологияи инсон омили тарбияи инсони комил буда, даст ба ҷиноят задани […]