Нуқтаи назар

ШОДӢ, ИФТИХОР ВА ҲАЯҶОНИ ПАДАР-АЗ ХИЗМАТИ ШОИСТАИ ПИСАР

print
омаи БЕҲДИЛОВ МИРЗОАЛӢ, сокини шаҳри Трсунзода, Ҷамоати деҳоти Работ, деҳаи Ширкент ба писари сарбозаш сержанти хурди қисми ҳарбии 87740 АҲРОРОВ УСМОНАЛӢ МИРЗОАЛИЕВИЧ
Салом, шерписари падар, сарбози Ватан сержанти хурд дар қисми низомии 87740 УСМОНАЛӢ!
Имрӯз 19 сентяби соли 2020 барои ман яке аз хушбахттарин рӯзҳои зиндагӣ ба ҳисоб меравад. Зеро барои хизмати шоиста, тарбияи хуб, ҳушёрию далерии ту дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Шералӣ Мирзо НОМАИ МИННАТДОРӢ унвони ман расида, дар фазои тантавӣ супорида шуд.
Медонӣ, паҳлавони падар, вақте ман ба майдон барои гирифтани НОМАИ МИННАТДОРӢ баромадам, шодиву ҳаяҷон ва ифтихори ман беинтиҳо буд, эҳсосоти гуворое қалби маро пахш намуд, ки барои тасаввури он қалам оҷиз аст. Он лаҳза садои диламро мешунидам ва кафкубиҳоро… Медонӣ писарам УСМОНАЛӢ, чӣ қадар ифтихорам беинтиҳо буд…
Шукри Худованди бузург ва шукронаи сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Пешвои миллатро мекунам, ки Вватани азизи мо тинҷу обод аст. Фарзандони мо дар шароити хубу мусоид дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ қарзи имонӣ, фарзандӣ ва шаҳрвандиро дар назди Ватан адо менамоянд.
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи пуршараф ва кори мардони ҳақиқӣ буда, Ватан дар симои ту ҳимоятгари ҳақиқиро мебинад.
Усмоналӣ, фарзанди азиз! Ин боварии Ватанро доим сазовор буда, хизматро содиқонаву софдилона бо масъулияти баланд ва ҳушёрию далерӣ идома дода , номбардору ҳимоятгари содиқи Ватан бош!
Ба афсарону ҳайати шахсии қисми низомии 87740, ки ба фарзанди ман АҲРОРОВ УСМОНАЛӢ МИРЗОАЛИЕВИЧ
дарси мардонагӣ, дӯст доштани Ватан ва хизмати содиқа ба марзу буми муқаддасро омӯхтаанд, арзи сипос менамоям. Зеро барои сазовор гардидани ман ба ин МИННАТДОРИИ ВАЗИРИ МУДОФИАИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН саҳми Шумо низ шоистаи таҳсин ва таҳният аст.
.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *