Нуқтаи назар

ҶОЙИ ИФРОТИЁН ДАР ПАРТОВГОҲИ ТАЪРИХ

print

         Кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон сол то сол обод ва сатҳи некуаҳволии халқ беҳбуд ёфта, зиндагӣ мазмуну мундариҷаи тоза пайдо мекунад. Дар мисоли шаҳри Турсунзода зикр кардан мумкин аст, ки рушду пешрафт қонуни ҳаёти осудаҳолонаи мо гардидааст. Чунончи, дастовардҳои меҳнатии аҳли заҳмати шаҳр дар муддати чор моҳи сипаридаи соли равон гувоҳи ин маънӣ мебошад. Рушди бемайлони соҳаи иқтисоди шаҳр, дар баробари тараққӣ кардани соҳаҳои дигари он, хушбинии моро ба ояндаи шукуфо афзун мегардонад.

         Комёбию пешравиҳои мо дар замони соҳибистиқлолӣ ба чашми нохалафони Давлати тоҷикон чун хору мисли корд мехалад. Ва онҳо ҳама роҳу воситаро истифода карда, мехоҳанд, ки давлатдории навини моро бадном карда, нагузоранд, то тоҷики соҳибдавлат бо сарбаландӣ ва ифтихор аз Ватани хеш ба рӯйи оламиён нигарад.

         Дур намеравем. Ҳамин ҳодисаи нангини чанд рӯз пеш (шаби аз 19-ум ба 20-уми май) дар Муассисаи ислоҳии 3/2, маъруф ба «Кирпичний», рӯйдодаро ба ёд меоварем. Бадхоҳони кишвари мо дар симои ифротиёни ДОИШ ва думравони он ба аъмоли ноҷавонмардона даст зада, дар айёми авҷи моҳи шарифи Рамазон ноҳақ хуни инсонҳо рехтанд. Дақиқтар бигӯям, бори дигар сирати аслии худро ба намойиш гузоштанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон қаблан ҳам кӣ будани онҳоро медонистанд. Вале ин бор ваҳшонияти каснодиду гӯшношуниди онҳо роҳгумзадаҳои моро ҳушёртар мекунад, ки қадам дониста зананд ва аз ҳар гуна майлу таваҷҷуҳ ба ҳаракату ташкилотҳои тундраву ифротию экстремистӣ парҳез намоянд.

         Дар макони адои ҷазо даст ба ошӯб зада, балвогарӣ кардан, касони бетарафӣ зоҳиркарда ва алайҳи ошӯб баромадаро бераҳмона ба қатл расонидан разолатест, ки танҳо аз дасти ДОИШ-иён ва думравони онҳо меояд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ба хубӣ медонанд, ки пайравони «Давлати исломӣ» ғайри зиёну зарар расонидан дигар ҳунаре надоранд. Онҳоро ба ободию созандагӣ коре нест. Харобкорӣ, рӯоварӣ ба ҷаҳолати асримиёнагӣ ба рагу пайванду хуни онҳо нишастааст. Тайи чанд соли охир аҳли Сайёра борҳо шоҳиди бевоситаи сияҳкориҳои ин тӯдаи ба ном «исломӣ» буданд. Натиҷаи он бадбахтиҳои зиёд ва  дучори марг шудани мардуми зиёде гашт, ки набояд такрор шавад.

         Амалу кирдори фашистмаоби онҳоро кулли мардуми шарафманди шаҳри Турсунзода маҳкум мекунанд ва аз ҷавоби муносиби мақомоти дахлдор  бобати безарар гардонидани ифротиён истиқбол намуда, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат намуда иброз медоранд, ки ин бешарафӣ сазовори ҳеҷ гуна гузашт  намебошад. Онҳое, ки, аз ҷумлаи ҳаводорони ин тоифа дар хориҷи кишвар, ҳаёҳу карда, манфиат бардоштанӣ шуда, афкори ҷомеаи ҷаҳониро ба ҷониби дигар бурданӣ мешаванд, ҷуз ҳавохоҳӣ ба чунин ҳаракати террористӣ мақсаду нияти дигар надоранд.

Вобаста ба ҷазои сазовор гирифтани  террористони ДОИШ-ӣ мақоли машҳури халқиро метавон мисол овард: «ҳар зараррасонандаро ба инсон маҳв мекунанд.          Албатта, таҳқиқи ҷинояти мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оғоз гардида, ба нуқтаи охир расонида мешавад. Лекин аз ҳоло маълум аст, ки ҷойи ДОИШ ва думравони он партовгоҳи таърих аст.

Собирзода Ғафурҷон Мирзоалӣ,

 муовини раиси шаҳри Турсунзода

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *