Корвони ҳунар Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ санаи 17 феврали соли равон дар маркази шаҳри Турсунзода таҳти унвони “Корвони ҳунар”- роҳпаймоӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумии минтақаҳои гуногуни шаҳр бо шукӯҳу шаҳомати хоса доир гардид. Дар намоиш ҷамоатҳои деҳот муассисаву корхона ва марказҳои ҳунаромӯзии […]
Таҷлил
ҶАНБАИ ФАННИИ САДА
Сада ҷашни қадимаи форсизабонон аст, ки таърихи беш аз панҷҳазорсола дорад. Сада ном гирифтанаш ба адади сад марбут мебошад, зеро Садаро панҷоҳ рӯз пеш аз Наврӯз ҷашн мегирифтанд. Аз баски порсиёни қадим шаб ва рӯзҳоро алоҳида ҳисоб мекарданд, дар маҷмуъ то Наврӯз сад шабонарӯзро ташкил медод. Оиди сабаби ҷашни Сада, ё ки ба кадом муносибат […]
ҶАШНИ САДА – ҶАШНИ НУР
Аз рӯйи маълумотҳои таърихшиносони асрҳои миёна – Табарӣ, Балъамӣ, Масъудӣ, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, Абурайҳони Берунӣ ва адибони шинохта А. Фирдавсӣ, Манучеҳри Донғонӣ, Унсурии Балхӣ, Фаррухи Сиистонӣ, Собири Тирмизӣ бармеоянд, ки иди Сада аз замони шоҳигариҳои Ҳушанг, Каюмарс, Исфандиёр, Фаридун ва Ҷамшед ба мо мерос мондааст. Назар ба тадқиқотҳои мутафаккирони қаблӣ, маънои калимаи “Сада” ба забони форсӣ […]
АМРИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Бо аз 24 январи соли 2018, №12 тасдиқ шудааст НИЗОМНОМАИ озмуни шаҳрии «Беҳтарин қитъаи гулкорӣ» дар ҳудуди шаҳри Турсунзода» Муқаррароти умумӣ 1.1. Низомномаи мазкур тартиб ва шартҳои гузаронидани озмунро дар қитъаҳои вобасташудаи замини гулкорӣ дар шоҳроҳ, ҷамоатҳои деҳот ва ҳудуди шаҳри Турсунзода муайян менамояд. 1.2. Озмун ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати […]
НАМОИШИ НИҲОЛҲО ДАР ҶАШНИ САДА
Миллати тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ бо фарҳанги куҳанбунёди худ саҳми муассир дорад. Боиси сарфарозист, ки бо ташаббусҳои пайвастаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расму оинҳои неки ниёгон, ки барои рушди тамаддуни башарӣ хидмат намудаанд, аз нав эҳё гардиданд ва аз тарафи ҷомеа ба хубӣ пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ҷой ва мақоми се ҷашни […]
СИПОСНОМА АЗ ҶАШНИ САДА
Боиси ифтихори ҳар як фарди ватандӯст аст, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Санаи 30 январи соли равон дар саросари кишвар ҷашни Сада, ки аз қадим ҳамчун ҷашни ғалабаи нур ба зулмот шинохта шудааст, бо шаҳомати […]
“ЗИ ҲУШАНГ МОНД ИН САДА ЁДГОР”
Сада ҷашни қадима буда, ба халқиятҳои ориёинажод мансуб аст. Тибқи солшумории мелодӣ ҷашнгириаш ба охири моҳи январ рост меояд. Аз рӯи солшумории шамсӣ бошад, Садаро 10-уми моҳи Баҳман таҷлил менамуданд. Сада аслан аз шумораи сад гирифта шудааст ва аз 10-уми моҳи Баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Аз рӯи гуфти Абурайҳони […]
БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РӮЗМАРРА
Дар машварати кории назди раиси шаҳри Турсунзода, ки таърихи 22 январи соли равон дар конфронстолори мақомоти иҷроия баргузор шуд, як қатор масъалаҳои муҳими рӯз мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар оғоз С. Саломзода вобаста ба баргузории маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба нишондиҳандаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар соли 2017 ва вазифаҳои асосӣ барои соли […]
40-СОЛИ ФАЪОЛИЯТИ ПУРСАМАР
Таърихи 19 январи соли равон Раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Сиҷоуддин Саломзода дар чорабинии ботантана бахшида ба 40-солагии таъсисёбии Истеҳсолоти анодҳои Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» иштирок ва суханронӣ намуд. Аз ҷумла қайд гардид, ки 20 январи соли 1978 дар таърихи соҳаи филизгудозии Тоҷикистон ҳамчун санаи муҳим сабт гардидааст. Дар ин рӯз истеҳсоли маҳсулоти нав […]
БЕҲТАРИН ОИЛАИ ҶАВОН
Бо мақсади баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, омода намудани онҳо ба ҳаёти мустақилона, таҳкими заминаи мусоид баҳри пойдории оилаҳои ҷавон, пешгирии оиладоршавоии бармаҳал ва пошхӯрии оилаҳои ҷавон, никоҳи хешутаборӣ, зӯроварӣ дар оила ва ташвиқу, тарғиби тарзи ҳаёти солим байни ҷавонон, ҳамчунин муаррифӣ намудани беҳтарини оилаҳои ҷавон бахшида ба Соли ҷавонон Амри Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста […]