Суханрониҳои раис

РАМАЗОН-МОҲИ ПОКИИ ИМОН ВА ХАЙРУ ЭҲСОН

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ФАРО РАСИДАНИ МОҲИ ШАРИФИ РАМАЗОН     Ҳамдиёрони гиромӣ, Моҳи мубораки Рамазон бо таҷассуми покии имон, парҳезкориву ибодат,  меҳру  шавқат ва хайру эҳсон ба кишвари биҳиштосои мо қудуми пурбаракат ниҳод. Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимиятти давлтии шаҳри Турсунзода кулли ҳамдиёронро  шодбошӣ гуфта, […]

Суханрониҳои раис Таҷлил

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ ИДИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ

НАВРӮЗ ҶАШНИ ОЗОДАГИВУ РАСТАГОРИСТ Ҳамдиёрони азиз! Имрӯзҳ мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифтихору шодмонӣ ва шукргузорӣ аз сулҳу амонии кишвар Иди байналмилалии Наврӯзро, ки муждарасони эҳёи табиат, баҳори гулрез ва оғози мавсими кишту кор арзёбӣ мегардад, дар фазои тантанавӣ ва зери осмони мусаффои […]

Суханрониҳои раис Таҷлил

МОДАР ОЛИҲАИ МЕҲРУ ШАФҚАТ ПАЁМИ МУБОРАКБОДИИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ МОДАР Модарону хоҳарони муҳтарам! Фарзандони азиз ва ҳамдиёрони гиромӣ! Баҳори гулрезу хуррам ба Тоҷикистони биҳиштосои мо қадами хуҷаста ниҳода, ин айёми сарсабзиҳо тамоми накҳати худро ба истиқболи Рӯзи Модар пойандоз гардонидааст. Боиси шукргузориву ифтихор аст, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи […]

Суханрониҳои раис Таҷлил

ПАЁМИ ШОДБОШИИ раиси шаҳри Турсунзода муҳтарам Акрамзода Парвиз Акрам ба истиқбои Соли нави 2022

Ҳамдиёрони азиз, Соли 2021 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун соли воқеан таърихӣ ва фаромӯшнопазир – соли авҷи корҳои созанда ва таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаи таърихи Ватан сабт гардида, кишвари азизи мо ба соли 2022, ба марҳалаи нави рушду тараққиёт ворид мегардад. Ба ин муносибат аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри […]

Суханрониҳои раис

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам. ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз, Имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳияи баланди ифтихор аз ватандорӣ ҷашни яке аз рамзҳои муқаддаси милливу давлатӣ-Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро истиқбол мегирем. Ба ифтихори гиромидошти Рӯзи Парчами давлатӣ, ки нишонаи озодиву Истиқлол, давлатдорӣ, илҳомбахши кору фаъолияти фидокоронаи фарзандони содиқи миллат […]

Суханрониҳои раис Таҷлил

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати   Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 29-солагии иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон

  Ҳамдиёрони азиз, Дар таърихи навини Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр ҳамчун рӯзи сарнавиштсоз сабт гардида, рӯйдодҳои муҳими таърихии кишвар, аз ҷумла баргузории Рӯзи Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон ва таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин рӯзи фараҳбахш ҷашн гирифта мешаванд. Ин санаи пурифтихор яке аз саҳифаҳои заррини Тоҷикистони  соҳибистиқлол ба ҳисоб рафта, мардуми меҳнатдӯсти […]

Суханрониҳои раис

КОНСТИТУТСИЯ – ДАСТОВАРДИ БУЗУРИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

ТАБРИКОТИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамдиёрони азиз, Боиси  шукргузорист, ки дар кишвари азизи мо сулҳу оромӣ ҳукмфармо буда, дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари дигар манотиқи кишвар сокинони шаҳри Турсунзода Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии  Тоҷикистонро дар […]

Суханрониҳои раис

26 ОКТЯБР РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ

ТАБРИКОТИ РАИСИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА АКРАМЗОДА ПАРВИЗ АКРАМ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ МУҲТАРАМ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ба муносибати иди касбӣ – Рўзи кормандони мақомоти судӣ Шуморо табрику таҳният намуда, саломативу комронӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно менамояд. Мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи беш аз 90 солаи фаъолият дар […]

Суханрониҳои раис

ЗАБОНИ МИЛЛАТ-ҲАСТИИ МИЛЛАТ

ПАЁМИ ТАБРИКИИ раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамдиёрони азиз! Забони тоҷикӣ баёнгари сарнавишт ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати соҳибтамаддуни мо ба ҳисоб рафта, мафҳумҳои забони модарӣ, давлату давлатдории миллӣ, ваҳдату истиқлолияти миллӣ барои ҳар яки мо азизу муқаддас буда, эҳтирому арҷгузорӣ ба забон ин пеш аз ҳама […]

Суханрониҳои раис

Паёми муборакбодии раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода П.А. ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

Ҳамдиёрон ва ҷавонони азиз! Бо шарофати сиёсати ҷавонпарварона ва пайкори созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари озоди мо бо субот рушду нумуъ ёфта, ҳамасола Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукӯҳи хоса таҷлил мегардад. Имсол Рӯзи ҷавонон дар доираи тадбирҳои идона ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии […]