Гузориши ТВ “Ҷаҳоннамо” доир ба ҳифзи ёдгориҳои таърихи дар шаҳри Турсунзода. https://www.youtube.com/watch?v=tW7BBkNXwMY&t=185s YOUTUBE.COM Ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ дар ш Турсунзода
Фарҳанг
БАЗМИ ШАШМАҚОМ
Яке аз шоҳкориҳои бузурги санъати классикии тоҷик Шашмақом ба ҳисоб рафта, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар рушду такомул ёфта, ҳамасола 12 май дар саросари кишвар Рӯзи Шашмақом таҷлил мегардад. Имрӯз ба ин муносибат дар толори кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода Рӯзи Шашмақом таҷлил гардид. Муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия мухлисони санъати ниёгон ва ҳунармандонро ба муносибати […]
КОНСЕРТИ ҲИСОБОТИИ МАКТАБИ БАЧАГОНАИ САНЪАТ
Имрӯз 10 майи соли 2021 дар кохи “Дӯстӣ”-и шаҳри Турсунзода бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон консерти ҳисоботии МД мактаби кӯдаконаи санъати шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Дар ҷараёни консерт бо иштироки муовини раиси шаҳри Турсунзода Бобоҷонзода Фахрия, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа, волидон ва устодони хонандагони муассиса ширкат намуданд. Дар […]
ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА СОҲИБИ ҶОИЗА ГАРДИД
Дар даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии гулҳо “Сайри гули лола” , ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, шаҳри Турсунзода барои ғолиб омадан дар сатҳи шаҳрӣ ба ҷои сеюм ва дипломи дараҷаи сеюм сарфароз гардид Дар сатҳи деҳа бошад, деҳаи Пахтаободи Ҷамоати деҳоти Пахтаобод ба гирифтани ҷои 3 ва дипломи дараҷаи сеюм шарафёб гардид.
ЧОРАБИНИИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГИЮ МАЪРИФАТИИ “СОЗИДАНИЯ”
Дар Маркази фарҳангию маърифатии русзабонон -“Созидания”-и шаҳри Турсунзода ба истиқболи Рӯзи кайҳоннавардон, ки ба 12 апрел рост меояд, бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз.Акрам. ва Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игорь Семёнович Лякин-Фролов. чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд. Бояд тазаккур дод, ки 12 апрели соли 1961 кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Гагарин дар […]
ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГИЮ МАЪРИФАТӢ
Дар шаҳри Турсунзода Маркази фарҳангию маърифатии русзабонон -“Созидания” ифтитоҳ гардид. Маркази мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Тоҷикистон, Ширкатҳои “Газпром”, “Мегафон” ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятию тиҷоратӣ мавриди баҳрабардории насли наврас қарор дода шуд. Зимни баромади табрикотӣ […]
ИДОМАИ АЗНАВСОЗӢ ДАР БОҒИ ФАРҲАНГИЮ ФАРОҒАТӢ
Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода таҷдиду азнавсозӣ ва сохтмони иншооти гуногун муташаккилона идома дорад, ки азнавсозии боғи фарҳангию фароғатии шаҳр яке аз иншооти ҷашнӣ маҳсуб мегардад. Раиси шаҳри Турсунзода Акрамзо да Парвиз Акрам бо рафти корҳои созанда дар боғ шинос шуда, ҷиҳати сари вақт ва бо сифат […]
АЗНАВСОЗИИ БОҒИ ФАРАҲНГИЮ ФАРОҒАТИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ва дастгирии соҳибкорону фаъолони шаҳр азнавсозии боғи фарҳангию фароғатӣ оғоз гардид. Лоиҳаи таҷдиди боғ аз ҷониби КВД “Лоиҳакаш”-и шаҳри Турснзода омода гардида, имрӯзҳо пудратчиён ҷиҳати бартараф намудани тарҳи собиқи лоиҳа корбари намуда истодаанд. […]
СУХАНВАРИ БУЗУРГИ АДАБИЁТ
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургтарин суханварони адабиёти форсу тоҷик ба ҳисоб меравад, ки бо назарияи эъҷозу эҷодаш дар асри 13 таккони бузурге ба адабиёт ворид кард. Пас аз Саноиву Аттор Ҷалолиддини Балхиро дар тасаввуф ва ирфон муқаддам медонанд. Номаш Мухаммад, лақабаш Ҷалолиддин, инчунин бо унвони Мавлонои Рум шӯҳрат дорад. Гузаштагони Ҷалолиддини Балхӣ аз бузургони тасаввуф […]
ДИПЛОМИ ДАРАҶАИ ЯК ДАР «МАВҶИ ОНЕГА». Дастоварди наврасони тоҷик дар Озмуни байналмилалӣ дар Федератсияи Россия
ДУШАНБЕ, 18.07.2019. /АМИТ «Ховар»/. Хонандагони Мактаб-интернати миёнаи махсуси санъати ҷумҳуриявии ба номи Миратулло Атоев — Мадина Шарипова ва Манучеҳри Умедҷон дар Фестивал-озмуни байналмилалии сарояндагони навраси сурудҳои халқӣ «Мавҷи Онега» миёни 30 давлати дунё бо дипломи дараҷаи якум сарфароз гардиданд. Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, фестивали мазкур дар […]