Фарҳанг

ЧОРАБИНИИ МАРКАЗИ ФАРҲАНГИЮ МАЪРИФАТИИ “СОЗИДАНИЯ”

print
Дар Маркази фарҳангию маърифатии русзабонон -“Созидания”-и шаҳри Турсунзода ба истиқболи Рӯзи кайҳоннавардон, ки ба 12 апрел рост меояд, бо иштироки раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз.Акрам. ва Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игорь Семёнович Лякин-Фролов. чорабинии фарҳангӣ баргузор шуд.
Бояд тазаккур дод, ки 12 апрели соли 1961 кайҳонаварди шӯравӣ Юрий Гагарин дар киштии кайҳонии Восток-1 аз космодроми Байконур парвоз карда, бори аввал дар ҷаҳон парвози мадории сайёраи Заминро ба амал овард. Парвоз дар фазои наздикии замин тақрибан 2 соат тӯл кашид.
Дар чорабинӣ аъзои Маркази мазкур, ки аз хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Турсунзода иборатанд, доир ба Рӯзи кайҳоннавардон ва сайёраҳо маълумот пешниҳод намуда, шеъру сурудҳои ватандӯстонаву инсонпарваронаро тақдими ҳозирин гардониданд.
.Раиси шаҳри Турсунзода зимни суҳбат иброз дошт, ки бо ташаббуси сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати омӯзиши илму фан дар Тоҷикистони азиз шароити мусоид фароҳам буда, аъзои маҳфилро дар дораи эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ба хониши хубу аъло ва дар ин замина ба иштироки фаъолона дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат”,“«Тоҷикистон-Ватани азизи ман» , “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” даъват намуд.
Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игорь Семёнович Лякин-Фролов ба иштирокдорон ва ташкилкунандагони чорабинии мазкур изҳори миннатдорӣ намуда, ҷиҳати ҷалби насли наврас ба мутолиа китобҳои гуногунмавзуъро тақдим намуд.
Дар хотима омӯзгорон ва фаъолони Марказ бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *