Фарҳанг

print

Дар арафаи ҷашнгирии «Рӯзи Забони Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикисто»- рӯзноманигори тоҷик Ҳотам Рабиев китоби навро таҳти унвони «Васфи забони модар» таҳияву нашр намуд.

         Дар китоб суханронии муҳтарам Пешвои миллат дар рӯзи таҷлили иди забон, иқтибосҳо аз ҳидоятҳои муҳтарам . Пешвои миллат дар бораи арҷ гузоштан ба забони точикӣ, суханони ҳикматбору ҳикматомези бузургони илму адаби тоҷик ва ҷаҳон гирдоварӣ шудааст.

 Боиси зикр аст, ки забони шевои форсӣ тоҷикӣ муддати беш аз ҳазор сол ҳамчун забони расмӣ-коргузорӣ ва илму адаб дар Мавонроуннаҳру Хуросон ва муддати 800 сол дар Ҳиндустон нуфузу эътибори хоса дошт ва хонанда бо мутолиаи китоби мазкур бори дигар вориди олами яке аз бойтарин забонҳои дунё хоҳад гашт.

         Хабарнигор Ҳотам Рабӣ, муаллифи беш аз 500 хабру мақола буда, мураттиби китоби куллиёти устод Мирзо Турсунзода ва муаллифи китобҳои «Талаби замону амри тақдир», «Ҳисори зарнисор бошад маконам», «Шаҳдпарвар», «Назаре ба таърихи Даҳбед», «Об сарчашмаи зиндагист» ва ғайра мебошад.

Ф. Холиқов

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *