Имрӯз дар Боғи фарҳангу фароғати шаҳри Турсунзода ба истиқболи 111 солагии зодрӯзи шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ҳамоиши адабӣ баргузор шуд. Дар ҷараёни ҳамоиш адибони шаҳр, навқаламон, дӯстдорони шеъру адаб ва мухлисони ашъори шоир иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷониби иштирокчиёни ҳамоиш доир ба саҳми Мирзо Турсунзода дар адабиёти муосири ҷаҳонӣ, тарбияи адибон, […]
Дар шаҳри Турсунзода Маркази фарҳангию маърифатии русзабонон -“Созидания” ифтитоҳ гардид. Маркази мазкур бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода, Сафорати Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик”, Маркази илм ва фарҳанги Россия дар Тоҷикистон, Ширкатҳои “Газпром”, “Мегафон” ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятию тиҷоратӣ мавриди баҳрабардории насли наврас қарор дода шуд. Зимни баромади табрикотӣ […]
Дар доираи сиёсати дӯстонаю бародаронаи ду ҷумҳурии ҳамҷавор – Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нашри муштараки ҳафтаномаҳои “Диёри Турсунзода” – и шаҳри Турсунзода ва “Сариосиё”-и ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз чоп баромад. Боиси зикр аст, ки ин аввалин шумораест, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи ҳамкории муштараки аҳли эҷоди ҳар ду нашрия рӯи чоп омад. Дар нашрияи […]