Фаъолияти намояндагон

ТАҚДИМИ ТАҶҲИЗОТИ МАИШӢ

Вакилони маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода дар баробари бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии интихобкунандагон, инчунин дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми муносиб гузошта, ба расонидани кӯмакҳо ба эҳтиёҷмандон низ пешсафанд. Иқдоми инсонпарваронаи муҳтарам Пешвои миллатро сармашқи кору фаъолият қарор дода, аз ҷониби вакили халқ аз ҳавзаи интихоботии №20 Абдулло Давлатов дар ҳамкорӣ […]

Изҳороти расмӣ Фаъолияти намояндагон

МУРОҶИАТНОМАИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

Сокинони меҳнатдӯст  ва шарафманди шаҳри Турсунзода! Рӯзи 18 июни соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон машварати корӣ доир гардида, дар он  раванди корҳои созандагиву ободкорӣ дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон муҳтарам Пешвои миллат вазъ ва буҳрони сиёсии ҷаҳони имрӯза, […]

Фаъолияти намояндагон

Имрӯз дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум) баргузор гардид. Дар кори иҷлосия муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи раиси шаҳр, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои деҳоти шаҳр, […]

Фаъолияти намояндагон

ИҶЛОСИЯИ ДУВОЗДАҲУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА (ДАЪВАТИ ШАШУМ) БАРГУЗОР ШУД.

ИТТИЛОИЯ Имрӯз таҳти раёсати раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам иҷлосияи дувоздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум) баргузор гардид, ки дар рафти он муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, намояндагони васоити ахбори омма ва дигар фаъолони шаҳр иштирок намуданд. Баъд аз интихоби ҳайати котибот ва […]

Маориф Фаъолияти намояндагон

НАВРӮЗ – ОҒОЗИ ПАЙКОРИ СОЗАНДА

Дар баробари таҷлили тантанаҳои Наврӯзи гулрез дар деҳаи Шодиёнаи Ҷамоати деҳоти Регари шаҳри Турсунзода корҳои созанда ҷиҳати бунёди бинои нави МТМУ №68 оғоз гардиданд. Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам бо рафти корҳо вобаста ба бунёди бинои нави боргоҳи илму маърифат шинос шуданд. Соҳибкори маҳаллӣ Абдулло Давлатов, ки бунёди бинои навро ба зимма гирифтааст, […]

Фаъолияти намояндагон

МУЛОҚОТИ ВАКИЛ БО ҶАВОНОН

Имрӯз дар шаҳри Турсунзода мулоқоти навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа ҷиҳати шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бо ҷавонони фаъолои шаҳр баргузор шуд. Таъкид шуд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии ҷавонони лаёқатманду соҳибмаърифат ва ватандӯсту хештаншинос, […]

Фаъолияти намояндагон Хабарҳо

ПАЁМ ҲУҶҶАТИ СТРАТЕГӢ – ИҶРОИ ОН ОМИЛИ ПЕШРАВӢ

Зимни шарҳи пёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки  дар вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Баротзода Файзулло бо интихобкунандагон дар шаҳри Турсунзода сурат гирифт, “ПАЁМ ҲУҶҶАТИ СТРАТЕГӢ ВА ИҶРОИ ОН ОМИЛИ ПЕШРАВӢ”-арзёбӣ гардид. Баротзода Файзулло изҳор дошт, ки дар паём Президенти кишвар таҳлилҳои саҳеҳ ва асоснокро пешниҳод намуда, нишондиҳандаҳоро дар самти […]

Фаъолияти намояндагон Хабарҳо

ШАРҲИ ПАЁМ АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛОН

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таҳти раёсати раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам вохӯрии интихобкунандагон бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа, Баротзода Файзулло, Раҳматзода Рустам ва Маҳмудзода Музаффар доир гардид. Дар ибтидо вакили мардумӣ Холмаҳмадзода Солеҳа паёми Президенти кишварро мавриди шарҳ қарор дода, иброз дошт, ки Паёми сарвари давлат […]

Фаъолияти намояндагон

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО САНОАТЧИЁН ҶИҲАТИ ШАРҲИ ПАЁМ

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо интихобкунандагон дар толори ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 21 декабри соли 2021 ироа гардид, мулоқот доир намуд. Дар ибтидо вакил доир ба санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат […]

Фаъолияти намояндагон Хабарҳо

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ ТАНДУРУСТӢ ҶИҲАТИ ШАРҲИ ПАЁМ

 Вохӯрии навбатии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холмаҳмадзода Солеҳа бо мақсади шарҳи паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода баргузор шуд. Баъд аз тавзеҳи самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 вакили мардумӣ доир ба нуктаҳои асосии паём, ки ба соҳаи тандурустӣ равона гардидаанд, […]