Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода таърихи 28 декабри соли равон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо намояндагони соҳаи кишоварзӣ ва раисони ҷамоатҳои деҳот вохӯрӣ баргузор шуд. Раиси шаҳри Турсунзода Сиҷоуддин Саломзода дар оғоз вобаста ба соҳаи кишоварзӣ маълумот манзур намуд. Дар идома Маҳмадтоир Зокирзода истеҳсоли маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ, иҷрои нақшаи солона […]
Author: Tursunzoda
ДАЛЕЛҲОИ ХОТИРМОНИ СОЛИ 2017
Бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон гардид. Дар ин сол ҷавонони шаҳри Турсунзода низ ҷавобан ба ғамхориҳои Пешвои миллат баҳри таҳсили аъло намудан, касбомӯзӣ ва ободкориҳои сарзамини аҷдодиамон саъйи беандоза намуданд. *** Моҳи феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Салоҳиддин […]
ИТТИЛОИЯ АЗ ҶАРАЁНИ ИҶЛОСИЯИ СЕНЗДАҲУМ
Иҷлосияи сенздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати панҷум) таҳти роҳбарии раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳрӣ Сиҷоуддин Саломзода санаи 27 декабри соли равон баргузор шуд. Дар кори иҷлосия муовини якум, муовинони соҳавӣ, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, муассисаҳои шаҳр, […]
БА ТАЪРИХ БО ЧАШМИ ИБРАТ НИГАРЕМ
«Манфиатҳои идеологӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ якдигарро иваз кардаанд, вале манфиатҳои миллӣ ва халқу Ватан ҷовидонаанд». Эмомалӣ РАҲМОН Таърихи халқи тоҷик пур аз корнамоиҳои бузурги фарзандони асили миллат аст, ки барои имрӯзиён намунаи ибрат мебошад. Дар ин хусус фанни таърих мисолҳои зиёдеро ба ихтиёри омӯзгор вогузор намуда, дар тарбияи ватандӯстии шогирдони мактаб саҳми босазо мегузорад. […]
Б О Т У Л И З М
Бо фаро расидани фасли сармо мардум ба истеъмоли маҳсулоти консервагӣ оғоз менамоянд. Маҳз дар ҳамин давра хатари ба бемории ботулизм гирифтор шудани одамон ба вуҷуд меояд. Дар урфият “Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ” мегӯянд. Бинобар ин дар мақолаи зер дар бораи чигунагии ин беморӣ, роҳҳои пешгирии он, дуруст таҳия кардани маҳсулоти захиравӣ маълумот медиҳем. Ботулизм […]
ҶАВОНОН НЕРӮИ ОЯНДАСОЗИ МИЛЛАТАНД
Эълон гардидани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои дурахшони рушди имрӯза ва минбаъдаи кишвари ҷоноҷонамон саҳифаи наверо кушод. Наврасону ҷавонон дар ҷомеа ҳамеша рамзи матонату ҷасорат, қатъияту шуҷоат, омили пешравию шукуфоӣ, пойдории Ватану миллат буданд ва хоҳанд монд. Бешубҳа нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон […]
ЗАБОНИ НОБУ ШЕВОВУ ШИРИН…
Байни ҷаҳониён эътироф гардидааст, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарин ва зеботарини олам буда, ҳанӯз дар даврони ҳукмронии Тоҳириёну Саффориён, сипас Сомониён дар дарбори шоҳон чун забони идораи давлату коргузории девон ривоҷи васеъ пайдо карда буд. Бо ин забони бетакрор дар Хуросону Мовароуннаҳр нахустин шеъру ғазалҳои форсӣ – тоҷикӣ эҷод шуда, дар давоми қарнҳои […]
МУҲОФИЗИ АСОСӢ: АЗ ҚУМОНДОНӢ БА ОБОДГАРӢ
(Суҳбат бо собиқ қумондон Ҳаким Қаландаров) Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Дирӯз Ҳаким Қаландаров қумондон буд, ҳоло даст ба ободии ватан задааст. Дар ноҳияи Панҷ ӯро пайдо кардан душвор аст. Гоҳ сари замини пахта, гоҳ сари ҳавзи моҳипаварӣ, гоҳи […]
ДАР СОЛИ ҶАВОНОН: ГОҲ АЗ ИНУ ГОҲ АЗ ОН
Дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (22 декабри соли 2016) Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 – ро Соли ҷавонони Тоҷикистон эълон карданд. Албатта, бо мақсади мавқеи ҷавононро дар ҷомеа баланд бардоштан, саҳми эшонро ба илмомӯзиву касбомӯзӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дучанд гузоштан, ба тарбияи ҳарбию ватандӯстӣ ҳидоят намудан ва дигар […]
СУҲБАТИ СУДМАНД
Санаи 19 декабри соли равон муовини раиси шаҳр, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода оид ба масъалаҳои ҷамъиятӣ, шуғли аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, занон ва оила Солеҳа Холова дар ҳавзаи интихоботии №38 ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев бо интихобкунандагон аз деҳаҳои Саркор, Дӯстӣ, Ҳақиқат, Ҳидоят ва Зарбдор вохӯрӣ баргузор намуд. Вакили мардумиро […]