Маориф

ИДОМАИ БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ТАЪЛИМӢ

print
Дар доираи тадбирҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода корҳои созанда муташаккилона идома дошта, хусусан ҷиҳати табиқи сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат ба бунёди синфхонаҳои иловагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад.

ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ БА НОМИ ҶӮРА РАҲМОН, ДЕҲАИ ЯНГИБОҒ, МТМУ 92
Бунёди иншооти мазкур бо дастгирии Хоҷагии токпарварии “БОҒИ СОМОН” амалӣ гардида, корҳои сохтмонӣ дар ошёнаи 2 ва боми бино бо маром идома дорад. Иншооти мазкур дар соли хониши 2022-2023 ба истифода дода мешавад.
ДЕҲАИ ОҒА, МТУА№114
Деҳаи Оға аз деҳоти дурдасти шаҳр маҳсуб ёфта, дар 25 км дур аз маркази шаҳр воқеъ аст. Бо мақсади беҳ намудани шароити таълиму тарбия дар назди муассиса бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва бо ҷалби соҳибкорону фаъолон бунёди бинои нави таълимӣ моҳи марти соли ҷорӣ оғоз гардида, корҳои сохтмонӣ идома дорад.
ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ РЕГАР, ДЕҲАИ НЕЪМАТБАЧА, МТМУ №54.
Сокинони бонангу номӯси деҳаи Неъматбача бунёди бинои нави таълимиро дар назди МТМУ №54 тавассути ҳашар муташаккилона идома дода истодаанд. Имрӯзҳо дар иншоот бардоштани деворҳои иморат тибқи нақша дар ҷараён аст.
ДЕҲАИ ДЕҲҚОНОБОД, МТМУ№50. Соҳибкорону фаъолон ва сокинони меҳнатдӯсту бонангу номӯси деҳа баъд аз бомпӯш намудани бино васли хатҳои барқиро ба итмом расонида, имрӯзҳо андовакашӣ намудани синфхонаҳоро тавассути ҳашар идома дода истодаанд.
ҶАМОАТИ ДЕҲОТИ ҚАРАТОҒ, ДЕҲАИ ГУЛБАТТА МТМУ № 76
Деҳаи Гулбутта дар доманакӯҳи Қаратоғ ҷойгир буда, аз маркази шаҳр беш аз 20 км дуртар аст. Сокинони шарафманди деҳа сиёсати маорифпарварони Ҳукумати мамлакатро дастгирӣ намуда, банёди 5 синфхонаи иловагиро оғоз намуданд, ки имрӯзҳои бардоштани девори иншоот идома дорад.
Таъмиру азнавсозӣ ва бунёди синфхонаҳо дар муассисаҳои мазкур зимни вохӯрии раиси шаҳр Акрамзода Парвиз Акрам ҷиҳати шарҳи муҳтавои паёми имсолаи Президенти мамлакат оғози соли ҷорӣ нақшабандӣ шуда, дар арафаи Иди Наврӯз ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшида шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *