Сокинони меҳнатдӯст ва шарафманди шаҳри Турсунзода!
Рӯзи 18 июни соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон машварати корӣ доир гардида, дар он раванди корҳои созандагиву ободкорӣ дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамзамон муҳтарам Пешвои миллат вазъ ва буҳрони сиёсии ҷаҳони имрӯза, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ, кам гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин таъсири ин омилҳо ба иқтисодиёти кишвар ва муайян кардани вазифаҳо ҷиҳати ҳалли мушкилоти бамиёномадаро мавриди таҳлил қарор доданд.
Муҳтарам Пешвои миллат дар асоси маълумоти Созмони Милали Муттаҳид таъкид намуданд, ки аз таъсири ин омилҳо теъдоди одамони ба хатари гуруснагӣ дучоршаванда дар ҷаҳон ба 220 миллион нафар мерасад. Тибқи мушоҳидаҳо дар мавсими солҳои 2022-2023 истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон кам гардида, вобаста ба вазъи бамиёномада дар биржаҳои ҷаҳонӣ болоравии нархи сӯзишворӣ ва маводи озуқа ба назар мерасад. Чунин ҳолат ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон низ таъсири манфӣ мерасонад. Мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошад.
Дар робита ба мушкилоти таъминот бо озуқаворӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор гардиданд, ки бо истифода аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда ҷиҳати пурра таъмин намудани иҷрои нақшаи чорабиниҳои қабулкардаи Ҳукумати мамлакат оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешида шаванд.
Ҷиҳати пешгирӣ намудани таъсири ин омилҳо ба иқтисодиёти кишвар тамоми мардуми Тоҷикистон, пеш аз ҳама, кишоварзон ва ҳар як оиларо мебояд ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ ва дар заминҳои обӣ ҳатман ба роҳ мондани кишти такрорӣ диққати аввалиндараҷа диҳанд.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки бо истифода аз обу замини ҳосилхез ва меҳнати пурсамар тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд ҷиҳати ҳар чӣ бештар истеҳсол намудани маҳсулот ва барои ду сол захира намудани маводи зарурии ғизоӣ чораҳои зарурӣ андешанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода дучори мушкиливу муҳтоҷӣ нагарданд.
Ҳамдиёрони гиромӣ,
Муҳтарам Пешвои миллат меҳнати пурсамари кишоварзони шаҳри Турсунзодаро баланд арзёбӣ намуда, бо эътимод фармудаанд, ки: «Дар шаҳри Турсунзода кишоварзони номдору ботаҷриба зиёданд ва сокинони он дар истифодаи самараноки обу замин, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо ва умуман маданияти заминдорӣ намунаи ибрат мебошанд. Ва шубҳае нест, ки онҳо минбаъд низ ба хотири фаровонии дастархони мардуми кишвар, тақвияти иқтидори содиротии мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории Тоҷикистон содиқона заҳмат хоҳанд кашид».
Аз ин лиҳоз, мо сокинони шаҳри Турсунзодаро мебояд боварии муҳтарам Пешвои миллатро сазовор гардида, бо масъулияти баланд ва меҳнати софдилона ҷиҳати пешрафту тараққиёти Ватани маҳбуб ва татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат беш аз пеш саъю талош варзида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳиссагузорӣ намоем. Майдони киштро самаранок истифода бурда, ба ин васила эҳтиёҷоти оилаи худ ва бозори истеъмолиро бо маводи ғизоӣ таъмин намуда, ба мавсими тирамоҳу зимистон ҳамаҷониба омодагӣ бинем. Ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ моро мебояд ба масъалаи истифодаи самараноки обу замин, аз ҷумла заминҳои наздиҳавлигӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, майдони гармхонаву сардхонаҳои замонавӣ ва кишти такрориро афзоиш диҳем, ба гирифтани 2-3 ҳосил ва ба ин васила афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ муваффақ гардем.
Ҳамдиёрони азиз!
Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода даъват ба амал меорад, ки ҳама якдилона иқдомҳои муҳтарам Пешвои миллатро пайгирӣ намуда, бо истифодаи оқилона ва самараноки замин, меҳнати софдилона ва гирифтани ҳосили фаровон дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳми муносиб гузошта, ҷиҳати боз ҳам беҳтар гардидани сатҳи некӯаҳволии сокинон тамоми кӯшиши ғайрати худро сафарбар намоем.
Барои иҷрои дастуру супоришҳо ва ҳадафҳои созандаи муҳтарам Пешвои миллат, инчунин фардои гулафшони Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол ба тамоми сокинони меҳнатдӯст ва шарафманди шаҳри Турсунзода муваффақияту комрониҳоро таманно менамоем.
Муроҷиатнома дар иҷлосияи XIII Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз 28 июни соли 2022 қабул гардидааст.