-
Зимни ироаи паём аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардид, ки рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Вобаста ба ин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардонидани сифати хизматрасониҳои тиббиву иҷтимоӣ ва беҳ намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои тиббиву иҷтимоӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, муҷаҳҳазгардонии соҳа бо технологияи муосири тиббӣ, бунёд ва таъмири иншооти соҳа муташаккилона идома дорад.
Имрӯз ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои таъмир раиси шаҳр аз шабакаи Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии шаҳр дидан намуданд.
Роҳбари КАТС Ибодуллоев Зоирҷон иттилоъ дод, ки айни ҳол таъмири намои берунаи бино ба анҷом расида, дар даҳлез, толор ва як қатор ҳуҷраҳои кории табибон корҳои таъмир идома дорад.
Раиси шаҳр таъкид намуданд, ки барои беҳтар намудани шароити хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ то охири соли ҷорӣ дар ошёнаҳои якуму дуюми бино иваз намудани хатҳои корезӣ, рангу бор, таҷдиди лавозимоти тиббӣ, иваз намудани дарҳои ҳуҷраҳо амалӣ гардида, дорухонаҳо низ пурра пурра аз таъмир бароварда шаванд.
Зимни суҳбат бо кормандони соҳа таъкид шуд, ки дар дараҷаи баланди касбият ба аҳолӣ хизматрасонӣ намуда, ҷиҳати саривақт ва босифат татбиқ намудани барномаҳои соҳавӣ тадбирҳои амалӣ андешанд.