Иҷтимоиёт Сиёсат

СУҲБАТИ СУДМАНД

print

Санаи 19 декабри соли равон муо­вини раиси шаҳр, раиси комиссияи доимии Маҷлиси вакило­ни халқи шаҳри Турсун­зода оид ба масъалаҳои ҷамъиятӣ, шуғли аҳолӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, занон ва оила Солеҳа Холова дар ҳавзаи ин­тихоботии №38 ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Туйчиев бо интихобкунан­дагон аз деҳаҳои Саркор, Дӯстӣ, Ҳақиқат, Ҳидоят ва Зарбдор вохӯрӣ баргузор намуд.

Вакили мардумиро раиси КИ ҲҲДТ дар шаҳри Турсунзода М. Азизова, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Х. Ӯроқова ва мудири бахши ҷаво­нон ва варзиш У. Ҳалимов ҳамроҳӣ намуданд.

С. Холова зимни баромад доир ба дастовардҳои даврони Истиқло­лият сухан карда, иброз дошт, ки соли равон низ дар шаҳр корҳои со­зандагиву бунёдкорӣ, ифтитоҳи би­ноҳои истиқомативу муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббиву дигар иншооти хусусияти иҷтимоидошта дар сатҳу сифати баланд ҷараён доштанд. Дар ин зимн бо мақсади баланд бардоштани маърифати фарҳангии сокинон 185 чорабинии фарҳангӣ бо эҳсоси баланди ватан­дорӣ таҷлил гардид.

Ҳамзамон С. Холова қайд на­муд, ки ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсии со­кинон, бахусус ҷавонон, конфрон­сҳои илмӣ, мизҳои мудаввар ва вохӯриҳо вобаста ба шарҳи Паёми муҳтарам Пешвои миллат ба Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шарҳи қонунҳои миллӣ, мавзуъ­ҳои оид ба «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат», «Мақоми зан дар ҷомеа», «Танзим-баракати зинда­гӣ», «Тарғибу ташвиқи либоспӯшии миллӣ» гузаронида шуд.

Баъдан вакили мардумӣ оид ба идомаи корҳои созандагиву бу­нёдкорӣ, иҷрои талаботи қонунҳо, омӯзиши илму касб сухан карда, занону бонувонро ба ривоҷи ҳу­нарҳои миллӣ даъват намуд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Турсунзода М. Азизова оид ба ҳадафҳои стра­тегии Ҳукумати кишвар ва ҲХДТ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Пешвои миллат мардуми кишвар ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гарди­данд.

Ҳамзамон мудири шуъбаи кор бо занон ва оила Х. Ӯроқова доир ба пешгирии вайроншавии оилаҳо, роҳ надодан ба хушунати оилавӣ ва масъулияти волидон дар таъ­лиму тарбияи насли наврас баро­мад намуд.

Мудири бахши ҷавонон ва вар­зиш У. Ҳалимов натиҷаи эълон шудани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавононро мавриди шарҳ қарор дода, доир ба саҳми ҷавонон дар рушди иқтисоди миллии кишвар бунёди иншооти варзишӣ, ишти­роки фаъолона ва дастоварди онҳо дар олимпиадаҳои фанниву варзишӣ сухан кард.

Дар идома фаъолони деҳот во­баста ба идомаи бунёди варзиш­гоҳ, эҳёи кӯдакистон дар деҳот, таъмини бехатарии кӯдакон дар роҳи нақлиётгарди назди муас­сисаҳои таълимии №7 аз ҷониби БДА ва ғайра пешниҳодҳои суд­манд намуданд.

Дар хотима фаъолону собиқа­дорон барои дастгирии пайваста ба вакили мардумӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр арзи сипос намуданд.

Зафар САФАРОВ,

мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *