Кормандони соҳаи энергетикаи шаҳрамонро бо иди касбиашон – Рӯзи
энергетикҳо, ки ҳар сол 22 декабр дар саросари кишвари азизамон қайд карда мешавад, табрику муборакбод менамоем.
Дар қарни ХХI энергетика ба яке аз омилҳои муҳимтарини ҳастии давлатҳои олам табдил ёфта, бе рушди он рушди соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт ғайриимкон гардидааст.
Аз ин лиҳоз, расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат яке аз ҳадафҳои асосии стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, барои ноил шудан ба ин ҳадаф тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
Роҳбарият ва мардуми созандаи кишвар кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки Нерӯгоҳи пуриқтидори барқи обии Роғун бунёд гардад ва дар ин самт Пешвои муаззами миллат бо қадамҳои устувор саҳми арзандаву назаррас гузоштанд.
Корҳои амалишудаистода дар системаи энергетикаи кишвар моро ба истиқлолияти энергетикаи мамлакат наздик менамояд ва тавре ки Сарвари давлат таъкид менамоянд, дар солҳои наздиктарин мушкилоти энергетикӣ ба куллӣ аз байн меравад. Аз байн рафтани маҳдудияти интиқоли қувваи барқ ба аҳолӣ дар фасли сармо исботи гуфтаҳои болоянд.
Кулли кормандони соҳаро бори дигар бо иди касбиашон – Рӯзи энергетикҳо муборакбод намуда, ба онҳо саломатӣ, умри бобаракат, хушбахтӣ ва комёбиҳои тозаи меҳнатӣ таманно менамоем.