Нишондодҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ

БАРНОМАИ РУШДИ ИҶТИМОИЮ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2025

print

РЎЙХАТИ ИХТИСОРОТ

АОМО           Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

БАТР             Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд

БДС               Барномаи давлатии сармоягузорӣ

БМР               Барномаи миёнамуҳлати рушд

БМТ               Бонки миллии Тоҷикистон

БРСММ        Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид

ВА                  Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВКИШ          Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВМАО           Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВМ                 Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВМЕҲ Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВНАҚ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВНМО           Вируси норасоии масунияти одам

ВРИС            Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВСАН                        Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВТАН            Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВЭНЕ            Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

ДИПҶТ         Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

КАТС             Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ

КВД               Корхонаи воҳидии давлатӣ

КДСА            Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии

                        Тоҷикистон

ККЗО            Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КРС               Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КҶВС            Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии

                        Тоҷикистон

КҲМЗ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

КҲФМ           Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати

                        Ҷумҳурии Тоҷикистон

МваА             Мониторинг ва арзёбӣ

МИМҲД       Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ

СМР              Стратегияи миллии рушд

СМР-2030     Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2030

СХМ              Соҳибкории хурду миёна

ХИБ               Хатҳои интиқоли барқ

ХМК              Хоҷагии манзилию коммуналӣ

ҲҶТ                Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲРУ                Ҳадафҳои рушди устувор

ҶСК               Ҷамъияти саҳомии шакли кушода

ҶТ                  Ҷумҳурии Тоҷикистон

ШДБХ           Шарикии давлат ва бахши хусусӣ

ШСХК          Ширкати саҳомии холдингии кушода

ПЕШГУФТОР

Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2019, №181 “Дар бораи Тартиби таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии маҳалҳо” таҳия карда шуда, ба ҳадафу афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии кишвар (СМР/БМР) ва Ҳадафҳои рушди устувор, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” мутобиқ карда шудааст.

Фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар давраи миёнамуҳлати минбаъда дар доираи Барнома ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла:

– таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерўи барқ;

– раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил ба кишвари транзитӣ;

– таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат;

– саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул ва дар ин замина муҳайё намудани шароити кору зиндагии шоиста барои сокинони шаҳр нигаронида мешавад.

Ҳадафи асосии Барномаи мазкур таъмин намудани рушди устувори соҳаҳои воқеъии иқтисодиёт, дар асоси коркарди саноатӣ ва истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои иҷтимоӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ мебошад. Барнома ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ самтҳои афзалиятнок ва сиёсати ояндаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳрро барои давраи миёнамуҳлат муайян менамояд ва барои ноил шудан ба рушди устувори иқтисодӣ, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосири иҷтимоӣ, рифоҳӣ, инфрасохтори замонавӣ, шароити шоистаи зиндагии аз лиҳози экологӣ мутобиқ мусоидат намуда, барои баланд гаштани сатҳу сифати зиндагии аҳолии шаҳр замина хоҳад гузошт.

Ба Барнома бо фарогирии тамоми соҳаҳо 244 лоиҳаи афзалиятнок ворид гардидааст, ки маблағи умумии онҳо 495,9 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Тақсимоти маблағҳои “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025” аз рўи соҳаҳо  (миллион сомонӣ)

 

Соҳаҳо Шумораи лоиҳаҳо (адад) Ҳамагӣ, млн. сомонӣ Соли 2020 Соли 2021 Соли 2022 Соли 2023 Соли 2024 Соли 2025
Саноат 12 44,61 1,15 15,35 15,7 7,41 4,5 0,5
Кишоварзӣ 40 59,75 7,82 10,37 12,25 13,65 9,03 6,63
Шарикии давлат ва бахши хусусӣ 12 3,2 0,63 1,1 0,97 0,35 0,15
Сохтмон 27 117,46 11,6 21,78 25,98 20,7 22,2 15,2
Ҷамъ дар бахши иқтисодиёт 91 225,02 20,57 48,13 55,03 42,73 36,08 22,48
Маориф 27 43,3 3,95 6,2 4,95 7,2 11 10
Тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 29 8,82 1,96 2,15 1,85 1,4 0,78 0,68
Фарҳанг 9 7,55 1,535 3,335 2,035 0,445 0,15 0,05
Сайёҳӣ 4 1,1 0,1 0,8 0,1 0,1
Варзиш ва ҷавонон 11 5,25 1,25 1,75 1,15 0,65 0,2 0,25
Ҷамъ дар бахши иҷтимоиёт 83 66,02 8,695 13,535 9,985 10,495 12,23 11,08
ХМК 7 23,83 10,33 3,40 3,10 2,00 3,00 2,00
Обтаъминкунӣ 13 34,39 2,97 8,79 8,4 6,4 6,08 1,75
Нақлиёт 13 35 5,2 6,65 5,7 6,55 6,35 4,55
Барқтаъминкунӣ 32 104,66 14,013 5,688 1,478 2,883 40,963 39,635
ҲФ ва ҳифзи муҳити зист 5 3,15 0,11 0,11 0,31 0,51 0,71 1,4
Ҷамъ дар бахши инфрасохтор, ҳолатҳои фавкулодда ва ҳифҳи муҳити зист 70 201,03 32,623 24,638 18,988 18,343 57,103 49,335
Ҳамагӣ, арзиши умумии Барнома 241 492,07 61,888 86,303 84,003 71,568 105,413 82,895

Харитаи ҳудудҳои маъмурии шаҳри Турсунзода

БОБИ 1. ҲОЛАТИ УМУМӢ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ВОҚЕЪИИ ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА

 

Сохтори маъмурию ҳудудӣ. Масоҳати шаҳри Турсунзода 1175,39 км2-ро ташкил медиҳад. Аз рўи сохтори ҳудудию маъмурӣ, шаҳри Турсунзода ба 9 ҷамоатҳои деҳот тақсим мешавад (аз ҷумла ҷамоатҳои деҳоти Сешанбе, 10-солагии Истиқлолият, Пахтаобод, Навобод, Қаратоғ, Турсун Туйчиев, Работ, Ҷўра Раҳмонов, Регар) ва бо ноҳияи Шаҳринав ва вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон ҳамсарҳад мебошад. Масофа аз маркази шаҳри Турсунзода то шаҳри Душанбе 55 км мебошад.

Маълумоти таърихӣ. Шаҳри Турсунзода таърихи бештар аз 2500-сола дорад. Дар водии Ҳисор бештар аз 160 мавзеъҳои таърихию археологиро олимон таҳқиқ намудаанд, ки қисми зиёди онҳо дар ҳудуди шаҳри имрузаи Турсунзода ҷойгир мебошанд. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, вожаи «Регар» ба се калимаю ибораи исми хос: «Регардарё», «Корхонаи рехтагарӣ» ва «Масҷиди Ҳоҷа Орифи Ревгарӣ» мансуб мебошад.

Мутобиқи ҳуҷҷатҳои таърихӣ оид ба таъсиси шаҳри мазкур, соли 1927 дар ҳайати Ҷумҳурии Худмухтори Шўравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон ноҳияи Қаратоғ ва баъд аз таъсисёбии Ҷумҳурии Шўравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон, соли 1929 ноҳияи Шаҳринав ташкил ёфт. 19 январи соли 1935 ноҳияи Шаҳринав ба ду ноҳия: Шаҳринав ва Регар тақсим шуд ва маркази ноҳияи нав шаҳраки Регар (Ҳисори Поён, дар 3 км самти ғарбии шаҳри ҳозираи Турсунзода) интихоб гардид. Моҳи ноябри соли 1936 ноҳияи Регар ба 2 ноҳия: Регар ва Пахтаобод ҷудо шуд (сарҳади ноҳияҳо дарёи Ширкент буд). 19 январи соли 1940 маркази ноҳия аз шаҳраки Регар ба истгоҳи қатораи «Регар» (ҷойи ҳозираи шаҳр) кўчонида шуд ва 7 декабри соли 1952 бо Қарори Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба маркази ноҳия – Регар мақоми шаҳрро доданд. 7 августи соли 1959 ноҳияи Пахтобод ва ҷамоати деҳоти Қаратоғи ноҳияи Шаҳринав ба ноҳияи Регар ҳамроҳ карда шуд. Бо қарори Президиуми Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба ифтихори шоири сулҳпарвари тоҷик Мирзо Турсунзода 17 феврали соли 1978  шаҳри Регар ва 6 декабри соли 1979  ноҳияи Регар номи шаҳри Турсунзодаро гирифтанд.

Маълумоти ҷуғрофӣ. Шаҳри Турсунзода дар қисми ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни арзҳои 38-39 дараҷаи шимолӣ ва дар байни тўли 68-69 дараҷаи шарқӣ ҷойгир шудааст. Масоҳати шаҳри Турсунзода 1175,39 км2 мебошад.

Аз нигоҳи тақсимоти табиӣ–ҷуғрофӣ шаҳри Турсунзода ба водии Ҳисор дохил мешавад. Дар қисми шимолиаш қаторкўҳҳои Маҷитлӣ ва дар қисми ҷанубиаш қаторкўҳҳои Боботоғ тўл кашидаанд.

Релеф. Релефи қисми марказии шаҳр аз водии васеи ҳамвор, қисми ҷанубӣ ва шимолиаш аз теппаҳо ва кўҳҳо иборат аст. Баландиҳои мутлақ дар водӣ 600-800 метр, дар қисми ҷанубӣ то 1500 метр, қисми шимолӣ бошад аз ин зиёдтар қомат рост кардаанд. Баъзе қуллаҳои қаторкўҳи Маҷитлӣ аз сатҳи баҳр дар баландии 4400–4700 метр воқеъ гаштаанд. Шаҳр аз тарафи шимолу шарқ бо ноҳияи Шаҳринав, аз ҷануб ба ғарб бо ноҳияи Сариосиё ва Узуни вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Ўзбекистон ҳамсарҳад аст. Аз қаламрави шаҳри Турсунзода дарёҳои Қаратоғ ва Ширкент ҷорӣ мешаванд. Дарёи Қаратоғ шаҳри Турсунзодаро дар назди деҳаи Батош аз ноҳияи Шаҳринав ҷудо менамояд.  

Иқлим. Шаҳри Турсунзода аз сатҳи баҳр дар баландии 782 метр воқеъ буда, иқлимаш континентии миёна мебошад, ҳарорати миёнаи солона +15,5 С0 ва дар зимистон тағйирёбанда +2+5 С0-ро (дар фасли гармо моҳҳои июн – август  зиёда аз +35 +40 С0) ташкил дода, дар баландиҳо то – 14-20 С0 хунукӣ мушоҳида карда мешавад. Боришот дар фасли сармо то 82 мм, дар фасли баҳор 91 – 99 мм ва дар тирамоҳ бошад нисбатан паст (аз 21 то 30 мм) мушоҳида карда мешавад ва дар тобистон қариб бориш намешавад.

Захираҳои табиӣ. Дар ҳудуди шаҳри Турсунзода аз канданиҳои фоиданок ангиштсанг (кони Тошқўтон ва Анавак), санг, шағал, гил, рег мавҷуд аст. Ҳоло дар шаҳр 10 нуқтаи коркарди санг барои шағал, кони гилхоки Регар – 1 ва Наълбег, нуқтаи қуму шағали Ширкент – III (тобеи ҶСК «Ширкати Алюминии Тоҷик»), карйерҳои коркарди хоки Ширкент –I ва Ширкент –II, (тобеи ҶСШК «Нигора») фаъолият доранд.

Аҳолӣ ва вазъи демографӣ. Аҳолии шаҳри Турсунзода ба ҳолати 1 январи соли 2020 аз рўи маълумоти расмии оморӣ 298474 нафар буда, 3,3% аҳолии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Аз шумораи умумии аҳолӣ 50,6%-ро мардон ва 49,4%-ро занон ташкил медиҳанд. Дар маркази шаҳр 19,3% ва дар деҳот 80,7% аҳолӣ истиқомат менамоянд. Умуман дар давоми солҳои 2010-2019 аҳолии шаҳри Турсунзода 51,8 ҳазор нафар ё 21,4% зиёд шудааст. Зичии ҷойгиршавии аҳолӣ дар 1 километри мураббаъ 254 нафарро ташкил медиҳад.

Нишондиҳандаҳои демографии шаҳри Турсунзода

Нишондиҳандаҳо Воҳиди ченак Шумораи умумии аҳолӣ
Соли 2018 Соли 2019 Соли 2025 (дурнамо)
1 Хоҷагии хонавода адад 38905 39977 45372
2 Аҳолии доимӣ нафар 297024 298474 340101
Аз ин, мард нафар 150294 151028 172091
Зан нафар 146730 147446 168010
3 Шумораи умумии нафақахўрон нафар 22632 23377 27850
Шумораи умумии маъюбон. нафар 4693 4785 5127
Аз ҷумла, кўдакони маъюб (то 18 сола) нафар 758 813 1223
4 Аҳолии қобили меҳнат (захираҳои меҳнатӣ) нафар 187125 188034 214264
Муҳоҷирони меҳнатӣ нафар 14126 14880 15750
Бекорон нафар 3048 3115 3548
5 Аҳолии дар иқтисодиёт фаъол нафар 47562 55415 66834
Аз ҷумла, аҳолии дар соҳаи кишоварзӣ машғулбуда нафар 25108 25764 32138
Шумораи субъектони ба соҳибкорӣ машғулбуда адад 8790 8748 9800

Аз шумораи умумии аҳолии қобили меҳнат 29,4 фоиз ба кор машғул буда, 7,9 фоиз дар муҳоҷирати меҳнатӣ ва 1,7 фоиз бекорон мебошанд. Дар давоми солҳои 2015-2019 шумораи бекорон 14 фоиз зиёд гардидааст. Соли 2019 ба Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1866 нафар шаҳрвандони бекор муроҷиат кардаанд (нисбат ба соли 2018 ба андозаи 62 нафар зиёд мебошад), ки аз онҳо 1125 нафарашро занҳо ташкил медиҳанд. Аз 1866 нафар бекорони муроҷиатнамуда, 960 нафар дар соҳаҳои гуногун бо кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин карда шуданд.

Дурнамои афзоиши шумораи аҳолии шаҳр

 

Нишондиҳандаҳо

 

Воҳиди ченак Шумора
с.2021 с.2022 с.2023 с.2024 с.2025
1 Аҳолӣ нафар 311750 318608 325617 332780 340101
2 Аз он ҷумла:

Мардҳо

 

нафар

 

157746

 

161216

 

164762

 

168387

 

172091

3 Занҳо нафар 154004 157392 160855 164393 168010

Барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани бекорон дар доираи Барномаи мазкур дар давоми солҳои 2020-2025 ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ, дар заминаи бунёди коргоҳҳои истихроҷ, коркард ва содироти ашёи хоми маҳаллӣ пешбинӣ мегардад, ки ин ба коҳиши сатҳи бекорӣ ва баланд гаштани сатҳи некўаҳволии мардум мусоидат менамояд. Мақсади асосӣ дар ин самт тавассути ба кор даровардани иқтидорҳои мавҷуда ва нав,  таъсис додани ҷойҳои кории нави пурмаҳсул дар солҳои минбаъда мебошад. Сатҳи баланди бекорӣ асосан дар деҳот мушоҳида мегардад. Аҳолии аксарияти деҳаҳо ба чорводорӣ ва боғдорӣ машгул буда, дар доираи татбики Барнома самтхои нави фаъолият барои онхо, аз чумла коркарди нихоии махсулоти растанипарварию боғдорӣ ва чорводорӣ пешбинӣ мегардад

Шумораи аҳолӣ аз рўи ҷамоатҳо ба ҳолати 1 январи соли 2020

Ҷамоатҳои деҳот Шумораи деҳаҳо Шумораи хоҷагиҳо Шумораи аҳолӣ
Сешанбе 6 2192 16682
10 солагии Истиқлолият 19 5821 32343
Пахтаобод 3 1705 10279
Навобод 18 6666 41913
Қаратоғ 24 6179 44536
Турсун Туйчиев 19 5562 26140
Работ 10 1963 15270
Ҷўра Раҳмон 18 6139 38652
Регар 11 3750 21956
Ҳамагӣ: 128 39977 247771

 

Аз рўи мансубияти миллӣ 58,1%-и аҳолии шаҳрро тоҷикон, 35,7%-ро ўзбекҳо ва 6,2%-ро русҳо ва дигар миллатҳо ташкил медиҳанд.

Шароити иқтисодӣ ва тамоюлҳои асосии иқтисодию иҷтимоӣ. Дар шаҳри Турсунзода ду истгоҳи роҳи оҳан: истгоҳи роҳи оҳани «Регар» ва истгоҳи роҳи оҳани «Пахтаобод» мавҷуданд. Ҳамчунин дар зертобеи истгоҳи роҳи оҳани «Регар», истгоҳи роҳи оҳани «Сешанбе» фаъолият дорад, ки дар ҳудуди ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҷойгир буда, танҳо барои эхтиёҷоти истеҳсолии корхонаи мазкур хизмат мерасонад.

Корхонаи Роҳи оҳани «Регар» аз соли 1929 фаъолият дошта, дар рушди иқтисодии шаҳр нақши назаррас дорад. Тавассути ин роҳ яке аз корхонаҳои бузургтарини минтақаи Осиёи Миёна – ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо ашёи хом таъмин мегардад ва маҳсулоти ин корхона ба давлатҳои хориҷӣ содирот мегардад. Аз лиҳози иқтисодӣ шаҳри Турсунзода яке аз минтақаҳои калонтарини саноатии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар ҳудуди он 42 адад корхонаи саноатӣ, аз ҷумла ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик», КФД «Алюминсохтмон», ҶСП «Ноқили Турсунзода», ҶДММ «Сомон-Турон», ҶДММ «Дорвин-Пласт», ҶДММ «Нигора», ҶДММ «ТОҶ-МОЛ», ҶДММ «Хоҷи Қурбон-1», ҶДММ «Сардор 2008», ҶДММ «Умед-2016»,ҶДММ «Вежа»,ҶДММ «Регу шағали Янгибоғ», ҶДММ «Вежа Фармасевтикалс», ҶДММ «Саркор-2015», ҶДММ «Шарор», ҶДММ «Композит», ҶДММ «Ширин ва Парвин», ҶДММ «Регар Геха», Қитъаи №3 қурғонча, ҶДММ «Саломиён-С», ҶДММ «КТ Талко Узавто Трак», ҶДММ «Аминҷон 2013», ҶДММ «ШТМ Талко-Крантас» ҶСНК «Ҳ.Манонов», ҶДММ «Шаҳрод», ҶДММ «Анавак» ва КФД «КА Истиқлол» ва дигар корхонаҳо фаъолият доранд, ки истеҳсоли маҳсулот дар онҳо бо ашёи хоми маҳаллӣ ва берунӣ ба роҳ монда шудааст. Дар сохтори соҳавӣ ҳиссаи нисбатан зиёдро (67,8%) истеҳсол ва коркарди маҳсулоти алюминӣ ташкил медиҳад.

  Молхои содироти дар умум 26,6% хачми гардиши умумии тичорати хоричиро ташкил менемоянд ва асосан алюминии аввалия (67,8%), нахи пахта (1,4%), маҳсулотҳои кишоварзи (0,8%), семент (3,9%) ва қувваи барқ (12,2%) ташкил медиҳад, ки аз ҷумҳурӣ тавассути  Раёсати минтақавии гумрук дар шаҳри Турсунзода содирот гашта, боҷи содиротии онҳо ба буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт гардидааст.

Феълан дар корхонаҳои саноатии шаҳр зиёда аз 8,2 ҳазор нафар коргарон бо кор магуланд.

Маҷмўи маҳсулоти минтақавии шаҳри Турсунзода. Ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда, кор, савдо  ва хизматрасонӣ дар соли 2019 дар шаҳри Турсунзода дар соҳаҳои истеҳсолоти моддӣ 2 515 762 ҳазор сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 106,8% ё ба маблағи 160 164,7 ҳазор сомонӣ  зиёд мебошад.

 

Ҳаҷми умумии маҳсулоти минтақавии истеҳсолшуда(ҳазор сомонӣ)

 

Соҳаҳои истеҳсолӣ

Маблағ

(ҳазор сомонӣ)

Натиҷа

(+,-)

Фоиз

(%)

 

соли 2019

 

соли 2018

Саноат 870449,1 827192,4 +43256,7 105,2
Кишоварзӣ 606075 575887,7 +30187,3 105,2
Сохтмон 133443,8 129834,7 +3609,1 102,8
Хизматрасонӣ 180854,1 162870,2 +17983,9 111,0
Савдо 724940 659812,3 +65127,7 109,9
Ҳамагӣ 2 515 762 2 355 597,3 +160 164,7 106,8

 

Буҷети маҳаллӣ. Дар соли 2019 нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳр 96,0 фоиз иҷро шудааст, аз ҷумла нақшаи тасдиқгардида 128,6 млн. сомонӣ буда, дар асл ба буҷет 123,4 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки нисбати нақша 5,2 млн сомонӣ кам мебошад.

 

 

 

Иҷроиши буҷаи маҳаллӣ ва қисми хароҷоти он дар соли 2019,  (сомонӣ)

 

Нақша Иҷро Фарқият
Фоиз (+:-)
Хароҷот – ҳамагӣ 129 670 473 124 036 998 95,7 – 5 633 475
Мақомоти  роҳбарикунанда 4 287 331 3 981 668 92,9 – 305 663
Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 726 390 668 692 92,1 – 57 698
Соҳаи маориф 81 985 832 79  662 402 97,2 – 2 323 430
Соҳаи тандурустӣ 31 827 175 29 143 279 91,6 – 2 683 896
Суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ 722 798 701 726 97,1 – 21 072
Хоҷагии манзилию  коммуналӣ 5 780 086 5 681 836 98,3 – 98 250
Фарҳанг ва варзиш 3 198 751 3 173 105 99,2 – 25 646
Хоҷагии  қишлоқ 719 900 603 890 83,9 – 116 010
Нақлиёт ва коммуникатсия 421 000 420 400 99,9 – 600
Фонди  захиравии раиси шаҳр 1 210 0 0 – 1 210

 

БОБИ  2.  ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА ДАР СОЛИ 2025

2.1. Татбиқи барномаи қаблӣ ва сабақҳои андӯхта.

Дар давоми амалишавии барнома тайи солҳои 2015-2019 соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба дастовардҳои назаррас ноил гардид. Соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ рушд ёфта, соли 2019 дар муқоиса ба соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 5,2 фоиз ва кишоварзӣ 5,3 фоиз зиёд шудааст. Инчунин дар соли 2019 ҳаҷми гардиши савдои чакана нисбат ба соли 2018 ба андозаи 9,9% ва хизматрасониҳои пулакӣ 11% афзоиш ёфтааст.

Ҳаҷми маҷмўи маҳсулоти минтақавӣ (МММ) аз 483 млн. сомонии соли 2015 ба 2,5 млрд. сомонӣ дар соли 2019 расидааст. Ба ҳар нафар аҳолӣ МММ дар соли 2019 ба 8,4 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли 2000 ба андозаи 8 маротиба афзудааст. Музди миёнаи меҳнат 4 маротиба, андозаи миёнаи нафақа 2 маротиба, даромади пулии аҳолӣ 39 маротиба, ҳаҷми пасандозҳо 41 маротиба зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ дар шаҳр беш аз ду маротиба коҳиш ёфтааст.

Шаҳри Турсунзода дар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ мақоми хоса дошта, ҳиссаи маҳсулоти корхонаҳои саноатии шаҳр аз 3,3% ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2000 ба 9,2%-и соли 2019-ум расонида шуд, ки 5,9 банди фоизӣ зиёд аст.

Аз соли 2015 то соли 2019 ба шаҳри Турсунзода 35,7 млн. доллари ИМА сармоягузориҳо ҷалб шудааст, ки аз ин 3,7 млн. долл. ИМА ба сармоягузориҳои мустақим ва 1,4 млн. долл. ИМА ба қарзҳои аз ҷониби корхонаву ташкилотҳо ҷалбгардида рост меояд. Ҳамзамон, дар ин давра барои рушди бахшҳои мухталифи иқтисодию иҷтимоии шаҳр 20 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 21,8 млн. доллари ИМА татбиқ гардида, дар мавриди ҳозира татбики 5 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 2,4 млн. доллари ИМА идома дорад.

Дар натиҷаи татбиқи Барномаи қаблии рушди шаҳр дар солҳои 2015-2019 дар соҳаҳои иқтисодӣ 51 лоиҳа, аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба маблағи зиёда аз 429,5 млн. сомонӣ татбиқ шудааст. Дар раванди татбиқи барнома 12 корхонаи нави хурди саноатӣ  бунёд гардида, дар маҷмўъ 14 ҳазор ҷойи кории доимӣ таъсис дода шуд.

Дар соҳаҳои иҷтимоӣ 37 лоиҳа ба маблағи 41,7 млн. сомонӣ татбиқ гашта, дар натиҷа 4 муассисаи таълимии замонавӣ, боғчаи бачагона, сифхонаҳои иловагӣ, бунгоҳҳои тибиӣ, марказҳои ташхисӣ, маркази табобати хусусӣ, маркази дандонпизишкӣ, маҷмаи варзишӣ дар маркази шаҳру деҳаҳо ва майдончаҳои варзишӣ бунёд шудааст.

Дар соҳаи инфрасохтор 30 лоиҳа ба маблағи 69,05 млн. сомонӣ татбиқ гардида, шабакаи обтаъминкунӣ таҷдиду азнавсозӣ гашта, қисман дастрасии аҳолӣ ба оби нўшокӣ беҳтар гардид, азнавсозии шабакаи корезӣ, азнавсозии зеристгоҳи барқӣ ва хатти интиқоли барқ ба масофаи 27,3 км ба анҷом расонида шуда, роҳҳо ба масофаи 31 км ва терминалӣ боркашонӣ таъмиру барқарор гардидиданд.

Дар бахши экология ва ҳолатҳои фавқулодда 10 лоиҳа ба маблағи 4,3 млн. сомонӣ (ё 181%) амалӣ шуда, корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ иҷро гардида, хавфи офатҳои табиӣ пешгирӣ карда шудааст.

Дар маҷмуъ аз 173 лоиҳаи ба Барнома воридгардида 128 лоиҳа иҷро гардида, 45 лоиҳа бо сабаби дарёфт нагаштани манбаи маблағгузорӣ иҷро нагардидааст. Аз шумораи умумии лоиҳаҳои иҷронашуда 4 лоиҳаи афзалиятнок ба барномаи нави рушди шаҳр ворид карда шуд. Яке аз сабабҳои асосии иҷро нагаштани лоиҳаҳои зикргардида – аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор андешида нашудани тадбирҳои мушаххас вобаста ба татбиқи амалии лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар шаҳри Турсунзода, хусусан аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ мебошад, ки ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии иҷроиши аслии барномаи қаблӣ хеле ночиз мебошад. Сабаби дигари ичро нашудани лоихахо, ба инобат нагирифтани имкониятхои вокеъии сохибкорони махалли хангоми тахияи барномаи кабли мебошад.

Дар натиҷаи татбиқи барномаи қаблии рушди шаҳри Турсунзода дар давоми солҳои 2015-2019 мактабҳо барои 3100 ҷойи нишаст, дармонгоҳҳо барои  қабули 70 нафар дар як баст, шифохонаҳо барои 45 кат, манзилҳои истиқоматӣ дар масоҳати 34500 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуда, 21,7 км хатҳои таъминоти оби нўшокӣ, 38,2 км роҳҳои автомобилгард ва 355 метр пулҳои одамгузару мошингард, 41 км хатҳои интиқоли барқ бунёду таъмир ва таҷдиду азнавсозӣ гаштанд.

Дар соли 2019 нисбат ба соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 29%, кишоварзӣ 37%, хизматрасонии пулакӣ 44%, савдо 26%  ва пасандозҳои пулии аҳолӣ 28,5%, даромади буҷети шаҳр 51% афзоиш ёфта, дар ин давра тавассути бунёд намудани 12 корхонаю коргохи нави истеҳсолӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоию саноатӣ 9580 ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Дар давраи татбиқи барномаи қаблӣ дар солҳои 2015-2019 ба маблағи 86 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода супорида шуда, ба маблағи 377,7 млн. сомонӣ корҳои пудратӣ ва сохтмону васлкунӣ иҷро гардидаанд.

Нишондиҳандаҳои рушди шаҳри Турсунзода то соли 2025

Нишондиҳандаҳо Воҳиди ченак Соли 2015 Соли 2019 Соли 2022

(дурнамо)

Соли 2025 (дурнамо)
Буҷети маҳаллии шаҳр Млн.сомонӣ 94,6 123,4 133,3 174,0
Истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ Млн.сомонӣ 555,4 870,4 1079,3 1227,3
Аз ҷумла, алюминий Ҳазор тонна 103,1 100,8 125,0 142,1
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ Млн.сомонӣ 502,5 606,1 751,6 854,6
Корҳои сохтмонӣ Млн.сомонӣ 154,1 133,4 165,4 188,1
Ба истифода супоридани фондҳои асосӣ Млн.сомонӣ 39,7 46,3 57,4 65,3
Иҷрои корҳои пудратӣ ва сохтмону васлкунӣ Млн.сомонӣ 194,9 182,8 226,7 257,7
Хизматрасонии пулакӣ Млн.сомонӣ 190,0 180,8 224,2 255,0
Савдо Млн.сомонӣ 506,7 724,9 898,9 1022,1
Корхонаҳои нави истеҳсолӣ (адад) Млн.сомонӣ 38 42 50 55
Ташкили ҷойҳои кории нав Адад 3889 2829 3508 3989
Манзили истиқоматӣ М2 23751 44051,2 54623,5 62112,2
Хатҳои оби нўшоки м 1560 7300 8852 10243
Хатҳои нави интиқоли барқ м 1456 1548 1920 2183
Дарозии роҳҳои таҷдиду баркароршуда км 87,0 86,0 106,6 121,3
Ташкили чойҳои нави нишаст дар муассисахои таълимӣ адад 1611 944 1171 1331
Шумораи чойхо дар муассисаҳои томактабӣ барои фарогирии кўдакон ҷой  

2592

 

2677

 

3319

 

3774

Маблағи қарзҳои додашуда Млн.сомлнӣ 144,2 225,3 279,4 317,7
Маблағи интиқолгардида Млн.сомонӣ 687,8 1089,7 1351,2 1536,5
Майдони заминҳои  холати мелиоратиашон беҳтаркардашуда гектар  

155

 

233

 

289

 

328,5

Азхудкунии заминҳои нав гектар 11 16 20

2.2. Тарафҳои қавӣ, заиф, имкониятҳо ва хатарҳо (SWOT – таҳлили шаҳри Турсунзода)

 

Тарафҳои қавӣ Тарафҳои заиф
·     Мавҷудияти инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла роҳи оҳан ва шоҳроҳи мошингарди байналмилалӣ;

·     Мавқеи хуби ҷуғрофӣ, ба пойтахти ҷумҳурӣ наздик будани шаҳр ва ҷойгир будани он дар минтақаи  наздисарҳадӣ;

·     Мавҷудияти иктидорхои бузурги саноатӣ,  бахусус ҶСК “Ширкати алюминийи тоҷик” дар ҳудуди шаҳр;

·     Рушди устувори муносибатҳои иқтисодӣ бо Ҷумҳурии Узбекистон;

·     Мавҷуд будани захираҳои  меҳнатии баландихтисос ва озод дар ҳудуди шаҳр;

·     Шароити хуби иқлим барои парвариши зироатҳои кишоварзӣ, махсусан пахтакорӣ, боғу токпарварӣ,  сабзавот ва полезиҳо;

·     Мавҷуд будани талабот ба маҳсулоти кишоварзӣ дар бозори дохилию берунӣ;

·     Мавҷуд будани ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, истироҳатгоҳҳо барои рушди соҳаи сайёҳии дохилию берунӣ;

·     Мавҷудияти барномаи стратегии рушди кишвар.

·     Ҷалби нокифояи сармояи мустақими хориҷӣ ҷиҳатӣ татбиқи лоиҳаҳо барои рушди шаҳр;

·     Дар сатҳи зарури истифода нагаштани усулҳои муосири маркетинг ва менеҷмент;

·     Рушди нокифояи хизматрасониҳои электронӣ ва суръати сусти интернет;

·     Истифодаи нокифояи мутахассисони технологияхои иттилоотию коммуникатсионӣ бобати идоракунии таҷҳизотҳои технологии истеҳсолии саноатӣ;

·     Бо иқтидори пурра фаъолият накардани корхонаҳои саноатӣ;

·     Таъмирталаб гаштани  иншоотҳои обтаъминкунӣ;

·     Пурра таъмин набудани хоҷагиҳои кишоварзи бо техникаи муосири кишоварзӣ;

·     Рушди нокифояи инфрасохтори сайёҳӣ;

·     Ҷалби нокифояи маблагҳои мутамаркази буҷети ҷумҳуриявӣ барои тармими ёдгориҳои таърихӣ.

Имкониятҳо Хатарҳо
·     Ташкил намудани кластерҳои саноатию аграрӣ;

·     Татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор;

·     Таквияти иктидори истехсолии корхонахои саноатӣ;

·     Истифодаи самараноки имкониятҳои транзитии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон;

·     Рушди ҳунарҳои мардумӣ ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти тозаи экологӣ.

·     Ташкил намудани парки технологӣ ва маркази логистикӣ;

·     Таъсиси  минтақаи озоди иқтисодӣ;

·     Ҷалби бештари сармояи дохилию хориҷӣ барои татбиқи самараноки лоиҳаҳои сармоягузорӣ;

·     Ташкили инфрасохтори мувофик барои рушди сайёҳӣ;

·     Таваррум;

·     Коҳиши нархи алюминий дар бозори ҷаҳонӣ;

·     Таъсири манфии ҳашаротҳои зараррасон ба зироатхои кишоварз;

·     Руй додани офатҳои табиӣ.

 

 

2.3. Биниш, ҳадаф, афзалиятҳо ва вазифаҳо то соли 2025

Шаҳри Турсунзода минтақаи рушдёфтаи саноатию инноватсионӣ, дорои инфрасохтори муосири иҷтимоию сайёҳӣ ва шароити мусоиди сармоягузорию соҳибкории хурду миёна, муҳити зисти тозаю шоиста, мавзеи мутараққии агросаноатӣ, бо корхонаҳои нави муҷаҳҳазгардонидашудаи коркарди маҳсулоти саноатию кишоварзӣ бо истифодаи ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсоли масолеҳи хўрокворию фармасевтӣ ва бинокорӣ, ки дар он аҳолии соҳибзавқу бофарҳанг ва меҳмоннавозу ҳунарманд зиндагию фаъолият намуда, аз хизматрасониҳои босифати иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию фарогатӣ бархурдоранд.

Ҳадафи асосии Барномаи мазкур – беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ тавассути таъмини рушди босуботи иқтисодӣ дар заминаи ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ мебошад.

Барои то соли 2025 ноил гаштан ба ҳадафи мазкур зерҳадафҳои зерин муайян шудаанд:

  • ба шаҳри рушдёфтаи дорои технологияҳои инноватсионии саноатию аграрӣ ва фарҳангию сайёҳӣ табдил додани шаҳри Турсунзода
  • ташкил намудани шароити шоистаи зиндагӣ ва кору фаъолият барои аҳолӣ.

 

   2.4. Афзалиятҳои асосӣ:

  • таҷдиду азнавсозии воситаҳои истеҳсолот;
  • тақвияти равандҳои такрористеҳсолкунӣ ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодӣ тавассути ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ;
  • ворид намудани технологияҳои муосири инноватсионӣ ва ба роҳ мондани истифодаи самараноки он;
  • рушди соҳибкории истеҳсолии рақобатпазир;
  • татбиқи самараноки Нақшаи генералии шаҳр;
  • таъмини дастрасии пурраи аҳолии шаҳру деҳот ба оби тозаи ошомиданӣ;
  • таҷдиду азнавсозии шабакаи ташнобу коррез ва иншооти пасобтозакунӣ;
  • беҳтар намудани инфрасохтори мавҷуда (сохтмон, хоҷагии манзилию коммуналӣ, алоқа, нақлиёт, энергетика) ва инфрасохтори дастраси иҷтимоӣ бо назардошти талаботҳои меъёрҳои байналмилалӣ;
  • беҳтар намудани сатҳи дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ;
  • тақвияти тадбирҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва пешгирии хавфи офатҳои табиӣ;
  • тавсеаи хизматрасониҳои коммуналӣ дар деҳот;

Барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда, дар доираи Барномаи мазкур, вазифаҳои зерин гузошта шудаанд:

Ба шаҳри рушдёфтаи дорои технологияҳои инноватсионии саноатию аграрӣ ва фарҳангию сайёҳӣ табдил додани шаҳри Турсунзода:

  • ташкил намудани кластерҳои муосири саноатию аграрӣ;
  • сохтмон ва ба истифода супоридани корхонаҳои истеҳсолии нав бо таҷҳизоту технологияи муосир;
  • пурра ба кор даровардани иқтидорҳои саноатии корхонаҳои мавҷуда;
  • ташаккули кластерҳои саноатӣ, аз ҷумла оид ба саноати сабук, хўрокворӣ, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (маҳсулоти гўштӣ, ширӣ ва меваю сабзавот) ва масолеҳи бинокорӣ;
  • зиёд намудани теъдоди гармхонаҳои муосир барои парвариш ва бунёд намудани сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;
  • тақвияти иқтидори корхонаҳои паррандапарварӣ ва хоҷагиҳои моҳипарварӣ;
  • беҳтар намудани инфрасохтори хизматрасониҳои соҳаи фарҳангу фароғат тавассути бунёд ва таҷдиду азнавсозии боғҳои фарҳангию фароғатӣ;
  • пурра таъмин намудани муассисаҳои соҳаи фарҳанги шаҳр ва деҳот бо таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ;
  • таъмини дастрасӣ ба интернети баландсуръат бо мавзеъҳои дорои Wi-Fi ва сифати баланди хизматрасонии сайёҳӣ, аз ҷумла паркингҳо, меҳмонхонаҳо, гестхаузҳо, кемпингҳо, хостелҳо ва ғайра;
  • бунёди маҷмааҳои сайёҳию этнографӣ, нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ барои тарғиб ва савдои маҳсулоти ҳунармандони маҳаллӣ ва брендҳои миллӣ.

 

Дар самти ташкил намудани шароити шоистаи зиндагӣ ва кору фаъолият барои аҳолӣ:

  • истифодаи самараноки имкониятҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
  • тақвияти иқтидорҳои саноатӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда ва воридотивазкунанда;
  • истифодаи шаклҳои муосири идоракунии шаҳрдорию хизматрасонӣ;
  • беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ ба манзили арзон ва босифату дастрас;
  • дастрасии сокинони шаҳр ба интернети баландсуръат ва шабакаҳои муосири алоқаи электронӣ;
  • ҳавасмандсозии аҳолӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ барои ҳифзи муҳити зист;
  • таъмини назорат ва иҷрои риояи меъёрҳои меъморию сохтмонӣ ҳангоми сохтмон ва истифодаи иншоотҳо;
  • истифодаи шаклҳои алтернативии истеҳсоли нерўи барқ;
  • беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи савдо ва бозори истеъмолӣ;
  • коҳиш додани талафоти неруи барқ;
  • таҷдиду азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ ва роҳҳои дохилихоҷагию байнихоҷагӣ;
  • беҳтар намудани сатҳи таъминоти сокинони деҳот бо оби нўшокӣ, баланд бардоштани сатҳи санитария ва беҳдошт;
  • таҷдиду барқарорсозии корхонаи гармидиҳии шаҳри Турсунзода ва таъмини манзили сокинон ва ташкилоту муассисаҳои маркази шаҳр бо нерўи гармӣ;
  • мукаммалгардонӣ ва тақвияти хизматрасониҳои коммуналӣ дар шаҳр ва деҳот;
  • ташаккули ҷузъҳои ҳукумати электронӣ тавассути ҷорӣ намудани хизматрасониҳои электронӣ дар тамоми сатҳҳо ва соҳаҳо.

 

 

            СТРАТЕГИЯИ РУШДИ СОҲАҲОИ АСОСӢ

 

            БОБИ 3. РУШДИ УСТУВОРИ ИҚТИСОДӢ

 

            3.1. САНОАТ  

 

            Соҳаи саноати шаҳри Турсунзода яке аз ҷузъҳои асосии саноати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад, зеро корхонаи калонтарини саноатии ҷумҳурӣ – ҶСК “Ширкати Алюминии Тоҷик”, дар ин шаҳр ҷойгир мебошад. Таҳлили нишондиҳандаи оморӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар давраи солҳои 2015-2019 дар шаҳри Турсунзода тамоюли тағйрёбанда дошта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар солҳои 2016 ва 2017 мутаносибан ба 91,0 ва 99,5 фоизи сатҳи соли 2015 баробар гаштааст, яъне коҳиш ёфтааст, вале ин нишондиҳанда дар соли 2019 нисбат ба соли 2015 зиёда аз 56 фоиз афзоиш ёфтааст. Тамоюли тағйирёбии ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ҶСК “Ширкати Алюминии Тоҷик” вобастагии бевосита дорад.

               Дар соли 2019 маҳсулоти истеҳсолнамудаи ҶСК “Ширкати Алюминии Тоҷик”  440,3 млн. сомониро ташкил дод, ки он 8,7 фоиз нисбати соли 2018 зиёд буда, бо вазни қиёсӣ бошад, 100,8 ҳазор тонна алюминийи аввалия истеҳсол (5,8 ҳазор тонна зиёд) шудааст.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар солҳои 2015-2019 ва дурнамои рушди он то соли 2025

               Нақши корхонаҳои саноатӣ дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ назаррас буда, соли 2019 ҳиссаи шуғл дар онҳо 14,3 фоизро ташкил дод. Ҳиссаи маҳсулоти саноатии дар соли 2019 истеҳсолнамудаи шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 3,3 фоизи истеҳсоли умумии маҳсулоти саноатии ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Нишондиҳандаи мазкур дар муқоиса ба соли 2010 ба андозаи 34,4% ва нисбат ба соли 2015 ба андозаи 38% коҳиш ёфтааст.

               Бо назардошти таъмини иҷрои ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат, рушди минбаъдаи саноати шаҳр дар заминаи тақвияти фаъолияти истеҳсолӣ тавассути ба кор андохтани иқтидорҳои нав ва иловагии ҶСК “Ширкати Алюминии Тоҷик” (таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳои зерсохтории он, азнавсозии таҷҳизотҳои технологии корхонаи мазкур) пешбинӣ мегардад.

               Ҳамзамон дар раванди татбиқи барнома бояд хавфҳои эҳтимолии таъсири номатлуби омилҳои беруна (масалан, пастшавии нархи алюминий дар бозори чаҳонӣ) ба инобат гирифта шаванд, зеро таъсири онҳо барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда аз эҳтимол дур нест.

               Ҳиссаи корхонаҳои саноатии шаҳр дар ташаккули қисми даромади буҷети маҳаллӣ, дар 5 соли охир, ба ҳисоби миёна 26,2 фоизро ташкил мекунад. Қисми зиёди андозҳои ҶСК “Ширкати Алюминии Тоҷик” мустақиман ба буҷети ҷумҳуриявӣ ворид мегардад.

 

Ҳиссаи корхонаҳои саноатӣ дар воридоти андоз ба буҷети маҳаллӣ дар солҳои 2015-2019 ва дурнамои рушди он барои соли 2025 (бо млн. сомонӣ)

 

Дар соли 2019 дар миқёси шаҳр 42 адад корхонаи саноатӣ мавҷуд буда, аз онҳо 11 корхонаи саноатӣ нисбати соли 2018 кам фаъолият карданд ва 7 адади онҳо бинобар сабабҳои надоштани иҷозатнома, ба фурўш нарафтани маҳсулот ва дигар омилҳои объективӣ муваққатан фаъолият накарданд.

Корхонаҳои саноатии миқёси шаҳр асосан ба истеҳсоли алюминийяи аввалия, ноқилҳои қутрашон гуногуни рўйпушдор ва беруйпуш, маҳсулоти хўрокворӣ (оби нўшокӣ, маҳсулоти қаннодӣ, картошкаи хушк, офтобпараст, маҳсулоти ширӣ), маҳсулоти сохтмонӣ (гаҷ, ранг, эмулсия, ширеши кафел, дару тирезаҳои пластикӣ ва алюминӣ, қуму шағал, маҳсулоти бетонӣ, хишти пухта, хишти сементӣ), маҳсулоти сафолӣ, нахи пахта, маҳсулоти доруворӣ машғул мебошанд. Дар давоми солҳои 2015-2019 номгўи маҳсулотҳои истеҳсолнамудаи корхонаҳои саноатии шаҳр аз 21 намуд то ба 39 намуд зиёд шудааст. Барои таъмини рушди соҳаи саноат ва ноил гардидан ба ҳадафи стратегӣ яъне саноатикунонии босуръати кишвар, дар миқёси шаҳр захираҳо ва имкониятҳои фаровон мавҷуд мебошад.

 Гарчанде, ки соли 2019 бо саҳми якҷояи 42 корхонаи саноатӣ, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳр 870,4 млн сомониро ташкил дода бошад ҳам, он аз нишондиҳандаи соли 2000 (ҳаҷми истеҳсол 1 млрд 690 млн сомонӣ), ки дар он давра 17 корхонаи саноатӣ фаъолият менамуд, тақрибан 2 маротиба ва нисбати нишондиҳандаҳои соли 2010 (ҳаҷми истеҳсол 2 млрд 529 млн сомонӣ) тақрибан 3 маротиба кам мебошад. Яке аз сабабҳои тамоюли мазкур, коҳиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, махсусан аз ҳисоби коҳиши истеҳсоли алюминийи аввалия ва камшавии истеҳсоли маҳсулотҳои алюминии тайёр, бинобар сабаби паст шудани нархи ҷаҳонии алюминий ва монеагиҳо дар масъалаи воридоти ашёи хом (глинозем) барои истеҳсоли алюминий ва ангишти коксшаванда барои истеҳсоли анодҳо мебошад.

Тамоюли тағйирёбии ҳиссаи саноати коркард аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар солҳои 2015-2019 ва дурнамои рушди он то соли 2025 (бо %)

Дар давоми солҳои 2000-2019 дар шаҳр сохтори истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дигаргун гашта, истеҳсоли борҷома, автомашинаҳои коммуналӣ, нефти хом, ноқилҳои гуногун, доруворӣ, нефт, донаҳои офтобпараст ва дигар маҳсулот аз он, равғани растанӣ, картошкаи хушк, сақич, профилҳои пластикӣ (дару тирезаҳо) ва профилҳои алюминӣ, масолеҳи бинокорӣ (аз ҷумла рангҳои деворӣ, ширеши кафель, сангҳои ороишӣ, хишти сафолии ороишӣ), орд ва маҳсулоти қаннодӣ, маснуоти мошинсозӣ (ҷузъҳо ва деталҳои гуногун), маҳсулоти дўзандагӣ (либоси мактабӣ), нўшокиҳои ташнашикан, маҳсулоти ширию гўштӣ, оби ҷав ва хушкмева ба роҳ монда шуд. Аксарияти маҳсулотҳои номбурда то соли 2000 дар шаҳри Турсунзода истеҳсол намегаштанд.

Бо мақсади рушди устувори соҳаи саноат, ташкили заминаи нави андозбандӣ, баланд намудани сатҳи некуаҳволии сокинон ва коҳиши сатҳи бекорӣ, ба мақсад мувофиқ мебошад, ки дар шаҳри Турсунзода бо иҷозат ва мусоидати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин тадбирҳо амалӣ карда шаванд, аз ҷумла:

  • ташкил намудани минтақаи озоди иқтисодӣ;
  • таъсис намудани парки технологии инноватсионӣ,
  • ташкил намудани кластери истеҳсолии саноатию аграрӣ ва маркази нақлиётию логистикӣ, бо мақсади ташкили занҷираи арзиши изофа (истеҳсоли маҳсулот-нигоҳдорӣ-коркард-бастабандӣ-интиқол ва содирот ё савдои он дар бозори дохилию хориҷӣ).

 Татбиқи тадбирҳои мазкур, дар ояндаи миёнамуҳлат ҷиҳати ташкили ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ, воридоти таҷҳизоту технологияҳои иноватсионӣ, ташкили манбаъҳои нави андозбандӣ, афзоиши даромадҳои буҷети давлатӣ ва ғанӣ гаштани хазинаи давлат, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, зиёдшавии даромадҳои пулии аҳолӣ ва баланд шудани сатҳи некуаҳволии сокинони шаҳр мусоидат менамояд.

Барои бо ҷои кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ ва таъмини рушди устувори саноат ва иҷтимоиёту иқтисодиёти шаҳр, дар доираи татбиқи барномаи мазкур, сохтмон ва ба кор андохтани 12 корхонаи нави истеҳсолӣ, ба маблағи 44,61 млн. сомонӣ, тавассути сармояи ватанию хориҷӣ пешбинӣ гардидааст. Корхонаҳои навбунёд дар фаъолияти истеҳсолии хеш асосан аз ашёи хоми маҳаллӣ истифода хоҳанд намуд.  Бояд қайд намуд, ки гарчанде дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Турсунзода ҳамасола пахта кишт ва истеҳсол карда шавад ҳам, аммо он пурра дар корхонаҳои коркарди пахтаи ҳудуди шаҳр коркарди ниҳоӣ карда намешавад. Соли 2019 хоҷагиҳои пахтакори шаҳри Турсунзода 2853 тонна пахтаи хом истеҳсол намуданд, ки дар сурати пурра коркард намудани он имконияти истеҳсол намудани 1,3 ҳазор тонна нахи пахта пайдо мешуд. Мутаассифона ҳаҷми коркарди пахта дар шаҳр ҳамасола коҳиш ёфта истодааст. Яке аз сабабҳои коҳиши ҳаҷми коркарди пахта он аст, ки иқтидори умумии корхонаҳои коркарди пахтаи шаҳр (асосан ҶСК “Ҳасан Манонов” бо иқтидори 30 ҳазор тонна пахта ва ҶСК “Утаган-К” бо иқтидори 4 ҳазор тонна пахта) аз ҳаҷми истеҳсоли пахта 8 маротиба зиёд буда, солҳои қаблӣ корхонаҳои мазкур барои фаъолият ҳатто аз дигар ноҳияҳо пахта дастрас менамуданд ва нисбати ҳолати кунунӣ самаранокии иқтисодии бештар доштанд.

Дар давраи миёнамўҳлат, дар доираи татбиқи барномаи мазкур, барои тақвияти рушди устувори минбаъдаи соҳаи саноат афзалияти асосӣ ба соҳаҳои зерин дода мешавад:

  • саноати коркард, аз ҷумла истеҳсоли алюминий, маҳсулоти коркарди алюминий (ноқилҳои қутри (диаметри) гуногун, профилҳо, асбобҳои рўзғор ва ғайра), масолеҳи бинокорӣ, чиниворӣ ва ғайра;
  • коркарди ашёи хоми ватанӣ (маҳсулоти кишоварзӣ, меваю сабзавот, коркарди пахта, пашм ва пўст, истеҳсоли афшура ва обҳои ташнашикан, оби ҷав ва дигарҳо);
  • фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати рушди коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ.

Тадбирҳои дар соҳаи саноат пешбинигардида имконият медиҳанд, ки то соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 3 баробар (бо нархҳои ҷорӣ) зиёд гашта, беш аз 7900 ҷойи кори доимӣ ва 11000 ҷойи кори мавсимӣ ташкил гардида, барои таъмини вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, тавассути саноаткунонӣ, заминаи мусоид фароҳам оварда шавад.

3.1.1. Мушкилоти асосӣ:

 

  • нокифоягии ҳаҷми маблағҳои фондҳои гардони корхонаҳои саноатӣ ва ҷалби нокифояи сармояи мустақими хориҷӣ барои рушди соҳаи саноат;
  • сатҳи баланди фоизи қарзҳои бонкӣ;
  • истифода нагаштани механизми лизинг барои рушди саноат;
  • сатҳи пасти фаъолияти инноватсионӣ ва сармоягузорӣ дар сохаи саноат;
  • бо иқтидори лоиҳавӣ фаъолият накардани корхонаҳо;
  • рақобатнопазирии маҳсулоти аксари коргоҳҳои саноатии шаҳр;
  • истифодаи нокифоя ва ғайрисамараноки захираҳои мавҷуда (аз ҷумла, захираҳои меҳнатӣ, табиӣ ва ашёи хоми маҳаллӣ);
  • истифода нагаштани унсурҳои маркетинг барои таъмини фаъолияти самараноки корхонаҳо;
  • зиёдшавии ҳамасолаи нархи барқ.

 

3.1.2.Вазифаҳои асосӣ:

  • ҷалби сармояи мустақими хориҷию ватанӣ барои рушди саноат;
  • ба роҳ мондани амалиётҳои лизинг барои рушди соҳаи саноат;
  • ташкил намудани кластерҳои саноатиию соҳибкории истеҳсолӣ;
  • бунёди корхонаҳои нави саноатӣ, ба кор даровардани иқтидорҳои бекорхобида, муҷаҳҳазгардонии онҳо бо таҷҳизоти муосир, истеҳсоли маҳсулоти саноатии рақобатпазир;
  • ворид намудани технологияҳои саноатии инноватсионии коркард ва содироти маҳсулоти маҳаллии саноатӣ ва кишоварзӣ;
  • таъсис додани занҷираи арзиши изофа тавассути корхонаҳои истеҳсол-интиқол-коркард-нигоҳдорӣ-бастабандӣ-содирот;
  • дар заминаи корхонаҳои мавҷудаи саноатӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли таҷҳизотҳо барои истифодаи имконияти сарчашмаҳои алтернативӣ ва барқароршавандаи неруи барқ дар коргоҳҳои нави хурди саноатӣ;
  • ташкил намудани ҷойҳои нави кории доимӣ ва самаранок.

3.1.4. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • афзоиши ҳиссаи саноат дар ташаккули маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ ва дар сатҳи миллӣ дар ММД;
  • зиёд гаштани ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ аз ҳисоби фаъолияти корхонаҳои саноатӣ;
  • ташкил гаштани 7,9 ҳазор ҷойҳои нави корӣ;
  • таъмин гаштани шуғли пурмаҳсул;
  • афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ то 35%;
  • афзоиши сатҳи рақобатпазирии маҳсулот;
  • зиёдшавии ҳаҷми содирот то 20%;
  • баланд гаштани сатҳи донишу малакаи мутахассисони маҳаллӣ дар идоракунии технологияҳои инноватсионӣ.

 

 

3.2. Шарикии давлат ва бахши хусусӣ

 

3.2.1 Ҳолати кунунӣ.

Соҳибкории хурду миёна заминаи асосии рушди соҳаҳои иқтисодиёт маҳсуб меёбад. Соҳибкории хурду миёна дар ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар истеҳсолот, муҳаё намудани ҷойҳои нави корӣ ва таъмини самаранокии идоракунии равандҳои иқтисодӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ нақши муҳим дорад.

Рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ дар ҷумҳурӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ” амалӣ мегардад, ки он асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии шарикии давлат ва бахши хусусӣ (минбаъд – ШДБХ), тартиби татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусиро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд.

Мақсади асосии шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ҷалби сармоягузории бахши хусусӣ ба иқтисодиёти шаҳр, таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои инфрасохторӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо буда, он дар татбиқи амалии лоиҳаҳои барномаҳои рушди маҳал нақши калидиро мебозад.

Фаъолияти соҳибкории хурду миёна дар шаҳри Турсунзода бештар дар соҳаҳои кишоварзӣ, тиҷорат ва хизматрасониҳои маишӣ ба назар мерасад.

Саҳми бахши хусусӣ дар рушди иқтисодиёти шаҳр, махсусан дар рушди инфрасохтори аввалиндараҷа, идомаи корҳои бундёкорию созандагӣ, беҳтар намудани ҳолати хизматрасониҳо дар соҳаҳои гуногун, рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ва дар ин замина таъсис додани ҷойҳои нави корӣ назаррас мебошад.

Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ зиёд шуда бошад ҳам, мутаассифона, рушди соҳибкории истеҳсолии ба содирот нигаронидашуда  аз нигоҳи иқтисодӣ дар шаҳр фаъолияти самаранок надорад.

Саҳми бештари соҳаи кишоварзӣ (66 фоиз дар шуғли аҳолӣ), ҳиссаи баланди он дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулот 24 фоиз ва дар ҳаҷми умумии андозҳои воридшуда ба буҷети шаҳр 38,4 фоиз аз рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ шаҳодат медиҳад. Бо баробари таъсисёбии корхонаҳо (ба ғайр аз хоҷагиҳои деҳқонӣ), зиёдшавии барҳамхурии онҳо низ мавҷуд мебошад. Гарчанде, ки танҳо дар соли 2019 агар 107 адад субъектҳои соҳибкориии хурду миёна (ба ғайр аз хоҷагиҳои деҳқонӣ) таъсис ёфта бошад ҳам, ҳамзамон 154 субъекти соҳибкорӣ барҳам хурдааст.

Ҳолати кор дар самти дастгирӣ ва рушди шахсони ба таври индивидулӣ тариқи патенту шаҳодатнома фаъолиятбаранда низ, қобили таваҷҷўҳ мебошад. Дар солҳои 2015-2019 шумораи шаҳрвандони тибқи патент ва шаҳодатнома фаъолияти меҳнатӣ дошта ба 3641 нафар зиёд шудааст, вале дар ин давра барҳамхўрии фаъолияти меҳнатии чунин шаҳрвандон 3062 нафар муайян карда шудааст.

 

Маълумот оид ба шумораи соҳибкорони хурду миёна дар шаҳри Турсунзода дар соли 2019

Номи шаҳр Намуди фаъолият тариқи:
Шаҳодатнома Хоҷагии деҳқонӣ Патент Ҳамагӣ
Шаҳри Турсунзода 1493 2060 4315 7868

Ҳиссаи бахши соҳибкорӣ дар ташаккули қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар ду соли охир аз 2,8% то 3,4% зиёд шудааст.

Дар доираи татбици барномаи мазкур бобати рушди сощибкори ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, дастгирии ҳаматарафаи соҳибкорон аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва иҷрои тадбирҳои ба он алоқаманд аз ҳисоби мутахассисони бахшҳои молия, андоз ва сармоягузорӣ пешбинӣ мегардад.

Бо назардошти таҳлилу гуфтаҳои боло бояд қайд кард, ки раванди васеъгардонии шумораи корхонаҳои хурд, алалхусус корхонаҳои хурди истеҳсолӣ тақвияти тадбирҳои иловагиро тақозо менамояд.

Дар шаҳр таъсис додани корхонаҳои хурди истеҳсолӣ оид ба истеҳсоли маводҳои сохтмон, маҳсулоти хўрокворӣ, коргоҳҳо оид ба тайёр намудани доруҳои мухталиф аз гиёҳҳои шифобахши кўҳии минтақа, ташкили ширкатҳои сайёҳии кўҳнавардӣ ва экологию этнографӣ, барои рушди иқтисодиёти шаҳр муфид буда, инкишофи минбаъдаи истеҳсолоти обшои ташнашикан доруворӣ ва масолеҳу маводҳои бинокорӣ (семент, гаҷ, оҳак, хишт, маснуоти оҳану бетон, профил, варақаҳои металлӣ, бомпўш, маводҳои пардозгарӣ ва рангу бор, ва ғайра) имконият фароҳам меорад, ки аҳолӣ аз он даромади иловагӣ гирад.

Ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар шаҳри Турсунзода аз ҳисоби соҳибкорон 5,8 млн сомонӣ маблағи андоз ба буҷети маҳаллӣ ворид гардидааст.

Дар шаҳри Турсунзода бо истифодаи захираҳои маҳаллӣ, имконияти таъсис додани корхона ва коргоҳҳои хурд ва миёнаи истеҳсолие, ки маҳсулоти тайёри рақобатпазир ва хушсифат истеҳсол менамоянд, мавҷуд мебошад. Тасмим гирифта шудааст, ки дар раванди татбиқи Барномаи рушди шаҳр барои ташкили корхонаю коргоҳҳои  нави саноатӣ, коркарди ниҳоии пахта ва маҳсулот аз он, хўрокворӣ, дўзандагӣ, масолеҳи сохтмонӣ (аз ҷумла қуму шағал, оҳак, хишт, гаҷ, хишти сементӣ), коркарди маҳсулоти меваю сабзавот, коркарди ангур ва истеҳсоли мавиз, коркарди пашм ва пуст, маҳсулоти гуштию ширӣ, истеҳсоли обҳои нўшокии ташнашикан, гўшти мурғ, шарбатҳои мевагӣ, қуттиҳои пластикӣ, профилҳои алюминӣ, коркарди офтобпараст ва маҳсулоти нонӣ, истеҳсоли семент, гаҷ, оҳак ва сементи ранга, корхонаҳои логистикию нақлиётӣ, истеҳсоли ангишт, инчунин аз ҳисоби таҷдиди коргоҳҳои истеҳсолӣ дар заминаи ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” шароити мусоид фароҳам оварда шавад.

 

Ҳаҷми истеҳсолот ва хизматрасониҳои СХМ аз руи соҳаҳо 

Дар сурати дастгирӣ ва ташкил намудани субъектҳои нави соҳибкории  хурду миёна, то соли 2025 имконияти таъсис додани беш аз 7300 ҷойҳои нави корӣ имконпазир мебошад.

 

3.2.2. Хизматрасониҳо барои рушди соҳибкорӣ.

Дар рушди соҳибкории хурду миёна фаъолияти намояндагиҳои бонкҳо ва ташкилотҳои амонатию қарздиҳии хурд мавқеи хосаро ишғол менамояд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи филиалу марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ дар шаҳри Турсунзода дар соли 2020  16 ададро ташкил медиҳад. Айни ҳол, дар шаҳри Турсунзода филиалҳои ҶСК «Ориёнбонк», Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», ҶСК «Бонки Эсхата», ҶСК «Коммерсбонк» ва ҶСП “Бонки Байналмиллалии Тоҷикистон” фаъолият доранд. Дар баробари ин, Фонди қарзии хурди «Имон-интернейшнл», ТҚХ «Финка», “Арванд” ва “Ҳумо” дар ҳудуди шаҳр ба амалиётҳои бонкӣ машғул мебошанд.  

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёти шаҳру деҳот намояндагиҳои бонкҳо ва ТАҚХ ба соҳибкорон ва аҳолӣ қарзҳои хурди миёнамуҳлат пешниҳод менамоянд. Дар давоми солҳои 2015-2019 дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар ҳаҷми 811,3 млн сомонӣ қарз пешниҳод карда шудааст, вале бояд қайд намуд, ки барои рушди соҳаи саноат қарзҳои имтиёзнок кам ҷудо гардидааст.

Дар давоми солҳои 2015-2019 дар шаҳри Турсунзода аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар ҳаҷми 811,3 млн сомонӣ қарзҳо пешниҳод шудааст, ки аз он 535,4 миллион сомонӣ барои таъиноти истеҳсолӣ  ва рушди соҳибкорӣ равона шудааст. Дар назар аст, ки дар доираи татбиқи барномаи мазкур то соли 2025 барои соҳибкории истеҳсолӣ тақрибан 600 млн сомонӣ маблаги карзҳои бонкӣ равона мегарданд.

Соҳибкорони шаҳр нерўи бузург ва созанда маҳсуб ёфта, аз дуруст ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо рушди минбаъдаи иқтисодиёти шаҳр вобастагии калон дорад. Айни замон, дар шаҳр имкониятҳои зиёди ҳамкорӣ, иқтидорҳои калони истеҳсолӣ ва қувваи кории арзон мавҷуд мебошад, ки дар ин самт соҳибкорони ватанию хориҷӣ метавонанд фаъолияти худро самаранок ба роҳ монанд. Илова бар ин, ҳоло аксари занон ва духтарон дар хона бекор мебошанд, ки метавон онҳоро тавассути ташкили коргоҳҳои нав, барқарор ва ё ба кор даровардани корхонаҳои аз кор бозмонда ва ё васеъ намудани доираи фаъолияти корхонаҳои мавҷуда, ба кор ҷалб намуд. Дар ин замина ташкили курсҳои кутоҳмуддати касбомузӣ барои занону духтарони хонашин ба мақсад мувофиқ мебошад.

 

3.2.3. Мушкилоти асосӣ:

  • баланд будани фоизи қарзҳои бонкӣ ва кўтоҳ будани мўҳлати истифода ва баргардонидани онҳо (хусусан барои соҳибкории истеҳсолӣ);
  • номукаммалии механизмҳои молиявӣ-қарзӣ, замонати (амволи гарав) бонкӣ ва суғуртаи таваккали хавфи соҳибкории хурд;
  • мавҷуд набудани механизмҳои худмаблағтаъминкунӣ (иттифоқҳои қарзӣ, ҷамъиятҳои якдигарсуғуртакунӣ), норасогии воситаҳои молиявӣ, имкониятҳои маҳдуди субъектҳои соҳибкории хурд нисбат ба иқтидорҳои истеҳсолӣ ва дороии корхонаҳои сохторашон тағйирёбанда;
  • сатҳи пасти рақобат байни молистеҳсолкунандагон;
  • сатҳи баланди фарсудашавии сармояи асосӣ;
  • истифодаи нокифояи имкониятҳои бозори дохилӣ;
  • рушди сусти алоқаҳои интегратсионӣ;
  • номукаммалии шаклҳои ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ ШДБХ;
  • маҳдудияти сарчашмаҳои иловагии (ғайрибуҷетӣ) маблағгузории имтиёзноки лоиҳаҳои ШДБХ;
  • дастрасии маҳдуди субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ба технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва бинову иншооти корхонаҳои бекорхобида;
  • нокифоягии сатҳи маълумотнокии соҳибкорон оид ба талаботи қонунгузории андоз;
  • таъминоти нокифояи корхонаҳои истеҳсолӣ бо ашёи хом ва дигар захираҳои зарурӣ;
  • мавҷуд набудани бизнес-инкубаторҳо ва марказҳои инноватсионӣ.

       

 

3.2.4. Вазифаҳои асосӣ:

  • таҳияи чорабиниҳои мушаххас, ки ҳадафу вазифаҳоро оид ба рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар шаҳр ва деҳот пешбинӣ менамоянд;
  • андешидани тадбирҳо оид ба фароҳам овардани шароити мусоид барои бахши хусусӣ дар лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла масъалаҳои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, кафолатҳо ва ҳаммаблағгузории лоиҳаҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҳисоби манбаъҳои буҷетӣ, ғайрибуҷетӣ ва ғайраҳо;
  • мусоидат ба ташкили фондҳои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ;
  • фароҳам овардани шароити мусоид ва дастгирии соҳибкорони шаҳри Турсунзода барои зиёд намудани шумораи сардхонаҳои муосир ҷиҳати захира ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ.

         3.2.5. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • шароити мусоид барои рушди соҳибкории хурду миёна фароҳам оварда шуда, самтҳои афзалиятноки рушди соҳибкорӣ, бахусус рушди истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва истеҳсолоти воридотивазкунанда аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастгирӣ меёбад ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ тақвият меёбад;
  • дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкории самарабахш бо соҳибкорон, шумора ва ҳаҷми маблағгузории лоиҳаҳои ШДБХ ба таври назаррас зиёд мегарданд;
  • маблағгузории давлатии соҳибкорӣ, аз ҷумла барои занони соҳибкор тавсеа дода мешавад;
  • дастгирии лоиҳаҳои нави сармоягузорӣ дар занҷири арзиши иловашудаи агробизнес амалӣ мегардад;
  • чорабиниҳо оид ба ҳавасмандгардонӣ, дастгирӣ ва имтиёзҳо барои ҷалби захираҳои бахши хусусӣ ба амалишавии лоиҳаҳои ШБДХ ба роҳ монда мешавад;
  • фаъолияти Шурои дастгирии соҳибкорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои ШБДХ тавсеа дода мешавад.

3.3. Фазои сармоягузорӣ

 

3.3.1. Ҳолати кунунӣ. Афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ ва ташаккули фазои сармоягузорӣ дар шаҳри Турсунзода чун вазифаи стратегӣ ва яке аз омилҳои муҳими таҷдиди иқтисодиёти шаҳр маҳсуб меёбад. Дар баробари қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ инчунин, Шўрои машваратии назди Раиси шаҳри Турсунзода оид ба рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ ташкил гардидааст.

Ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ барои рушди шаҳри Турсунзода дар тули солҳои 2015-2019 ба 52,8 млн. доллари ИМА баробар гардида, 9 лоиҳаи сармоягузорӣ татбиқ гардид. Аз ҷумла лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи автомобилгарди Душанбе-Турсунзода – сарҳади Ҷумҳурии Ўзбекистон” ба маблағи 41,8 млн. долл. ИМА. Ҳоло татбиқи 7 лоиҳаи давлатии сармоягузории дигар дар ҳаҷми умумии 23,3 млн. доллари ИМА идома дорад.

 

3.3.2. Мушкилоти асосӣ

  • самаранок истифода нагаштани имтиёзҳои муқараргардида аз ҷониби соҳибкорону сармоягузорон;
  • самаранок истифода нашудани механизмҳои ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди иқтисодиёт;
  • рушди сусти ташкилотҳои инфрасохтории соҳибкорӣ;
  • сатҳи нокифояи таҷриба, дониш ва малакаи банақшагирии бизнес, идоракунӣ ва бозоромўзии (маркетинг) соҳибкорон;
  • номукаммалии ҷузъиётҳои раванди татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ.

 

3.3.3. Афзалиятҳои асосӣ

  • мусоидат барои рушди соҳибкории инноватсионӣ, ташкил намудани технопаркҳо, бизнес-инкубаторҳо ва минтақаи озоди иқтисодӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар шаҳр;
  • ташкили мониторинг барои арзёбии натиҷанокии ҷалби сармоягузориҳо;
  • ташкили шароит барои дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ ҷиҳати баровардани маҳсулоти истеҳсолнамудаи онҳо ба бозорҳои байналмилалӣ;
  • ташкили ҳамкории мутақобилаи судманд байни сохторҳои тиҷоратӣ ва давлатӣ;

 

3.3.4. Вазифаҳои асосӣ

  • тақвияти дастгирии соҳибкории истеҳсолӣ ва рушди саноат дар заминаи коркарди ашёи хоми ватанӣ;
  • беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар комплекси агросаноатӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ;
  • ҳавасмандсозии сармоягузориҳо дар бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва саноати сабук;
  • мусоидат намудан барои дастрасӣ ба маблағгузорӣ тавассути хатҳои қарзии кутоҳмўҳлат ва дарозмўҳлат;
  • фароҳам овардани шароит ва дастгирии соҳибкорон ҷиҳати ташкили сардхонаҳои ҳозиразамон;
  • беҳтар намудани самаранокии татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ.

3.4. СОҲАИ КИШОВАРЗӢ

Кишоварзӣ яке аз соҳаҳои стратегие мебошад, ки ба рушди иқтисодиёти шаҳр таъсири бевосита мерасонад, зеро рушди устувори соҳаи кишоварзӣ барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат мусоидат менамояд.

Ба соҳаи кишоварзӣ шуғли 66 фоизи аҳолии деҳот бевосита алоқаманд мебошад ва беш аз 54 фоизи қувваи кориро дар соҳаи кишоварзӣ занон ташкил медиҳанд.

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ. Дар соли 2019 ҳаҷми истеҳсоли  маҳсулоти кишоварзӣ 606 млн.сомониро ташкил дод, ки аз он 469 млн. сомонӣ (77,9%) ба соҳаи растанипарварӣ ва 137 млн. сомонӣ (22,6 %) ба соҳаи чорводорӣ рост меояд.

Хоҷагиҳои кишоварзӣ дар соли 2019 пахта 2853,4 тонна, ғалладона 42597 тонна, картошка 8786 тонна, сабзавот 99347,6 тонна, полезӣ 6025 тонна, меваҷот 5249,7 тонна, ангур 27752,7 тонна,  гўшт 5924,7 тонна, шир 25880,8 тонна,  пилла 12,1 тонна, пашм 74,7 тонна, асал 35,5 тонна ва тухм 4117,2 ҳазор дона истеҳсол намуданд, ки ин нисбат ба соли 2018 картошка 10 тонна, сабзавот 6448,6 тонна, меваҷот 51,7 тонна, ангур 2004,7 тонна, шир 1433,4 тонна, пилла 0,1 тонна, асал 0,5 тонна, гўшт 239,3 тонна ва тухм 99 ҳазор дона зиёд буда, вале пахта 1110,6 тонна ва полезӣ 123 тонна, кам истеҳсол гардидааст.

Аз ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзии истеҳсолшуда, ба ҳар нафар аҳолии шаҳр 332,8 кг сабзавот, 29,4 кг картошка, 17,5 кг мева, 20,1 кг полезӣ, 192,8 кг нон ва маҳсулоти нонӣ, 2,7 кг равған, 19,8 кг гўшт ва маҳсулоти гўштӣ, 86,8 кг маҳсулоти ширӣ ва 13,7 дона тухм рост омадааст, ки ин аз меъёрҳои тавсиявии физиологии истеъмоли маҳсулоти асосии озуқаворӣ, ба истиснои сабзавот кам мебошад.

Меъёри физиологии маҳсулот ба ҳар як нафар

           Номгӯи маҳсулот Килограмм

дар як сол

Талаботи умумӣ

(тонна)

Истеҳсол дар соли 2019 (тонна) Таъминот бо фоиз (%)
Нон ва маҳсулоти нонӣ ярмаҳо, лӯбиёгиҳо 147,7 44085 27710,4 62,8
Гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 40,8 12178 5924,7 48,6
Моҳӣ ва маҳсулоти он 9,0 2686
Шир ва маҳсулоти ширӣ 115,3 34414 25880,8 75,2
Тухм (дона) 180,0 53725 4117,2 7,6
Равған (растанӣ, чарбу) 16,6 4955 806 16,2
Сабзавот 166,1 49577 993476 200,3
Полезиҳо 166,1 49577 6025 12,1
Мева ва буттамева 124,1 37041 33002 89,1
Картошка 92,0 27460 8786 31,9

Дар ҳудуди шаҳр имкониятҳои васеъ барои қонеъ гардонидани талаботҳои физиологии бештари аҳолӣ аз рўи маҳсулотҳои кишоварзӣ мавҷуд аст ва бо ин мақсад то соли 2025 беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 750 га заминҳои кишоварзии шаҳр лозим мебошад.

Истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаи замину об имконият медиҳад, ки дар соли 2025, дар доираи татбиқи барномаи мазкур, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти растанипарварӣ, аз ҷумла ғалладонагӣ ба 45 ҳазор тонна, пахта ба 2,5 ҳазор тонна, картошка ба 9 ҳазор тонна, сабзавот ба 102 ҳазор тонна, полезиҳо ба 6,5 ҳазор тонна, хўроки чорво ба 44 ҳазор тонна, мевагӣ ба 6,5 ҳазор тонна, ангур 30 ҳазор тонна, гўшт ба 300 тонна, шир ба 1,8 ҳазор тонна, тухм ба 1,5 млн. дона, асал ба 40 тонна, пашм ба 90 тонна ва моҳӣ ба 112 тонна расонида шавад.

Истифодаи заминҳои кишоварзӣ. Дар асоси маълумотҳои Кумитаи идораи замини шаҳр дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 21172,7 га замини кишт мавҷуд мебошад, ки ба ҳар нафар аҳолии шаҳр 0,071 гектар замини кишт рост меояд. Аз ҷумла, замини обӣ 13408,4 га буда, 63,3%-и заминҳои корамро ташкил медиҳад ва ба ҳар нафар аҳолии шаҳр 0,044 гектар замини корами обӣ рост меояд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Истифодабарии замин аз рўи намуди кишти зироатҳо

(дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ)

Таъминоти оби полезӣ. Заминҳои кишоварзӣ асосан аз ҳисоби захираҳои оби дарёҳои Қаратоғ, Ширкент, Канали калони Ҳисор обёрӣ шуда, инчунин обёрии 912 га замин тавассути 5 пойгоҳи обкашии байнихоҷагӣ ба роҳ монда шудааст. Аммо айни ҳол бинобар сабаби фарсудагии як қисми инфрасохтори таъминоти оби полезӣ 650 га заминҳои обӣ бо оби полезӣ таъмин карда намешавад. Қисми асосии заминҳои корам ё 13717 гектар (65%), аз ҷумла 9248 гектар заминҳои корами обӣ дар истифодаи хоҷагиҳои деҳқонӣ қарор дорад.

Дарозии умумии каналҳои байнихоҷагӣ 219,2 км ва дарозии заҳбуру заҳкашҳои байнихоҷагӣ бошад 34,7 км-ро ташкил медиҳад.

Шумораи иншоотҳои гидротехникӣ 170 адад (аз ҷумла 119 адад коршоям) ва шумораи нуқтаҳои обсанҷӣ (гидропост) 47 адад (аз он 28 адад коршоям)-ро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби ИДБЗО соли 2019 ҳамагӣ 29 адад иншоотҳои гидротехникӣ (дарвозаҳо) ва 8 адад обченкунакҳо аз таъмири асосӣ бароварда шудааст.

Тибқи маълумоти ИДБЗО дар соли 2019 шумораи истифодабарандагони оби полезӣ ҳамагӣ 2069 ададро ташкил додааст, аз он ҷумла, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ 2027 адад, хоҷагиҳои ёрирасон 30 адад, хоҷагиҳои ҷамоавӣ 12 адад ва инчунин аҳолии ҷамоатҳои деҳот. Барои бо оби полезӣ таъмин намудани майдони 12609 га замини хоҷагиҳои кишоварзӣ ба маблағи 1856,7 ҳазор сомонӣ тариқи шартнома хизматрасонӣ карда шуда, онҳо бо 92836 ҳазор м3 об таъмин карда шудаанд.

Дар соли 2019 шабакаҳои байнихоҷагӣ дар ҳаҷми 84538 м3 ва ба дарозии 38,4 км ба маблағи 392 ҳазор сомонӣ, заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ ба дарозии 7685 метр ва ба маблағи 209,3 ҳазор сомонӣ тоза карда шуда, 12  адад иншоотҳои гидротехникӣ ба маблағи 250,3 ҳазор сомонӣ, 13 адад обченкунакҳои гидротехникӣ ба маблағи 4,4 ҳазор сомонӣ таъмир гардида, ба масофаи 1345 метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 43 ҳазор сомонӣ ва дар ҳаҷми 11755 м3 иҷро гаштаанд.

Инчунин соли 2019 аз ҷониби ИДБЗО ба маблағи 209,3 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ иҷро гардида, ҳолати мелиоративии 233 гектар заминҳо беҳтар карда шудааст, ки (нақшаи солона 150 га), иҷроиши 155 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, аз ҳисоби пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ ба маблағи 38,1 ҳазор сомонӣ дар майдони 42 гектар ва аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 171,2 ҳазор сомонӣ дар майдони 171 гектар корҳо иҷро гаштаанд.

Ҳамзамон, дар пойгоҳи обкашии Заркамар-1 як дастгоҳи обкашии тамғаи 300Д90, дар пойгоҳи обкашии Заркамар-3 як дастгоҳи обкашии 10Д6, дар пойгоҳи обкаши Ҷигда як дастгоҳи обкашии тамғаи 200Д60 аз таъмири ҷорӣ бароварда шудааст.

Маълумот оиди пойгоҳҳои обкашии шаҳри Турсунзода

Номгуи пойгоххои обкаши Микдори  дастгоххои обкаши (адад) Дар холати кори набуда (адад) Дар холати кори буда (адад) Тамгаи дастгоххои обкаши Фаолият намуда истодаан Масохати обёрии умуми, га Масохати заминхои аз пойгохи обкаши таъмин кардашуда (га) Масохати заминхои аз пойгохи обкаши таъмин карданашуда (га)
1 Каратоғ-Регар 1 1 Д-750-90 142 75 67
2 1 1 300Д90 300Д90
2 Ҷигда 2 1 1 200Д90 200Д90 87 44 43
3 Заркамар-1 4 1 3 300Д90 300Д90 435 373 62
1 1 22НДС 22НДС
4 Заркамар-2 2 1 1 200Д90 200Д90 105 85 20
5 Заркамар-3 1 1 200Д60 200Д60 143 25 118
2 2 10Д6
Ҷамъ 15 7 8 912 602 310

То соли 2025 дар ин самт таҷдиду барқарорсозии агрегатҳои обкашӣ ва дигар механизмҳо дар 3 адад пойгоҳҳои обкашӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 650 гектар замин, тоза кардани 89 км заҳбуру заҳкашҳои дохилихоҷагӣ ва 78 км заҳбуру заҳкашҳои байнихоҷагӣ, тозаю барқарорсозии каналҳои таъминоти оби полезӣ ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии ИДБЗО пешбинӣ мегардад.

Ҳолати техникаи кишоварзӣ. Дар хоҷагиҳои кишоварзӣ аз 115 адад тракторҳо ва мошинолотҳои кишоварзии мавҷуда 68,7 фоизи он коршоям ва дар ҳолати хуби техникӣ қарор доранд. 

 

 

 

 

 

 

 

Номгўи техникаҳо Миқдори мавҷуда Аз он, коршоям фоизи

коршоямӣ

Тракторҳо, ҳамагӣ 115 79 68,7
аз он:
Шудгоркунанда (тасмачарх) 30 14 46,7
Мошинҳои боркаш 17 9 52,9
Комбайнҳои ғалладарав 4 2 50,0
Ядактҳои  тракторӣ 70 53 75,7
Достҳои  тракторӣ 5 3 60,0
Алафҷамкунакҳои тракторӣ 2 1 50,0
Тойбанду тагрезчинҳо 4 3 75,0
Комбайни хўроки чорво ғундор 4 3 75,0
Тухмипошакҳои  тракторӣ 38 29 76,3
аз он : – тухмипошакҳои пахта 31 23 74,2
Плугҳои тракторӣ 44 33 75,0
Култиваторҳо 32 22 68,8

                                                                                                                                                  

Тухмипарварӣ. Ҷиҳати рушди соҳаи тухмипарварӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода се хоҷагии тухмипарварӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои  деҳқонии “Шодлик”, “Хоҷи Неъмат” ва “Дўстӣ” фаъолият менамоянд ва ба истеҳсоли тухмиҳои хушсифати пахта, гандум, ҷав ва шолӣ махсус гардонида шудаанд. Соли 2019 аз ҳисоби захираи пахтаи тухмии ҳосили соли 2018 ба андозаи 396 тонна тухмии пумбадона захира карда шудааст, аз ҷумла тухмиҳои навъи “Флеш” 352 тонна ва «ДП-5111Қ2» 44 тонна, ки дар корхонаи пахтатозакунии «Утаган-КА» захира ва коркарди кимиёвӣ шудааст. Инчунин, барои кишти пахтаи ҳосили соли 2020 дар корхонаи мазкур, аз ҳисоби хоҷагиҳои кишоварзии “Дўстӣ” ва “Ҳақиқат” ба миқдори 450 тонна пахтаи тухми навъи “Флеш” захира карда шудааст.

Парвариши зироатҳо дар гармхонаҳо ва нигаҳдории маҳсулот дар сардхонаҳо. Соли 2019 майдони умумии гармхонаҳои доимӣ 17,8 гектарро ташкил дода, дар онҳо парвариши сабзавот, мева ва гулҳо ба роҳ монда шудааст. Ҷиҳати дар фасли сармо таъмин намудани бозорҳои кишвар бо маҳсулоти тару тоза кишоварзони шаҳр дар майдони 8,15 га помидор, 4,21 га бодиринг, 0,26 га кабудӣ ва ғайра кишт намудаанд.

Дар доираи татбиқи барномаи рушди шаҳр, пешбинӣ мегардад, ки то соли 2025 майдони умумии гармхонаҳо ба 30 гектар расонида хоҳад шуд.

Ҷиҳати дуру дароз ва беталаф нигоҳ доштани меваю сабзавот дар ҳудуди шаҳр 24 адад сардхонаҳо фаъолият менамоянд, ки ғунҷоиши умумии онҳо 5400 тоннаро ташкил медиҳад. То соли 2025 бунёд намудани 6 адад сардхонаи нав пешбинӣ мегардад.

Боғу токпарварӣ. Боғу токпарварӣ низ, яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзии шаҳр ба ҳисоб рафта, дар бобати таъминоти аҳолӣ бо озуқаворӣ, афзун гардонидани имкониятҳои содиротии шаҳр ва бо шуғл таъмин намудани аҳолӣ мавқеи махсусро ишғол менамояд. Талаботи рўзафзун ба меваю ангур ва шароити мусоиди иқлим дар суръатбахшии ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳр ҳиссаи худро мегузорад ва тақозо дорад, ки дар 6 соли минбаъда боғу токпаварӣ дар шаҳр ривоҷ дода шавад.

Дар давоми солҳои 2015-2019 майдони боғу токзор ба 4205 гектар расонида шуда, корщо дар ин самт идома доранд.

Бо истифода аз таҷрибаи кишварҳои Аврупо ҷиҳати бунёд намудани боғҳои интенсивӣ бо технологияҳои пешрафтаи замонавӣ ва дар ин замина истеҳсоли маҳсулоти ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгўй дар шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шуда, дар майдони зиёда аз 50 гектар боғҳои интенсивӣ, бунёд ёфтааст. Афзалияти боғҳои интенсивӣ дар он аст, ки ниҳолҳои он дар соли дуюми сабзиш аллакай қисман ба ҳосил даромада, дар соли чорум пурра ҳосилдеҳ мешаванд ва ҳосили ин намуди боғҳо нисбат ба боғҳои муқаррарӣ 3-4 маротиба зиёд аст. Маҳсулоти истеҳсолшудаи ин намуди боғҳо сифати баланд дошта, ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгўй мебошад. Аз ин рў, хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр тасмим гирифтаанд, ки майдони ин намуди боғҳоро васеъ намоянд.

То соли 2025 бунёди беш аз 200 гектар боғҳои интенсивӣ ва барқарор намудани 106 гектар боғҳои кўҳна пешбинӣ мешавад. Барои кам кардани талафоти мева, таъсиси корхонаи коркарди мева дар шаҳр ва ба роҳ мондани истеҳсоли афшура ва шарбат ба инобат гирифта шудааст.

Растанипарварӣ. Растанипарварӣ яке аз самтҳои асосии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, ҳиссаи он дар истеҳсоли маҷмўи умумии маҳсулоти кишоварзӣ 77,8 фоизро ташкил медиҳад.

Рушди растанипарварӣ дар афзоиши даромади хоҷагиҳо нақши калон дорад ва аз ин сабаб ба ин соҳа аҳамияти махсус дода мешавад. Хоҷагиҳои мавҷуда ба парвариши ғалладонагиҳо, зироатҳои равғандиҳанда, пахта, картошка, сабзавот, полезӣ ва зироатҳои хўроки чорво машғуланд.

 

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотҳои растанипарварӣ дар соли 2019

ҳамаги ғалладонагӣ гандум картошка полезиҳо  

сабзавот

га тн га тн га тн га тн га тн
Ҷамъ 16971,64 42597 11308,24 27710,4 574,21 8786 398,11 6025 4678,85 99347,6
Ҷ/д  Қаратоғ 2708,63 6891,07 2054,14 5185,53 89,26 1342,58 5,6 59,3 623,97 12120,95
Ҷ/д  Навобод 4520,05 11362,34 2882,27 6797,7 65,06 921,67 99,03 1549,14 759,29 16666,34
Ҷ/д  Ҷ.Раҳмонов 1517,61 3361,24 1178,5 2515,86 64,73 902,74 33,07 772,5 1180,53  

24291,71

Ҷ/д  10-солагии Истиқлолият 2889,8 7217,79 1725,48 5004,3 17953 2936,6 207,39 2800,5 554,7 13509,8
Ҷ/д  Т.Туйчиев 1318,15 4204,03 710,37 2113,65 82,8 1251,69 8,25 142,47 751,89 18817,29
Ҷ/д  Регар 1674,21 4303,81 1110,5 2869,38 51,24 776,11 26,6 358,59 434,51 6284,51
Ҷ/д  Сешанбе 974,03 2865,84 528,9 1471,43 14,67 205,39 16,09 297,7 257,28 5781,72
Ҷ/д  Работ 974,22 1151,98 933,0 1058,26 7,02 105,1 25,06 385,67
Ҷ/д  Пахтаобод 394,94 1238,9 185,08 694,29 19,9 344,12 2,08 44,8 91,62 1489,61

Дар шаҳри Турсунзода дар давоми солҳои 2015-2019 ҳосилнокии сабзавот 15,4%, картошка 0,7%, меваҷот 2,3 маротиба ва зироатҳои равғандиҳанда 17,7% афзоиш ёфтааст.

 

Истеҳсоли маҳсулотҳои растанипарварӣ ва чорводорӣ дар соли 2019 (тонна)

 

 

воҳиди

ченак

ҳамагӣ, Фарқият
соли 2019 Соли 2018 + –
Ғалла (бо ҷуворимакка) тонна 42597 38891
Картошка тонна 8786 8776
Сабзавот тонна 99347,6 92899
Полезиҳо тонна 6025 6148
Пахта тонна 2853,4 3964
Мевагиҳо тонна 5249,7 5198
Ангур тонна 27752,7 25748
Дигар намуди сабзавот тонна 12,9 16,4
Хўроки чорво ба ҳисоби воҳиди хўрока тонна 12993,4 12160
Гўшт (дар вазни зинда) тонна 5924,7 5685,4
Шир тонна 25881,2 24447,4
Тухм ҳазор дона 4117,2 1018,2
Пашм тонна 84,7 82
Пилла тонна 12,1 12
Асал тонна 35,5 34

Чорводорӣ. Соли 2019 дар хоҷагиҳои кишоварзӣ 10673 сар барра гирифта шуда, наслгирӣ аз 100 сар меш 92 сарӣ барраро ташкил дода, нақшаи баррагирӣ 100,2% иҷро гардидааст. Ҳоло дар ҳама шаклҳои хоҷагидории шаҳр 76163 сар чорвои калони шохдор (аз ин шумора 38124 сар модагов), 184738 сар чорвои майда, 756 сар асп ва 168013 сар парранда парвариш ёфта истодааст. Нисбат ба соли 2018 чорвои шохдори калон 1184 сар, чорвои майда 1966 сар ва парранда 23618 сар зиёд гаштааст.

 

Саршумори чорво дар солҳои 2015-2019 (сар)

 

  Соли 2015 Соли 2016 Соли 2017 Соли 2018 Соли 2019 Соли 2025 (дурнамо)
Чорвои калони шохдор 74182 74438 74454 77347 76163 78800
Аз ҷумла, модагов 37561 37810 37815 37845 38124 39300
Гўсфанду буз 178034 175517 175834 182772 184738 190000
Парранда 144413 144395 144117 144396 168013 190000
Асп 709 731 736 756 766 810
Оилаи занбўри асал 2166 2167 2172 2182 2219 2300

 

Кирмакпарварӣ. Соли 2019 дар шаҳр аз 300 қуттӣ тухмии кирмаки дар инкубатсия зиндакардашуда, 12111 кг пилла рўёнида шуда, нақшаи истеҳсоли он 101 фоиз иҷро гардид.

Дар назар аст, ки то соли 2025 истеҳсоли пилла ба 14 тонна расонида хоҳад шуд.

Моҳипарварӣ. Барои рушди моҳипарварӣ дар майдони 40 гектар 3 хоҷагии моҳипарварӣ ташкил карда шудааст. То соли 2025 пешбинӣ мегардад, ки истеҳсоли моҳӣ ба 17 тонна расонида мешавад.

Байторӣ. Барои пешгирии касалиҳои чорво аз ҷониби Маркази таъминоти бехатарии озуқавории шаҳр бар зидди касалиҳои сўхтанӣ, сумдарди вабоӣ, буртселёз ва дигар касалиҳои чорво эмкунӣ ва дигар корҳои профилактикӣ гузаронида мешавад. Соли 2019 дар шаҳр 54651 сар чорвои калон ва 118136 сар чорвои майда эмгузаронӣ карда шуд.

Амалишавии чорабиниҳои дар соҳаи кишоварзӣ пешбинишуда имконият фароҳам меорад, ки то соли 2025 дар соҳаи мазкур шумораи шуғлнокӣ ба 30000 расонида шавад.

Афзоиши рўзафзун ва ҳамасолаи аҳолӣ ба зиёд шудани захираҳои меҳнатӣ оварда мерасонад. Бинобар ин, таъмин намудани аҳолии маҳаллӣ бо ҷойи корӣ дар солҳои минбаъда бо истифода аз имконияту захираҳои мавҷуда, ба роҳ мондани ташкили коргоҳҳои хурди коркарди маҳсулоти маҳаллии кишоварзӣ амалӣ хоҳад гашт.

Бинобар ин, то соли 2025 дар соҳаи кишоварзӣ афзалияти асосӣ ба самтҳои зерин дода мешавад:

  • ташкили коргоҳҳои хурди коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (маҳсулоти гўштӣ, ширӣ ва меваю сабзавот);
  • беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо ва таъминоти оби полезӣ, тавассути таъмиру барқарорсозии иншооти обтаъминкунӣ;
  • истифодаи самараноки захираҳои мавҷуда ва таъмини фаъолияти мунтазаму самараноки онҳо;
  • бунёди корхонаҳои паррандапарварӣ, рушди хоҷагиҳои моҳипарварӣ, занбури асалпарварӣ, парвариши чорвои зотӣ ва боғу токпарварӣ;
  • бунёди гармхона ва сардхонаҳои нав.

2.8.1. Мушкилоти асосии кишоварзӣ.

  • нокифоягии техника ва таҳҷизоти муосири кишоварзӣ;
  • дастрасии пурра надоштан ба оби полезӣ дар мавсими обёрӣ, бахусус барои кишти такрории беш аз 350 га замин;
  • арзиши баланди нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо.

 

2.8.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • тавсеаи корҳо оиди то ба 28 гектар расонидани майдони гармхонаҳо ва бунёди 6 сардхонаи нав;
  • зиёд намудани иқтидори корхонаи парандапарварӣ (барои 50 ҳазор сар паранда),
  • васеъ намудани майдони ҳавзҳои моҳипарварӣ (дар майдони 40 га замин).

    2.8.3. Натиҷаҳои пешбинишуда

  • афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;
  • ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 6,83 гектар заминҳои боир ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 641 гектар замин;
  • теъдоди ҷойҳои корӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба 30000 ҳазор расонида мешавад;
  • бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тозаи кишоварзии воридотивазкунанда ғанӣ гашта, барои таъмини амнияти озуқаворӣ замина фароҳам мегардад.

3.5.   Сохтмон ва меъморӣ

 

Ҳолати кунунии соҳа. Соҳаи сохтмон дар пешрафти иқтисодиёти шаҳр, ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ, таъсиси ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ нақши муҳим мебозад. Дар шаҳр 16 ширкатҳои сохтмонӣ фаъолият менамоянд ва дар соҳаи мазкур 519 нафар коргарон машғул мебошанд. Фаъолияти соҳаи сохтмон дар шаҳр барои бунёди иншооти гуногуни соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, истеҳсолию инфрасохторӣ ва таъмиру тармими биною иншооти соҳаҳои мухталиф нигаронида шудааст.

Тайи солҳои охир афзоиши нишондиҳандаҳои соҳаи сохтмон ба мушоҳида расида, хусусан дар давоми 5 соли охир, ҳаҷми сармоягузориҳои асосӣ дар сохтмон зиёда аз 3,1 маротиба, корҳои сохтмонию васлкорӣ 2,2 маротиба ва ба кор андохтани фондҳои асосӣ 2,6 маротиба афзудааст.

Дар солҳои 2015-2019 аз ҷониби муассисаҳои сохтмонӣ дар шаҳри Турсунзода корҳои сохтмонию васлгарӣ ва пудратӣ ба маблағи умумии  377,7 млн. сомонӣ иҷро гардида, ба маблағи 86 млн. сомонӣ фондҳои асосӣ ба истифода супорида шуда, дармонгоҳ барои 50 ҷой, муассисаҳои таълимӣ дорои 1520 ҷойи нишаст, 4 адад хонаҳои истиқоматии баландошёна ба масоҳати умумии 13289 м2 ва дигар иншоотҳои таъиноти иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Дар давоми солҳои 2020-2025 аз ҷониби муассисаҳои сохтмонӣ дар шаҳр сохтмони Мактаби санъати бачагона барои 280 ҷой, бинои Амфитеатр барои 574 ҷой, сохтмони синфхонаҳои иловагӣ барои 750 ҷой дар назди мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№90,31,63,87, азнавсозии биноҳои мактабҳои №№30, 66, 114 барои 1480 ҷойи хониш, сохтмони 25 адад манзилҳои бисёрошёна дар маркази шаҳри Турсунзода ва дигар иншоотҳо идома хоҳанд ёфт.

Баҳри таҷлили сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳр сохта ба истифода додани 330 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, дар давраи то соли 2020 теъдоди 125 иншоот бунёд ва мавриди истифода қарор гирифта, сохтмони иншоотҳои боқимонда то ҷашн ба анҷом расонида хоҳад шуд.

Дар доираи татбиқи Барномаи мазкур то соли 2025 барои таъмин намудани талабот бо масолеҳи воридотивазкунандаи бинокорӣ дар шаҳр ба кор даровардани корхонаю коргоҳҳои саноатӣ оид ба истеҳсоли семент, гаҷ, оҳак, сементи ранга, хишт, профил, бомпуш, маҳсулоти рангубор ва пардозгарӣ, маҳсулоти пластикӣ ва ғайра пешбинӣ шудааст.

Дар доираи татбиқи Барнома афзалияти асосии соҳаи мазкур,  татбиқи амалии Нақшаи генералии шаҳри Турсунзода (қарори ҲҶТ №36 аз 25 январи соли 2017) мебошад.

          2.4.2. Мушкилоти асосӣ:

  • нокифоя будани маблағгузориҳои муттамарказ аз буҷети ҷумҳуриявӣ барои бунёди иншоотҳо;
  • дар ҳаҷми лозимӣ мавҷуд набудани масолеҳи сохтмонӣ;
  • дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудани ҳамкории муассисаи манзилию коммуналӣ бо сокинони биноҳои истиқоматии баландошёна, ҷиҳати иҷрои саривақтии корҳои таъмиру азнавсозии биноҳои мазкур;
  • норасоии маблағҳои худии гардони корхонаю ташкилоти сохтмонӣ.

 

2.4.3. Вазифаҳои асосӣ:

  • дар асоси Нақшаи генералии шаҳр ва санъати меъморию шаҳрсозӣ ба роҳ мондани бунёди иншоотҳо;
  • мустаҳкам кардани заминаи моддӣ ва техникии ташкилотҳои сохтмонӣ;
  • дастгирии ҳаматарафаи бунёди манзили дастрас дар шаҳр;
  • ба ихтиёри бахши хусусӣ ё моликони манзил додани ҳалли масоили нигоҳдорӣ ва таъмири асосии хонаҳои бисёрошёна ва бисёрхонадор;
  • омода намудани мутахассисони соҳаи сохтмон ва меъморӣ аз ҳисоби ҷавонони лаёқатманд;
  • якҷоя бо сохторҳои дахлдор андешидани тадбирҳо ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр.

 

3.6. Бахши молиявӣ

Барои пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ дар ҳудуди шаҳри Турсунзода филиали бонкҳо ва марказҳои хизматрасонии ташкилотҳои қарзӣ фаъолият менамоянд.

         Дар давоми солҳои 2015-2019 ҳаҷми қарзҳои дар шаҳри Турсунзода додашудаи ташкилотҳои қарзӣ 811,3 млн. сомониро ташкил додааст.

Соли 2019 ҳаҷми умумии пасандозҳои шахсони воқеӣ дар шаҳри Турсунзода 108 млн. сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли 2018 5,3 фоиз зиёд шудааст.

Дар доираи татбиқи Барномаи мазкур то соли 2025 пешбинӣ мегардад, ки бахши молиявии шаҳр ба низоми муосири серамалиёти муассисаҳои рақобатпазири молиявие табдил дода мешавад, ки барои дастрасии намудҳои васеи хизматрасониҳои молиявӣ қодир бошад ва барои рушди устувори соҳаи молия дар шаҳр шароити мусоид фароҳам оварад.

3.6.1. Буҷети маҳаллӣ

Даромади буҷети шаҳри Турсунзода аз ҳисоби корхонаҳои саноатӣ, бахши соҳибкорӣ ва кишоварзӣ ташаккул меёбад. Манбаи асосии қисми даромади буҷети шаҳр аз 10 намуди андоз ва дигар пардохтҳо иборат мебошад. Дар сохтори қисмати даромади буҷети шаҳри Турсунзода андози даромад аз шахсони воқеӣ, андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ, андоз тибқи низоми содакардашуда, андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз арзиши иловашуда, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард, нақши бештар доранд.

Шаҳри Турсунзода бо назардошти имкониятҳои тиҷоратию истеҳсолии саноатӣ аз нуқтаи назари молиявӣ донор буда, аз соли 2018 аз ҳисоби ААИ ва аз ҳисоби андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва соли 2019 аз ҳисоби ААИ ба буҷети ҷумҳуриявӣ кўмаки молиявӣ мерасонад. Дар панҷ соли охир даромади буҷети шаҳри Турсунзода 39 фоиз зиёд гаштааст.

Барои рушди устувори соҳаи молияи шаҳр дар доираи барнома дар давоми панҷ соли минбаъда бунёди корхонаҳои нави саноатӣ дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, ташкили кластерҳои истеҳсолию коркарди ниҳоии саноатию кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолии парандапарварию ҳавзҳои моҳипарварӣ ва дигар чорабиниҳо дар соҳаҳои гуногун дар назар аст, ки амалишавии онҳо метавонанд ба афзоиши даромади  буҷети маҳаллӣ мусоидат намоянд.

Буҷети шаҳр хусусияти иҷтимоӣ дошта, дар қисми хароҷот ҳиссаи зиёдро хароҷоти соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ, ташкил медиҳанд.

Дар соли 2019 ба ҳисоби миёна ҳиссаи соҳаҳои иҷтимоӣ (маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ) дар буҷети маҳаллӣ 90,1 фоизро ташкил додааст, ки аз ин хароҷот барои соҳаҳои маориф 64,2 фоиз, тандурустӣ 23,5 фоиз, фарҳанг 2,5 фоиз ва ҳифзи иҷтимоӣ  0,6 фоиз равона шудааст.

Сохтори хароҷоти буҷети шаҳри Турсунзода аз рўи гурўҳбандии иқтисодӣ асосан аз музди меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ, хароҷот барои коргузории молу хизматрасониҳо ва хароҷоти асосӣ иборат мебошад. Хароҷоти асосӣ барои бунёди иншооти нав, сохтмон ва таҷдиди роҳҳо, таъмири биноҳо ва харидории таҷҳизот 1,3 фоизро ташкил додааст, ки ин басанда намебошад.

Тибқи нишондиҳандаҳои пешакии дурнамо буҷети шаҳр  дар соли 2025 дар муқоиса ба соли 2019 ба андозаи 69 фоиз зиёд гардида, аз 131,3 млн. сомонии соли 2019 дар соли 2025 ба 221,8 млн. сомонӣ расонида мешавад. Инчунин, дар сурати боз ҳам беҳтар гаштани шароити соҳибкорӣ ва афзоиши ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ, ин метавонад яке аз сарчашмаҳои иловагии таъмини қисми даромади буҷет гардад.

Кўмаки берунаи шарикони рушд. Дар шаҳр лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Осиёгии Рушд (БОР), Агентии байналмилалии Ҷопон оид ба рушд (JAICA), Оксфам, Ҳилоли Аҳмар ва ЮСАИД фаъолият менамоянд. Ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷӣ барои рушди шаҳри Турсунзода дар давоми солҳои 2015-2019 ба 52,8 млн. доллари ИМА баробар гардид. Аз ҷумла лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои хоҷагии манзилию коммуналӣ ва энергетика идома доранд.

 

3.6.2. Мушкилоти асосӣ:

  • пурра ба андозбандӣ фаро гирифта нашудани сарчашмаҳои даромад;
  • набудани шабакаи ягонаи электронии иттилоотӣ байни сохторҳои молия, андоз, омор, гумрук ва бонкҳо;
  • пешниҳоди ҳисоботи носаҳеҳ аз ҷониби баъзе корхонаҳо ва соҳибкороне, ки ба истеҳсолот, хизматрасонӣ ва тиҷорат машғуланд;
  • сатҳи пасти фарҳанги андозсупории субъектҳои соҳибкорӣ.

 

3.6.3. Вазифаҳои асосӣ:

  • дарёфти сарчашмаҳои нави андозбандӣ;
  • тақвияти маъмурикунонии андоз ҷиҳати ғанӣ гардонидани буҷети шаҳр;
  • гузаронидани чорабиниҳои тарғиботию ташвиқотӣ бо соҳибкорон оид ба пешниҳоди ҳисоботи дуруст ва пурраи муҳосиботӣ;
  • самаранок истифода намудани ваколатҳои кормандони мақомоти андоз бобати ҷамъоварии пурраи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ;
  • тавсеаи ҳамкориҳо бо мақомоти назоратӣ барои кам намудани бақияпулиҳои андоз ва ба буҷет пурра пардохт намудани маблағи андозҳои ҳисобшудаи субъектҳои соҳибкорӣ.

 

3.6.4. Натиҷаҳои пешбинишуда то соли 2025

– пурра ба шабакаи ягонаи электронии муҳисоботию молиявӣ пайваст гаштани тамоми муассисаҳо ва корхонаю ташкилотҳо;

– беҳтар гаштани заминаи моддию техникии ташкилоту муассисаҳои буҷетии шаҳр;

– афзоиши даромадҳои буҷети маҳаллӣ;

– зиёд гаштани ҳаҷми маблағгузории барномаҳои соҳавӣ;

– бещтар гаштани сифат ва шароити корӣ дар муассисаҳои буҷетӣ.

        БОБИ 4. ИҶТИМОИЁТ                                                     

        4.1. Маориф

 

Таҳлили вазъи феълӣ. Дар шаҳри Турсунзода 140 муассисаҳои таълимӣ  фаъолият дошта, аз он 126 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мебошад. Дар соли хониши 2019-2020, 63218 нафар хонанда бо таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Шумораи умумии омўзгорон ба 4988 нафар расида, аз онҳо 4115  нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии омўзгорон 3038 нафар маълумоти олӣ ва 1256 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ, 694 нафар дорои маълумоти олии нопурра мебошанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз 3395 нафар хатмкунандагон 1974 нафар барои идомаи таҳсил ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, 21 нафар хатмкунанда ба гирифтани квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардид.

Айни ҳол дар шаҳр 5 муассисаи таълимии касбӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 5268 нафар донишҷӯ таҳсил менамоянд.

 

Таҳсилоти томактабӣ. Дар шаҳри Турсунзода 12 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 2224 нафар тарбиятгиранда фаъолият менамояд. Ғунҷоиши умумии муассисаҳои томактабӣ 2592 нафарро ташкил медиҳад.

Дар давраи татбиқи барномаи мазкур то соли 2025 бунёд ва ба истифода додани 2 муассисаи томактабии хусусӣ ба нақша гирифта шудааст.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ. Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли хониши 2019-2020 ҳамагӣ 125 ададро ташкил дод, ки нисбати соли 2015 ба андозаи 6 адад зиёд мебошад. Фарогирии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 63218 хонандаро ташкил медиҳад, ки нисбати нишондиҳандаҳои соли 2015 ба андозаи 10,5% зиёд мебошад.

Шумораи умумии омўзгорони шаҳр 4988 нафар буда, аз он 4115 нафар ё 82,5 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии омўзгорон ба 4988 нафар расида, аз онҳо 4115  нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии омўзгорон 3038 нафар дорои маълумоти олӣ, 1256 нафар дорои маълумоти миёнаи касбӣ ва 694 нафар дорои маълумоти олии нопурра мебошанд.

Айни замон, дар соҳаи маорифи шаҳр 8 нафар омўзгор барои таълими фанҳои технологияҳои информатсионӣ, забони англисӣ, химия, математика, таърих ва ҳуқуқ, физика ва забони русӣ намерасад.

Муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ. Дар соли хониши 2019-2020 дар миқёси шаҳри Турсунзода 4 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 1 адад муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ фаъолият намуда, 4950 ҳазор донишҷуёнро аз рўи ихтисосҳои гуногун ба таълим фаро гирифтаанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбии шаҳри Турсунзода аз рўи ихтисосҳои зарурии тиббӣ, металургӣ, омузгорӣ, энергетикӣ ва дигар касбу ҳунарҳо барои соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ мутахассис тайёр менамоянд.

Дар назар аст, ки дар давоми солҳои 2020-2025 дар муассисаҳои мазкур омода намудани мутахассисони аз руи ихтисосҳои нави барои ичтимоиёту иқтисодиёти кишвар зарурӣ ба роҳ монда шуда, теъдоди хатмкунандагон зиёд мегардад.

4.1.1. Мушкилоти асосӣ

  • норасоии ҷойи нишаст дар муассисаҳои таълимӣ;
  • норасогии китобҳои дарсӣ, аз ҷумла китобҳои дарсии бо забони русӣ;
  • норасогии синфхонаҳои иловагӣ муассисаҳои таълимӣ дар деҳот;
  • норасогии адабиётҳои тозанашр барои китобхонаҳо;
  • норасогии майдончаҳои варзишӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ;
  • нокифоя будани шумораи кўдакистонҳо дар деҳот.

 

4.1.2. Вазифаҳои асосӣ

  • беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори соҳаи маорифи шаҳр;
  • пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоту лавозимот ва асбобу аёниятҳои хониш;
  • таъсиси муассисаҳои таълимии муосири ғайридавлатӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот;
  • ташкили ҳамкории самараноки давлат ва бахши хусусӣ дар самти хизматрасониҳои соҳаи маориф дар шаҳр.

4.1.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • пурра бо ҷойи нишаст таъмин гаштани муассисаҳои таълимӣ;
  • таъминоти пурраи муасисаҳои таълимӣ бо омузгорон;
  • дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илм пурра таъмин гаштани талабот ба китобҳои дарсӣ;
  • беҳтар гаштани сифати таълиму тарбия;
  • беҳтар шудани ҳолати инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ;
  • пурра таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ (лабораторӣ).

4.2. Тандурустӣ

Барои ҳифзи тандурустии аҳолӣ 6 беморхонаи бистарикунонӣ, 21 клиникаи хусусии ташхисию табобатӣ, 1 маркази саломатии шаҳр бо 29 маркази саломатии деҳот ва 50 хонаҳои саломатӣ хизмати тиббӣ мерасонанд. Дар соли 2019  беморхонаҳои шаҳр ба 34075 нафар беморон хизмати  тиббӣ расониданд.

Шабакаи Кўмаки аввалияи тиббию санитарӣ муассисаи калонтарини табобатию профилактикии шаҳр ба шумор рафта, тавассути шабакаҳои васеи муассисаҳои бунгоҳию дармонгоҳӣ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Дар шаҳр Хонаи кўдакон ва Хона-интернати пиронсолон ва маъюбон фаъолият доранд.

Дар шаҳри Турсунзода 113 дорухона фаъолият менамояд.

Буҷети соҳаи тандурустии шаҳри Турсунзода дар соли 2019 ба 29,1 млн. сомонӣ расонида шудааст, ки ин нисбат ба соли 2015 қариб 2 маротиба зиёд мебошад.

Бо мақсади рушди минбаъдаи сохаи тандурустӣ дар шаҳр то соли 2025 дар доираи барномаи мазкур сохтмон ва аавриди истифода қарор додани иншоотҳои муҳими соҳаи тандурустӣ дар назар дошта шудааст. Инчунин дар ин давра таъмини муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар шаҳр шумораи мутахассисони соҳаи тандурустӣ 2101 нафарро ташкил медиҳад, ки аз он 509 нафар табиб ва 1592 нафар кормандони миёнаи тиббӣ мебошанд.

Таъминот бо табибон ба 10 000 нафар аҳолӣ 26 нафарро ташкил медиҳад.

Барои расонидани ёрии таъҷилии тиббӣ ба аҳолии шаҳр Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ бо 8 адад нақлиёт фаъолият менамояд.

Тибқи барнома дар давраи миёнамуҳлат муҷаҳазгардонии муассисаҳои тандурустӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо ҷиҳати пешгирии бемориҳои   сироятӣ ва дигар бемориҳо пешбинӣ мегардад.

Ҳифзи саломатии модар ва кўдак. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар шаҳр нишондоди фавти кўдакони синни то 1 сола дар соли 2019 ба 15,2 нисбати 1000 зиндатаваллуд (дар соли 2015 – 16,5, соли 2016 – 16,4, соли 2017 – 18,0, дар соли 2018 – 15,1) ва нишондоди фавти кўдакони синни то 5 сола дар соли 2019 ба 19,6 нисбати 1000 зиндатаваллуд баробар гардидааст (дар соли 2015 – 19,8, дар соли 2016 – 20,5, дар соли 2017 – 22,4 ва дар соли 2018 – 19,0).

          Дар соли 2019 нишондоди фавти модарон ба 11,8 промил, дар соли 2018 ба 23,7 промил, дар соли 2017 ба 12,5 промил, дар соли 2016 – 27,7 промил, дар соли 2015 – 45,8 промил нисбати 100 000 зиндатаваллуд баробар гаштааст.

Фоизи истифодабарандагони маводҳои контрасептивӣ дар байни занони қобили таваллуд дар солҳои 2015-2019 мутаносибан ба 23,1%-33,4% ва зоишҳои хонагӣ 4,8% – 2,3%-ро ташкил намуданд.

Вазъи бемориҳои сироятӣ ва ҳолати санитарию эпидемиологӣ. Дар соли 2019 дар шаҳру деҳоти Турсунзода бақайдгирии бемориҳои домана, сўхтанӣ, зуком ва инчунин сироятҳои хавфноки сўхтанӣ, ҳорӣ, тоун, ва вабо мушоҳида нагардида бошад ҳам, мутаассифона бемориҳои зарпарвини намуди А – 52 ҳодиса (соли 2018 – 74 нафар ва соли 2019-126 нафар), хоришак – 11 ҳодиса (соли 2018 – 2 нафар, соли  2019 – 13 нафар), бемории хавфноки табъи хунин (соли 2018-0 ва соли 2019 – 5 нафар) зиёдтар ба қайд гирифта шудаанд.

Боиси нигаронист, ки дар шаҳри Турсунзода аз соли 1991 то соли 2019 – 263 ҳодисаи сироятёфтагони ВНМО ба қайд гирифта шудааст, ки аз онҳо 172 нафарро мардон ва 91 нафарашро занон ташкил медиҳанд. Танҳо дар соли 2019 шумораи онҳо 37 нафар гардидааст, ки нисбати соли 2018 ба андозаи 13 нафар зиёд мебошад.

 

4.2.1. Мушкилоти асосӣ:

  • муҳоҷирати аксари кадрҳои баландихтисоси соҳаи тандурустӣ ба хориҷи кишвар;
  • норасоии кадрҳои соҳибихтисос;
  • норасогии таҷҳизотҳои муосири тиббӣ;
  • зарурияти сохтмони марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббӣ дар деҳаҳои дурдаст;
  • зарурияти сохтмони бинои шуъбаи дезинфексионӣ;
  • таъмирталаб гаштани биноҳои муассисаҳои тандурустии тобеи Беморхонаи марказӣ, КАТС ва Марказҳои тиббӣ;
  • зарурияти бо маводҳои дорувории зиддисироятӣ таъмин намудани   муассисаҳои тиббии пешгирии бемориҳои сироятӣ;
  • норасоии воситаҳои нақлиёт барои Маркази ёрии таъҷилӣ.

4.2.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор ва сифати хизматрасониҳои соҳаи тиббӣ;
  • тарғиби тарзи ҳаёти солим дар шаҳр;
  • пурра таъмин намудани муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр бо таҷҳизоту лавозимоти тиббӣ;
  • таъсиси муассисаҳои тиббии муосири ғайридавлатӣ дар доираи ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ;
  • бунёд намудани биноҳои наву муосир аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ё сармояи хориҷӣ;
  • беҳтар намудани фаъолият дар самти пешгирӣ ва мубориза бар зиддӣ бемориҳои сироятӣ;
  • беҳтар намудани таъминоти моддию техникии муасисаҳои соҳаи тандурустӣ.

4.2.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • беҳтар гаштани сатҳу сифати хизматрасониҳои тиббӣ;
  • таъмин гаштани муассисаҳои тиббӣ бо мутахассисони баландихтисос;
  • таъмин гаштани муассисахои тиббӣ бо маводҳои зарурию доруворӣ ва таҷҳизотҳои муосири тиббӣ;
  • беҳтар гаштани сифат ва дастрасии хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳот тавассути бунёд гаштани бунгоҳҳои тиббӣ ва марказҳои саломатӣ;
  • паст гаштани сатҳи фавти кудакони то 1 сола ва то 5 сола;

4.3. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 

 

Таъминоти нафақа ва дастгирии оилаҳои камбизоат. Ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар шаҳр 24090 нафар нафақахўрон ба қайд гирифта шудаанд.

Тайи солҳои 2015-2019 зиёдшавии шумораи умумии нафақахўрон ва маъюбон ба назар мерасад. Сабаби асосии зиёдшавии маъюбон таъсири равандҳои табиии афзоиши аҳолӣ ва зарари ҷисмонӣ дар истеҳсолот мебошад. Дар шаҳр шумораи маъюбон 4785 нафар буда, 19,8 фоизи шумораи умумии нафақахўронро ташкил медиҳад.

Шумораи нафақахўрон аз рўи категорияҳо

Гурўҳҳои осебпазир Солҳо Соли 2019 нисбат ба соли 2017 бо %
2017 2018 2019
Нафақахўрон,

аз руи синну сол

15805 16447 17427 1,10
Маъюбон, аз ҷумла 4209 4693 4785 1,13
Маъюбони модарзод 2111 2149 2248 1,06
Бесаробонмондагон 1358 1308 1308 1,06
Ҳамагӣ нафақахўрон 22060 22632 24090 1,06

Дар шаҳр 1335 нафар ятимоне, ки яке аз волидайнашонро гум кардаанд, ба қайд гирифта шудаанд.

Бо мақсади ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, суғуртаи иҷтимоӣ, мусоидат ба шуғли аҳолӣ, муҳоҷират ва пардохти нафақа дар шаҳр чораҳои зарурӣ андешида ва амалӣ карда шудааст. Соли 2019 нисбати маъюбон ва эҳтиёҷмандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, аз ҳисоби фонди захиравии раиси шаҳр ба 1343 нафар ба маблағи 135 ҳазор сомонӣ кўмакпулии яквақтаина расонида шуда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷиҳати пардохти ҷубронпулӣ ба 2574 оилаҳои камбизоат барои истифодаи қувваи барқ 805,1 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардид. Инчунин дар арафаи идҳои давлатии миллӣ, аз ҳисоби кормандон, шахсони саховатпеша, соҳибкорон ва аҳолӣ ба оилаҳои камбизоату ятимон, иштирокҷиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ  ва эҳтиёҷмандон ба маблағи 6,5 млн. сомонӣ кумакҳои хайриявӣ расонида шуд.

Бо мақсади дастгирии маъюбон ва барҷомондагон 28 адад аробачаи маъюбӣ, 5 адад таҷҳизоти ҳаракаткунанда, 33 адад асо, 10 ҷуфт асобағал, 5 адад асои то оринҷ ва 55 ҷуфт пойафзолҳои ортопедӣ дастрас гардонида шуд.

Соли 2019 дар шаҳри Турсунзода маблағи талаботи моҳонаи нафақа 7469338 сомониро ташкил додааст, ки дар қиёс ба нишондиҳандаи соли 2015 ба андозаи 4564704  сомонӣ  зиёд мебошад.

Ҳаҷми пардохти ҷубронпулиҳо ва нафақа  (сомонӣ)

Нишондиҳандаҳо Соли 2015 Соли 2016 Соли 2017 Соли 2018 Соли 2019
Ҷуброни қувваи барқ (сомонӣ) 503113 483625 668861 573271 805085
– нафарони ҷубронпулигиранда 2517 2253 2346 2382 2574
Ҳаҷми миёнаи нафақа (сомонӣ) 280,57 287,44 286,97 322,11 319,51

Дар соли 2019 ҳаҷми миёнаи нафақа 319,51 сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли 2015 ба андозаи 38,9 сомонӣ ва ё 13,9 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи нафарони барҷомондаю ниёзманд

Нишондиҳандаҳо Шумора

(нафар)

Маблағ

(Сомонӣ)

Ҳамагӣ нафақахўрон 24090 7469338
Аз он ҷумла, нафақахўрон аз рўи маъюбӣ 4785 1400494
Маъюбони Ҷанги Бузурги Ватани 6 5521,99
1. Нафақахўрони меҳнатӣ 18930 6740817
а) аз руи синну сол 15719 5408097
б) аз руи маъюби умумӣ 2308 916042
в) аз руи бесаробонӣ 746 314781
г) барои хизматҳои дарозмуддат 42 34804
д) хизматҳои махсус дар назди Ҷумҳурии Тоҷикистон 83 54461
ҷ) аҳамияти маҳаллидошта 32 12632
2. Нафақахўрони иҷтимоӣ 4447 728521
а) аз руи синну сол 1381 161690
б) аз руи маъюби умумӣ 513 63532
в) аз руи бесаробонӣ 589 95011
г) маъюбони аз кўдаки аз 18 сола боло 1151 208561
 д) маъюбони аз овони кўдаки то 18 сола 813 199677
3. Талаботи моҳонаи нафақа 23377 7469338

Дар шаҳр 2574 оилаи камбизоат дар доираи механизми таъин ва пардохти кўмакпулии унвонии иҷтимоӣ бо дастгирии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд ва дар ин оилаҳои камбизоат 97 нафар шахсони маъюб зиндагӣ менамоянд.

4.3.1. Мушкилоти соҳа:

  • норасогии асбобу таҷҳизоти зарурӣ барои маъюбон;
  • зарурияти саривақт барасмиятдарорӣ ва ҳуҷҷатгузории шахсони беморе, ки ба ҳуҷҷати маъюбӣ эҳтиёҷ доранд;
  • зарурияти дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ташкил намудани фаъолияти сайёри комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба таъини маъюбӣ дар шаҳр;
  • саривақт аз ташхиси тиббӣ нагузаштану ҳуҷҷатгузорӣ нашудани маъюбон.

 

4.3.2. Вазифаҳои  асосӣ:

  • аз нав барўйхатгирии ниёзмандону маъюбон дар шаҳру деҳот ва пурра бо кўмаки иҷтимоӣ фаро гирифтани онҳо;
  • дастрас намудани таҷҳизот ва маводҳои зарурӣ барои беҳтар намудани таъминоти маъюбон;
  • зарурияти дар якҷоягӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ташкил намудани фаъолияти сайёри комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба таъини маъюбӣ дар шаҳр.

 

4.3.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • шумораи аниқи ниёзмандону маъюбон муайян гардида, онҳо пурра бо хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта мешаванд;
  • беҳтар гаштани сатҳу сифати хизматрасониҳои иҷтимоӣ;
  • таъмин гаштани ниёзмандону маъюбон бо таҷҳизот ва маводҳои зарурӣ.

        4.4. Меҳнат ва шуғли аҳолӣ.

         

      Мувофиқи маълумоти Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода шумораи аҳолии шаҳр соли 2019 ҳамагӣ 298,4 ҳазор нафарро ташкил додааст. Дар қайди Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар соли 2019 ҳамагӣ 3115 нафар бекорони расман ба қайд гирифташуда мавҷуд буда, аз ин теъдод 858 нафар барои бо ҷойи кор таъмин намудан муроҷиат намудаанд. Аз шумораи умумии муроҷиаткунандагон 472 нафарро занҳо ва 323 нафарро шаҳрвандони синни 15-29 сола ва 63 нафари боқимонда шаҳрвандони синни аз 30 сола болоро ташкил медиҳанд.

        Дар соли 2019 аз ҷониби ташкилоту муассиса ва корхонаҳо 196 ҷойҳои кории холӣ пешниҳод шудааст. Талабот ба ҳар як ҷойи кори холии пешниҳодшуда 4 нафарро ташкил намуд.

        Солҳои 2020-2023 мувофиқи Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ 3538 нафар шаҳрвандон ба намудҳои гуногуни шуғл фаро гирифта мешаванд.

        Аз ин шумора 1885 нафар дар корхонаю ташкилотҳо бо кор таъмин мегарданд, 900 нафар ба тайёрии касбӣ ва бозомўзӣ ва 300 нафар ба корҳои муздноки ҷамъиятӣ ҷалб мешаванд. Ҳамзамон ба 198 нафар шаҳрвандон қарзҳои имтиёзнок барои шугл варзидан ба фаъолияти соҳибкории инфиродӣ ва ба 255 нафар кўмакпулиҳо барои бекорӣ таъин ва пардохт карда мешавад.

        Бозори меҳнат. Шумораи умумии аҳолии дар иқтисодиёт фаъол, аҳолии машғули кор ва бекорони расман ба қайд гирифташуда 55415 нафарро ташкил додааст, ки аз он 52298 нафар (94,4%) дар иқтисодиёт машғуланд ва 3117 нафар расман мақоми бекориро гирифтаанд, ки  5,6%-и аҳолии дар иқтисодиёт фаъолро ташкил медиҳад.

      Шумораи кормандон дар соҳаи саноат 7461 нафар ва дар соҳаи сохтмон 594 нафарро ташкил менамояд. Дар соҳаи кишоварзӣ шумораи аҳолии машғули кор 25740 нафарро ташкил додааст. Дар соҳаҳои истеҳсолоти неъматҳои ғайримоддӣ ҳиссаи шумораи кормандони машғули кор чунин аст: дар соҳаи фаъолияти молиявӣ 317 нафар, мақомоти давлатӣ 890 нафар, маориф 6512 нафар, тандурустӣ 3086 нафар ва дар бахши дигар хизматрасониҳои коммуналӣ, иҷтимоӣ ва хусусӣ 7698 нафар мебошад.

      Музди меҳнат. Дар соли 2019 музди миёнаи меҳнат 1032,8 сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 92,2 сомонӣ ё 9,8 фоиз зиёд мебошад. Музди меҳнат дар соҳаҳои сохтмон 1475,4 сомонӣ,  саноат 1290,4 сомонӣ ва дар соҳаи таъминоти обу барқ 1660,7 сомонӣ ва дар соҳаи кишоварзӣ 461,8 сомониро ташкил додааст. Дар шаҳр андозаи аз ҳама баланди музди меҳнат дар бахши фаъолияти молиявӣ 2914,5 сомонӣ буда, нисбат ба соли пешина 23,1 фоиз афзудааст.

4.4.1. Ҳадафу афзалиятҳои асосӣ:

 – роҳандозӣ намудани шаклҳои нави хизматрасонӣ дар раванди мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

– аз ҳисоби ҷойҳои кории холӣ мусоидат намудан ба корҷўён барои бо кор таъмин шудан дар корхонаю ташкилотҳо ва сохтмонҳои шаҳр ва дигар иншооту корхонаҳои бунёдшаванда;

– баланд бардоштани сатҳи шуғлнокии аҳолӣ;

– васеъ намудани шабакаҳои муассисаҳои таълими касбӣ;

– тақвияти корҳо доир ба таълими касбии калонсолон;

– татбиқи самараноки Барномаи мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

 

4.4.2. Вазифаҳои асосӣ:

– васеъ ба роҳ мондани корҳои ташвиқотию тарғиботӣ барои мусоидат ба шуғли аҳолӣ дар байни бекорон ва корҷўён;

– такмил додани махзани маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ ва таъмини дастрасии мукаммали корҷўён ба ин маълумот;

– пешниҳоди хизматрасониҳои машваратӣ ба бекорон ҷиҳати ташкили фаъолияти соҳибкорӣ;

– тақвияти фаъолияти ярмаркаҳои соҳавии ҷойҳои кории холӣ;

– амалӣ намудани тадбирҳо барои дастгирии молиявии ташаббусҳои соҳибкории шаҳрвандони бекор дар бахши истеҳсолӣ, хизматрасонӣ ва тиҷорат;

– дастгирии шаҳрвандони бекор аз деҳаҳои дурдасти шаҳр барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати ташкили соҳибкорӣ;

 4.4.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

– паст гаштани сатҳи бекорӣ дар шаҳр;

– таъсиси зиёда аз 13000 ҷойи нави кории доимию мавсинӣ;

– беҳтар гаштани дастгирии иҷтимоии шаҳрвандони бекор;

– таҳкими дастгирии бекорон барои рушди соҳибкорӣ;

– бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандони корҷўй;

– самаранок истифода гаштани механизми банд намудани ҷойҳои корӣ (квота) барои нафарони ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёзманд;

– зиёда аз 900 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷўй ба тайёрии касбии такмили ихтисос ва бозомўзӣ аз рўи касбҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат фаро гирифта мешаванд;

– 300 нафар шаҳрвандони бекор ва корҷўён ба корҳои ҷамъиятӣ сафарбар мегарданд;

– ба зиёда аз 200 нафар шаҳрвандони бекор қарзҳои имтиёзнок барои ташкили корҳои фардии худишғолӣ пешниҳод мегардад;

– дар доираи татбиқи барнома 36 ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ гузаронида мешавад;

– 3538 нафар шаҳрвандони бекор ба шуғл ҷалб карда мешаванд.

 4.5. Варзиш ва ҷавонон.

Ҳадафи асосии соҳаи варзиш – оммавӣ гардонидани ҳаракати тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тақвияти самаранокии фаъолият дар самти мазкур ва пешбурди тарзи ҳаёти солим мебошад.

Тибқи нишондиҳандаҳои оморӣ ба санаи 1 январи соли 2020 аз шумораи умумии аҳолии шаҳри Турсунзода 52%-ро шахсони то 30 сола ва 34,2%-ро шахсони аз 14-29 сола ташкил медиҳанд ва нисбат ба соли 2015 шумораи ҷавонон 2,2% афзоиш ёфтааст.

Дар шаҳр 2 мактаби варзишӣ аз рўи 13 намуди варзиш фаъолият менамоянд, ки дар онҳо 31 мураббӣ ба таълиму тарбияи варзишгарони ҷавону наврас машғуланд.

Дар шаҳр 92 майдончаҳои варзишӣ ва 59 толорҳои варзишӣ мавҷуд мебошад, ки нисбати соли 2015 мутаносибан 8 ва 3 адад зиёд мебошад. Айни замон, аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони 4 толор ва 8 майдончаи варзишӣ идома дорад, ки дар давраи миёнамуҳлат ба истифода супорида мешаванд.

Мавриди қайд аст, ки аксарияти толорҳо ва майдонҳои варзишие, ки дар тобеъияти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қарор доранд, аз таъмир бароварда шуданд. Толори варзишии «Самандар-ХХI» ва варзишгоҳи «Талко-Арена» бошад ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ҷавобгў мебошад.

 

 4.5.1. Мушкилоти асосӣ:

  • норасогии таҷҳизотҳои варзишӣ дар толорҳо ва майдонҳои варзишӣ;
  • зарурияти тақвияти корҳо барои татбиқи барномаҳои алоҳидаи оммавигардонии варзиш;
  • норасогии толору майдончаҳои варзишӣ дар деҳаҳои дурдаст;
  • набудани бинои “Маркази ҷавонон” ва маблағгузорӣ нагардидани барномаҳои соҳаи варзиш дар шаҳр.

 

4.5.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • бунёд ва ба истифода супоридани бинои “Маркази ҷавонон”;
  • таъмиру азнавсозии толори варзишии мактаби варзишӣ;
  • беҳтар намудани сифати тайёрии варзишгарони дастаҳои мунтахаб аз рўи намудҳои гуногуни варзиш барои иштирок дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;
  • густариш ва таҳкими робитаҳои байналмилалӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;
  • беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои варзишӣ;

 

4.5.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • таъмин гаштани муассисаҳои варзишӣ бо таҷҳизоти зарурӣ;
  • татбиқи пурраи барномаҳои соҳаи варзиш;
  • афзоиши шумораи варзишгарон ва беҳтар гаштани дастовардҳои онҳо аз мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ;
  • пурра ба чорабиниҳои варзишӣ ва ҷамъиятӣ фаро гирифта шудани ҷавонон.

4.6. ФАРҲАНГ

        Ҷиҳати рушди соҳаи фарҳанг ва ташкили фароғати аҳолӣ дар шаҳр шароитҳои хуб фароҳам оварда шудаанд. Бо ин мақсад 1 хонаи фарҳанги марказӣ, 1 муассисаи кўдаконаи санъат, 2 боғи фарҳангию фароғатӣ, 3 осорхона, 33 китобхонаи марказонидашуда, 3 клуби деҳотӣ, 2 хонаи фарҳанги деҳотӣ ва 4 ансамбл (ансамбли касбии «Шашмақом», ансамбли фолклорӣ-этнографии «Қаратоғ», ансамбли «Фалак», маҳфилҳои «Ворисони Шашмақом» ва ансамбли эстрадии «Шоми Турсунзода») ба сокинон хизматрасониҳои фарҳангию фарогатӣ мерасонанд. Дар муассисаҳои соҳаи фарҳанг 185 нафар кормандони соҳаи фарҳанг фаъолият менамоянд, ки 88 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

        Дар муассисаҳои мазкур, маҳфилҳои рақс, сурудхонӣ, мақомсароӣ, дойранавозӣ, ҳаҷвӣ, навозандагӣ, рассомӣ ва дўзандагӣ амал менамоянд. Маҳфили адибони шаҳри Турсунзода бо номи «Ворисони Турсунзода» фаъолият намуда истодааст, ки дар он шоирон, нависандагон ва навқаламон шомил мебошанд.

        Шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои калонтарини ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, тамаддуни ғанӣ ва таърихи куҳан дорад. Шаҳр дорои 41 мавзеъҳои мероси таърихию фарҳангӣ мебошад, ки аз тарафи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд. Яке аз он ёдгориҳои беназир – мақбараи Хоҷа Муҳаммад Орифи Ревгарии Нақшбанд (Хоҷа Нақшрон) аст, ки бо санъати баланди меъморӣ сохта шуда, то имрўз шукуҳу шаҳомати худро гум накардааст ва яке аз беҳтарин ёдгориҳои меъмории асрҳои 11-12-и Осиёи Марказӣ мебошад.

        Китобхонаҳои марказонидашуда. Шаҳри Турсунзода дорои 33 китобхона буда, фонди умумии онҳо 192703 нусхаро ташкил медиҳад ва 21307 нафар хонанда аз хизматрасониҳои ин китобхонаҳо истифода мебаранд. Теъдоди китобҳо бо забони тоҷикӣ 45861 нусха, бо забони русӣ 106348 нусха ва бо дигар забонҳо 40494 нусхаро ташкил медиҳад.

        Китобхонаи марказии шаҳр бо тамоми таҷҳизотҳои замонавӣ ҷиҳозонида шудааст. Дар ин бино 2 китобхона, яке барои калонсолон, дигаре барои кўдакон хизмат расонида, он аз 2 толори хониш (калонсолон ва кўдакона), 6 утоқи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад. Дар китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода шуъбаи электронӣ ташкил карда шудааст, ки дар он зиёда аз 6500 нусха китобҳо ба қайд гирифта шудааст.

        Танҳо дар соли 2019 барои пурра намудани фонди китобхонаи мазкур   адад адабиёту маводҳои тозанашр харидорӣ шуд.

          Мактаби кўдаконаи санъати шаҳри Турсунзода. Дар мактаби мазкур 5 шуъба, аз ҷумла шуъбаҳои асбобҳои миллӣ, фортепиано, санъати тасвирӣ, овозхонӣ ва хореографӣ амал мекунад. Шумораи умумии хонандагон 254 нафар буда, ба онҳо 32 нафар устодон таълим медиҳанд, ки аз ин 20 нафар дорои маълумоти олӣ ва 11 нафар дорои маълумоти миёнаи махсус ва 1 нафар маълумоти миёна мебошанд.

Боғи фарҳанг ва фароғатии шаҳри Турсунзода. Дар боғи фарҳанг ва фароғатии шаҳр 11 нафар коргар фаъолият дорад, ки аз ин 3 нафар дорои маълумоти олӣ, 1 нафар маълумоти миёнаи махсус ва 7 нафар дорои маълумоти миёна мебошанд.

Шуруъ аз соли 2019 корҳои таҷдиду азнавсозӣ ва ободонии боғ оғоза то ин замон дар ҳудуди боғ майдончаи хурди футбол, майдончаи тенисбозӣ бунёд гардида, хатти обу коррезӣ ва фаввораҳо пурра иваз гардиданд, роҳравҳо бо сафолак руйпуш карда шуда, дар давраи миёнамуҳлат тибқи барнома бунёди бинои Амфитеатр, ҳавзи шиноварӣ, насб намудани чархофалаку атраксионҳои муосир, таҷдиди чойхонаи мавҷуда ва ҷиҳати баланд намудани ҳисси зебоипарастии кудакон бунёди бинои Мактаби кудаконаи санъат пешбинӣ гаштааст. Дар назар аст, ки дар давраи миенамуҳлат, пас аз анҷоми корҳои зикргардида, боғи фарҳанг ва фароғатии шаҳр бо гулгаштҳои зебояш ба мавзеи сайругашту фароғатии сокинону меҳмонон ва сайёҳон табдил меёбад.

Осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи Мирзо Турсунзода. Осорхонаи таърихию кишваршиносии ба номи М. Турсунзода дар маркази шаҳр ҷойгир буда, аз 10 бахш, 18 қисмат ва 1269 нигораҳои таҷассумгари осори ниёгон иборат мебошад.

Дар давраи амалишавии барнома дар назар аст, ки дар осорхонаи таърихию кишваршиносӣ оид ба шахсони обруманду сазовори диёр, ки барои рушду ободии шаҳр саҳми босазо гузоштаанд, як гушаи махсус бо тамоми шароиту экспонатҳои зарурӣ ташкил карда мешавад.

Инчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки дар осорхонаи мазкур гушаҳои алоҳида барои инъикоси фаъолияту таърихи корхонаҳои истеҳсолии шаҳр, ташкил мегарданд.

 

Мушкилоти асосии соҳаи фарҳанг:

  • таъмирталаб гардидани ёдгориҳои таърихӣ;
  • норасогии асбобҳои мусиқӣ барои ансамблҳои шўъбаи фарҳанг;
  • набудани бинои алоҳида барои Мактаби кудаконаи санъат;
  • ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ доштани бинои Қасри фарҳанг;
  • мавҷуд набудани чархофалаку атраксионҳои муосир дар боги фарҳанг ва фарогатии шаҳр;
  • нокифоягии китобҳои бадеии тозанашр дар китобхонаҳои деҳот.

Вазифаҳои асосӣ

  • ҷалби маблаггузориҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва сармояи шарикони рушд барои таъмиру тармими ёдгориҳои таърихӣ;
  • пурра таъмин намудани муассисаҳои соҳаи фарҳанг ва фароғати шаҳр бо таҷҳизоту лавозимот ва асбобҳои мусиқӣ;
  • бунёд намудани Мактаби кудаконаи санъат;
  • банакшагирӣ ва ҷудо намудани маблаг барои таъмири асосии Қасри фарҳанг;
  • ташкили ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти хизматрасониҳои соҳаи фарҳанг ва фароғат;
  • беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои фарҳанг;
  • таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии боғи фарҳанг ва фароғатии шаҳр;
  • беҳтар намудани сифати кори муассисаҳои фарҳангӣ дар деҳот;
  • таъмин намудани китобхонаҳо бо китобҳои бадеии тозанашр.

 

 

Натиҷаҳои пешбинигардида

  • таъмиру тармим гаштани ёдгориҳои таърихӣ аз ҳисоби маблағгузориҳои буҷети ҷумҳуриявӣ ва шарикони рушд;
  • таъмин гаштани ансамблҳои шўъбаи фарҳанг бо асбобҳои мусиқӣ;
  • ба истифода супоридани бинои Мактаби кудаконаи санъат;
  • таъмири асосӣ гаштани бинои Қасри фарҳанг;
  • пурра таъмин гаштани муассисаҳои фарҳангӣ бо таҷҳизоту лавозимот;
  • беҳтар гаштани сатҳу сифати хизматрасониҳои фарҳангӣ;

4.7. САЙЁҲӢ

Ҳадафи асосии соҳаи сайёҳӣ – беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ва ҳолати инфрасохтори сайёҳӣ, ҷалби бештари сайёҳон ба шаҳр, таргиби анъана ва таъриху ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ ва брендҳои миллӣ мебошад.

Рушди соҳаи сайёҳӣ баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ дар шаҳр  замина ва имкониятҳои муфидро фароҳам меоварад. Инчунин рушди соҳаи мазкур барои ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард. Шаҳри Турсунзода табиати басо зебою нотакрор ва мавзеъҳои хушбоду ҳаво,  растаниҳову чашмаҳои шифобахш дорад, ки метавонанд, барои рушди соҳаи туризм дар шаҳри Турсунзода мавриди истифода қарор гиранд.  Бахусус, рушди соҳаи туризми экологӣ, пиёдагардии кўҳӣ, шикор, ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва дигар намудҳо барои шаҳри Турсунзода хос мебошанд.

Шаҳри Турсунзода дорои мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои табиию фароғатие мебошад, ки барои рушди туризми дохилӣ ва қабули сайёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд. Бо назардошти омилҳои зикршуда, соҳаи сайёҳӣ дар шаҳр самти афзалиятнок маҳсуб меёбад. Ҷиҳати рушди сайёҳӣ дар шаҳр 2 ширкати сайёҳӣ (ҶДММ “Симот” ва намояндагии “Муассисаи сайру саёҳати иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон” дар шаҳри Турсунзода фаъолият менамоянд.

Шумораи хатсайрҳои сайёҳӣ дар шаҳр 10 ададро ташкил медиҳад.

Барои рушди соҳаи сайёҳӣ ва таъсис додани маҷмўи хизматрасонии сайёҳӣ дар шаҳр баҳри муаррифии фарҳангу тамаддуни миллӣ аз ҷониби самти рушди сайёҳии шаҳр наворҳои видеоии манзараҳои зебои диёр таҳия гардида, тариқи телевизиони ҷамъиятии «ТВ-Регар» ва сомонаи интернетии Facebook account: «Tajikistan Travel» ва Facebook account:  «Tajikistan Tour» ба намоиш гузошта шудааст.

Дар шаҳри Турсунзода якчанд ёдгориҳои таърихӣ, зиёратгоҳҳо мавҷуданд, аз ҷумла зиёратгоҳи Эшони Ҳидоятуллоҳи Офоқхоҷа, Катибаи «Санги бузургвор» ва ғайра.

Осорхонаҳо. Дар шаҳр 3 осорхона фаъолият менамояд. Аз чумла, Осорхонаи марказии шаҳр, Осорхонаи мардумии Қаратоғ ва Осорхонаи ҶСК “Ширкати Алюминии Тоҷик”.

Ёдгориҳои таърихии шаҳр. Зиёратгоҳи Эшони Ҳидоятуллоҳи Офоқхоҷа дар оромгоҳи «Мазори эшон»-и деҳаи Қаратоғ мавқеъ дошта, дар наздикии қалъаи Қаратоғ ҷойгир мебошад.

Катибаи «Санги бузургвор». Дар деҳаи Қаратоғ ягона катибае, ки аз муҳоҷиршавии мардумони самарқандӣ дар асри 18-19-ум гувоҳӣ медиҳад, ин катибаи рўи «Санги сандуқ» ё «Санги бузургвор» мебошад. Катибаи дар рўи санг сабтгашта, мутааллиқ ба соли 1112-и ҳиҷрӣ мебошад.

Ёдгории таърихии Хоҷа Нақшрон. Мақбараи Хоҷа Нақшрон дар асрҳои 11-12-ум сохта шуда, дар ҷамоати ба номи Т.Туйчиеви шаҳри Турсунзода ҷойгир шудааст.

Ёдгориҳои табиӣ. Боғи таърихӣ-табии «Ширкент». Боғи таърихӣ-табии «Ширкент» дар масофаи 20 км дур аз маркази шаҳри Турсунзода ва 70 километр дуртар аз шаҳри Душанбе ҷойгир мебошад. Соли 1993 боғи таърихӣ-табии «Ширкент» дар мавзеи зебоманзари дараи Ширкент, бо мақсади нигоҳдории ёдгориҳои қадимаи изи динозаврҳо, ҳифзи олами набототу ҳайвоноти нодир ва арчазорҳои ҳамешасабзи қаторкуҳҳои Ҳисор таъсис дода шудааст.

Бозёфтҳои беҳамтои таърихӣ дар қаламрави боғи таърихӣ-табии «Ширкент» аз 40 адад зиёд буда, онҳо ба категорияҳои геологӣ, гидрологӣ ва глятсиологӣ дохил мешаванд. Ба категорияҳои геологӣ бозёфтҳое дохил мешаванд, ки таърихи қадим дошта, дар гузашта дар ин ҷо мавҷуд будани динозаврҳоро нишон медиҳанд. То кунун изи динозаврҳо дар ҳудуди қаторкуҳҳои Ширкент боқӣ мондаанд. Миқдори умумии изи динозаврҳо аз 400 адад зиёд аст. Тақрибан таърихи ин изи динозаврҳо ба 96-156 миллион сол қабл баробар аст.

 

       Мушкилоти соҳа:

  • набудани сомонии интернетии оид ба рушди сайёҳӣ дар шаҳр;
  • набудани хостелҳо, кемпингҳо, мотелҳо ва хизматрасониҳои муосири сайёҳӣ;
  • мавҷуд набудани нуқтаҳои хуроки умумӣ ва меҳмонхонаҳои хурд дар хатсайрҳои кӯҳӣ;
  • мутобиқ набудани инфрасохтори мавҷудаи сайёҳӣ ба талаботҳои муосир;

Вазифаҳои соҳаи сайёҳӣ.

  • ташкил намудани сомонаи интернетӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар шаҳр;
  • бунёди хонаҳои истироҳатию хизматрасонӣ, ошхонаву қаҳвахонаҳо, хостелҳо, кемпингҳо, мотелҳо ва хизматрасониҳои муосири сайёҳӣ дар хатсайрҳои сайёҳӣ;
  • баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ барои истироҳати хуб ва тамошо дар мавзеъҳои сайёҳии шаҳр;
  • паҳн намудани маълумотномаҳои ташвиқотию тарғиботӣ оид ба

     мавзеъҳои ҷолиби диққати шаҳр;

  • беҳтар намудани ҷолибияти сайёҳии шаҳр;
  • ба роҳ мондани ҳамкориҳои сайёҳии байналмилалӣ;
  • мусоидат ба рушди ташаббусҳои хусусӣ ҷиҳати рушди сайёҳӣ;

 

Натиҷаҳои пешбинигардида

  • фаъол гаштани сомонии интернетӣ оид ба рушди сайёҳӣ дар шаҳр;
  • бунёд намудани ошхонаҳо, хостелҳо, кемпингҳо, мотелҳо ва хизматрасониҳои муосири сайёҳӣ;
  • мутобиқ гаштани инфрасохтори мавҷудаи сайёҳӣ ба талаботҳои муосир;
  • беҳтар шудани сифати хизматрасониҳо дар соҳаи сайёҳӣ;
  • самаранок гаштани ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ дар бахши сайёҳӣ;
  • афзоиши сатҳи даромадҳои аҳолӣ аз ҳисоби рушди сайёҳӣ;
  • зиёд шудани саҳми сайёҳи дар қисми даромади буҷети маҳаллӣ.

4.8. МАСЪАЛАҲОИ ГЕНДЕРӢ

Доир ба рушди гендерӣ дар шаҳр Шуъбаи кор бо занон ва оила фаъолиятро ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи баланд бардоштани мавқеъу мақоми зан дар ҷомеа», дигар Барномаҳои давлатӣ аз ҷумла, «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022», «Барномаи пешгирии зуроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023», «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Консепсияи рушди оила» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда, баҳри тарбия намудани занону ҷавондухтарон дар рўҳияи созандагиву бунёдкорӣ, масъулиятшиносиву эҷодкорӣ ва оиладорӣ, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ мусоидат менамояд.

Дар соҳаи тандурустӣ 2374 нафар занон ва дар соҳаи маориф 4115 нафар занон кору фаъолият доранд. Дар назди шуъба махзани кадрӣ таъсис дода шуда, айни ҳол 60 нафар занону духтарони болаёқат дар қайд меистанд.

Тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи бахши САҲШ дар шаҳри Турсунзода дар соли сипаригардида ақди никоҳ 2588 (соли 2018-2792) адад ва талоқ 454 (соли 2018-398) адад ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 204 адад никоҳ кам ва 56 адад талоқ зиёд мебошад.

Дар шаҳр шумораи умумии кадрҳои роҳбарикунанда 1254 нафар буда, аз ин ҳисоб 433 нафарашонро занон ташкил медиҳанд, ки нисбати  соли гузашта 28 адад зиёд мебошад (соли 2017 – 405 нафар, 2019 – 433 нафар). Аз ҷумла, дар соҳаи саноат дар маҷмуъ 274 нафар роҳбарон фаъолият дошта, аз ин шумора 47 нафар ва ё 17%-ро занҳо ташкил медиҳанд.

Дар соҳаи иқтисод шумораи шахсони роҳбарикунанда 38 нафар буда, аз онҳо 12 нафар занон мебошанд, ки ин 32,4%-ро ташкил медиҳад.

Дар соҳаи кишоварзӣ аз 614 нафар роҳбарон, 239 нафарашон занон буда, 38,9%-ро ташкил медиҳанд.

Дар соҳаи иҷтимоӣ шахсони роҳбарикунанда 310 нафар буда,  аз  ин  ҳисоб  129  нафар  ва  ё  42%-ро  занон  ташкил  медиҳанд.

Дар шаҳри Турсунзода 163 нафар хизматчиёни давлатӣ фаъолият доранд, ки 39 нафарашон дар мақомоти иҷроия, 25 нафарашон дар дастгоҳи раиси шаҳр ва 99 нафарашон дар ҷамоатҳои деҳот кор мекунанд. Аз ин шумора нафарони роҳбарикунанда 18 нафар буда, 6 нафарашон занонанд, ки ин шумора 33,3%-ро ташкил медиҳад. Аз 25 нафар кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, 6 нафар ё 24%-ро занон ташкил менамоянд.

Аз шумораи умумии 39 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр фаъолият доранд, 14 нафарро  ва  ё  35,8%-ро  занон  ташкил  медиҳанд.

Аз шумораи 99 нафар хизматчиёни давлатӣ, ки дар ҷамоатҳои деҳот кору фаъолият мекунанд, 11 нафарашон ё 15,9% занон  мебошанд. Аз 9 нафар раисони ҷамоатҳои деҳот 2 нафар ё 22,2%-ро занон ташкил менамоянд.

Ҳайати маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода аз 40 нафар иборат аст, ки 11 нафар ва ё 27,5%-и онҳоро занон ташкил медиҳанд. Ҳайати Маҷлиси вакилони деҳот дар маҷмуъ 236 нафар буда, аз ин ҳисоб 83 нафар ё 35%-ро занон ташкил медиҳанд.

Таҳлил нишон медиҳад, ки дар самти ҷалби занон ба мансабҳои роҳбарикунанда дар соҳаҳои тандурустӣ ва маориф тамоюли болоравӣ ба назар мерасад.

Дар шаҳр 1626 нафар занон ба соҳибкории хурду миёна машғул буда, ҷиҳати пешрафт ва шукуфоии шаҳри азизамон саҳми муносиби худро гузошта истодаанд. Таъсиси квотаи Президентӣ барои таҳсили духтарон, ҷудо гардидани грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳибкории занон, ба шуғл ва касбомўзӣ ҷалб намудани занону духтарон, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ғамхорӣ нисбати солимии модару кўдак, барои беҳтар гаштани вазъи занон дар ҷомеъа, мусоидат намуданд. Тибқи квотаи Президентӣ 242 нафар ҷавонони шаҳр дар муассисаҳои олии касбӣ таҳсил намуданд, ки аз ин ҳисоб 13 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Аз ин шумора 64 нафар таҳсилро идома дода, 63 нафари дигар дар соҳаҳои  гуногуни  халқ  кору  фаъолият  менамоянд.

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023, қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 31 декабри соли 2014, №1292 қабул гардид, ки аз 17 банд иборат мебошад.

Дар шаҳри Турсунзода маркази кўмаки ҳуқуқию равонии ҷамъияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият менамояд, ки ба таври ройгон ёрии амалии ҳуқуқиро ба ҷабрдидагони зўровари хонаводагӣ мерасонад.

Бо мақсади ба ҷавондухтарон омўзонидани ҳунарҳои мардумӣ, дар маркази касбомўзии шаҳри Турсунзода касбҳои зерин аз ҷумла, қолинбофӣ, адрасбофӣ, дўзандагӣ, қуроқдўзӣ, мўҳрабофӣ, омода намудани таомҳои миллӣ, кулолгарӣ, наққошӣ ва ғайраҳо, аз ҳисоби шаҳрвандони бекор ҷалб ва омўзонида шуда, 728 нафар ба омўзиш фаро гирифта, бо шаҳодатномаи касбу ҳунар таъмин гардидаанд.

 

4.8.1. Мушкилоти соҳа:

  • сатҳи пасти донишҳои ҳуқуқии занону духтарон;
  • пурра фаро гирифта нашудани занону духтарони хонашин бо ҷойи кори мавсимию муваққатӣ ва доимӣ;
  • таъсири манфии муҳоҷирати меҳнатӣ ба занону духтарони оилаҳои муҳоҷирон;

 

4.8.2. Вазифаҳои  асосӣ:

  • ташкили курсҳои омўзишӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии занону духтарон;
  • таъмин намудани занону духтарони бекор бо ҷойи кор, аз ҷумла тавассути ташкили коргоҳҳои хурди ҳунарҳои мардумӣ;
  • андешидану амалӣ намудани тадбирҳои мушаххас оид ба паст намудани таъсири муҳоҷират ба занону духтарон.

 

4.8.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • баланд шудани нерў ва донишу малакаи занону духтарон оид ба масоили ҳуқуқӣ;
  • афзудани сатҳи фарогирии занону духтарони хонашин бо ҷойи кори мавсимию муваққатӣ ва доимӣ;
  • зиёд гаштани самаранокии иқтисодии фаъолияти занону духтарон ва афзоиши даромадҳои пулии онҳо;
  • чалби бештари занону духтарон ба вазифаҳои роҳбарикунанда ва хизмати давлатӣ.

БОБИ 5. ИНФРАСОХТОР

5.1. Таъмини оби нўшокӣ ва масъалаҳои корезӣ.

 

Дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ. Беҳтар намудани дастрасии аҳолӣ бо оби тозаи нўшокӣ ва баланд бардоштани сатҳ ва сифати хизматрасонӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати имрўзаи Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад.

Шумораи истифодабарандагони оби нўшокӣ дар маркази шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот 247771 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҳудуди шаҳр дар маҷмўъ 53 чоҳҳои амудӣ ба қайд гирифта шудааст, ки тавассути онҳо аҳолии деҳаҳо бо оби ошомаданӣ таъмин мегарданд. Чоҳҳои амудии обтаъминкунӣ дар тавозуни ҷамъиятҳо, хоҷагиҳо, ҷамоатҳо қарор доранд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани таъминоти аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ, хатҳои обгузар ва таъмини фаъолияти муназзами пойгоҳҳои обтаъминкунӣ лозим мебошад.

Корхонаи истифодабарии оби нушокии деҳоти шаҳри Турсунзода (КИОНД-и ш.Турсунзода) навтаъсис буда, дар тавозуни худ 7 пойгоҳи обкашӣ дорад ва тавассути хатҳои обгузари дар тавозуни ҶСК “Ширкати Алюминийи Тоҷик” қарордошта 13000 нафар аҳолии 21 деҳаро бо оби нӯшокӣ таъмин менамояд.

Аҳолии маркази шаҳр пурра бо оби нўшокии безараргардонидашуда таъмин мебошад. Ҳолати таъминоти аҳолии деҳот бо оби нушокӣ 34,6 фоизро ташкил дода, корҳои дахлдор ҷиҳати таъмини 65,4 фоизи аҳолии деҳот бо оби тозаи ошомиданӣ идома доранд.

Барои бо оби нўшокӣ пурра таъмин намудани аҳолии маҳаллаҳои навбунёд, сохтмони пойгоҳи обкашӣ, ҳавзи об дар қисми ҷанубии шаҳри Турсунзода, насби қубурҳои обгузар ва обченкунакҳо, таъмиру азнавсозии инфрасохтори обтаъминкунӣ ва хатҳои ташнобу корез пешбинӣ гардидааст.

5.1.1. Мушкилоти асосӣ:

  • сатҳи пасти дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нўшокӣ дар деҳот;
  • пурра бо шартнома фаро гирифта нашудани муштариён-истифодабарандагони оби нӯшокӣ.

 

5.1.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • пурра таъмин намудани аҳолии деҳот бо оби нўшокӣ;
  • таъмини шартномабандӣ бо муштариён-истифодабарандагони оби нӯшокӣ.
  • бунёди хатҳои оби нўшокӣ дар маҳаллаҳои нави аҳолинишин;
  • ба истифода супоридани истгоҳи обтаъминкунии шаҳри Турсунзода.

 5.1.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • беҳтар шудани сатҳу сифати таъминоти оби нӯшокӣ дар шаҳр;
  • беҳтар гаштани таъминоти аҳолии деҳот бо оби ошомиданӣ.

          5.2. ХОҶАГИИ МАНЗИЛИЮ КОММУНАЛӢ

        Шуъбаи манзилию коммуналӣ ва хоҷагидорӣ ва Муассисаи манзилию коммуналии шаҳр ҷиҳати ободонию тоза нигоҳ доштани шаҳр фаъолият менамоянд. Тоза кардани ҷўйҳо ва заҳбурҳои кўчаҳои шаҳр, баровардани партовҳо, иҷрои корҳои чароғонкунӣ, рангубори биноҳои баландошёна, ободонӣ ва сабзу хуррамгардонии маркази шаҳр, тавассути корхонаҳои мазкур амалӣ мегардад.

        Шуъбаи  манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳри Турсунзода соли 1975 дар назди ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» таъсис ёфта, асосан ба сокинони хонаҳои баландошёнаи маҳаллаҳои 1,2,3,4,5 ва 9-и маркази шаҳри Турсунзода хизмат мерасонид. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1999 таҳти №393 ва қарори раиси шаҳри Турсунзода аз 18 декабри соли 2009 таҳти №819 Шуъбаи  манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр аз тавозини корхонаи мазкур ба тавозуни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гузаронида шуд. Фаъолияти шуъба то 1 майи соли 2014 хизматрасониҳои коммуналӣ, чароғонкунии кўчаҳои шаҳр ва кабудзоркунии худуди қисми нави шаҳр буд. Баъдан ба зиммаи Шуъбаи  манзилию коммуналӣ ва хоҷагидории шаҳр иҷрои корҳои ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳои сахти маишӣ, бақайдгирӣ ва аз қайд баровардани шаҳрвандон ва тозагии тамоми ҳудуди шаҳр вогузор гардид. Дар ҳудуди хизматрасонии шуъба 155 биноҳои баландошёнаи иборат аз 8831 утоқ, 3022 хонаҳои хусусӣ, 6 бозор ва зиёда аз 500 нуқтаҳои савдо мавҷуд мебошад. Шуъбаи мазкур ба зиёда аз 40 ҳазор нафар истиқоматкунандагони маркази шаҳр хизмат мерасонад.

Феълан дар шаҳр татбиқи лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маиши дар шаҳри Турсунзода” ба маблағи 4,99 млн. доллари ИМА (аз ҷумла 2,99 млн. доллар грант ва 2 млн. доллар қарз) аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) идома дорад ва ба анҷом расонидани корҳои он то охири соли 2020 пешбинӣ гаштааст. Мақсади лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Турсунзода” аз ҷорӣ намудани технологияҳои муосири идоракунии партовҳои сахти маишӣ ва усулҳои нави ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои сахти маишӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар гардонидани вазъи санитарӣ ва экологии ҳудуди шаҳр, инчунин сохтмони партовгоҳи марказии нав мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, ки ба талаботҳои санитарӣ ва экологӣ ҷавобгў мебошанд, иборат мебошад. Муддати баргардонидани қарзи лоиҳа 15 сол буда, нақшаи татбиқи лоиҳа ва нақшаи пардохти маблағи қарзи мазкур аз соли 2014 то охири соли 2028 амалӣ мегардад. Дар Шуъбаи мазкур 247 нафар коргарон фаъолият менамоянд.

Муассисаи манзилию коммуналии шаҳри Турсунзода (ММК) соли 1954 ташкил дода шуда, тобеъи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода мебошад.

Фаъолияти муассисаи номбурда асосан аз чароғонкунии кӯчаҳои шаҳр, тоза кардани иншооти обрасонӣ (наҳр ва ҷўйҳо) ва кабудизоркунии тамоми ҳудуди шаҳр иборат мебошад.

Дар муассиса 122 нафар коргарон фаъолият менамоянд. Хизматрасонии коммуналӣ ва нигоҳдории фонди манзил аз таъмири таҳхонаҳо, таъмири лифтҳо, таъмири қубурҳои обгузар, таъмир ва равшанкунии даромадгоҳҳо иборат мебошад. Хизматрасонӣ ва фарогирии муштариён:

– нигоҳдорӣ  ва истифодаи фонди манзил дар биноҳои дуошёна – 85%;

– обтаъминкунӣ, кабудизоркунӣ ва равшанкунонии тамоми ҳудуди шаҳр аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ – 100%.

 5.2.1. Мушкилоти асосӣ:

– оғоз нагаштани фаъолияти партовгоҳи марказӣ бинобар идомаи бунёди он;

– нокифоягии техникаи махсуси коммуналӣ дар ММК;

– пурра шартномабандӣ нагаштани муштариён бо ШМКХ;

– сатҳи пасти ҷамъоварии маблаги хизматрасониҳои коммуналӣ;

 5.2.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • ба анҷом расонидани корҳои бунёди партовгоҳ;
  • таъмин намудани ММК бо техникаи коммуналӣ;
  • бо шартномабандӣ ҷалб намудани муштариён;
  • иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ бо муштариён.

5.2.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • ба истифлода супоридани партовгоҳи марказии шаҳр;
  • беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасониҳои коммуналӣ;
  • беҳтар гаштани сатҳи ҷамъоварии маблаги хизматрасониҳои коммуналӣ.

5.3. ТАЪМИНОТИ БАРҚ.

Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Шабакаҳои барқии шаҳри Турсунзода» соли 1998 ба шабакаи мустақили барқии шаҳр табдил дода шуд. Дар шабакаи барқии шаҳр 201 нафар мутахассис фаъолият дорад, ки аз ин 33 нафар кормандони муҳандисию техникӣ буда, ба 298,4 ҳазор аҳолии шаҳр ҷиҳати барқтаъминкунӣ хизматрасонӣ менамояд.

Корхонаи мазкур дар мувозинаи худ 1 зеристгоҳи барқии «Равшан» бо шиддатнокии 220/110/35/10 кВт ва иқтидори 400 ҳазор кВА, инчунин 2  зеристгоҳи  барқии шиддатнокиашон  35/10 кВт бо иқтидории умуми 52,6 кВА ва 1 адад зеристгоҳи барқии шиддатнокиаш 110/35/10 кВт бо иқтидории умуми 50 МВА дорад.

Дарозии умумии хатҳои барқии шиддатнокии 35 кВ – 31,12 км, ХИБ 10 кВ – 531,97 км, ХИБ 0,4 кВ – 927,16 км мебошанд. Дарозии хатҳои кабелии шиддатнокии 10 кВ – 27,361 км ва хатҳои кабелии шиддатнокии 0,4 кВ – 26,733 километрро ташкил медиҳанд.

Дар соли 2019 ба миқдори 277,4 млн. кВ/соат қувваи барқ қабул гардидааст, ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли 2018 ба 262,8 млн. кВ/соат баробар буд. Маблағи ҳисобшуда 56 млн. 44,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки маблағи пардохти он ба 44 млн. 835,6 ҳазор сомонӣ ё 80% баробар мебошад.

Талафоти қувваи барқ бошад, 12,8% мебошад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,5 % кам мебошад.

Истифодаи нерўи барқ яке аз масъалаҳои асосии шаҳр маҳсуб меёбад ва корхонаи калонтарини ҷумҳурӣ ҶСК «Ширкати Алюминии Тоҷик» яке аз истеъмолкунандагони асосии барқ мебошад.

Дар соли 2019 аз тарафи ҶСШК “Шабакаҳои барқи Турсунзода” барои таъминоти хушсифат ва мунтазами барқ ба истеъмолкунандагон тайёрии хуб дида, як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст, аз ҷумла дар хати ҳавоии 10/0,4 кВ ба миқдори 82022 метр симҳои лучи алюминӣ, оиқҳо ба миқдори 2500 адад, сарбанд ба миқдори 300 адад, сутунпояҳои оҳанию бетонӣ ба миқдори 268 адад иваз гардидаанд. Дар ҳамин давра шумораи истифодабарандагон ба 54662 адад баробар буда, аз ин 38244 адад ҳисобкунанкҳои электрониро истифода менамоянд.

Тибқи созишнома байни ШСХК “Барқи Тоҷик” ва Бонки осиёии рушд соли 2017 татбиқи лоиҳаи азнавсозии зеристгоҳи барқии “Равшан” оғоз гардида, маблағи умумии лоиҳа 14,5 млн. доллари ИМА-ро дар бар мегирад, ки 14,5 млн. доллар ё 100 фоизи он аз худ карда шудааст.

Айни ҳол зеристгоҳҳои барқии “Равшан” 220/35/10 кВ” ва “Промзона”  35/10 кВ ба пуррагӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шудаанд.

 

5.3.1. Мушкилоти асосии барқтаъминкунӣ:

 – фарсуда гаштани симчўбҳо ва хатҳои интиқоли барқ дар деҳаҳо;

– нокифоягии тавоноии трансформаторҳо дар деҳаҳо;

– таъмирталаб гаштани шабакаҳои барқтаъминкунии дохили биноҳои баландошёна;

– зарурияти бунёди хатҳои интиқоли барқ дар маҳаллаҳои навбунёдгашта ва навбунёдшаванда;

5.3.2. Вазифаҳои асосӣ:

барқарорсозии ХИБ ва симчубҳои фарсудагашта дар деҳаҳо;

– бақайдгирии (инвентаризатсия) тамоми истифодабарандагони нерўи барқ;

– баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои соҳаи барқ;

– истифодаи сарчашмаҳои алтернативии нерӯи барқ барои чароғонкунии роҳҳои дохили шаҳр;

– кам кардани талафоти барқ;

– иваз кардани зеристгоҳҳои барқии баландшиддати сарбориашон аз меъёр зиёд.

 

5.3.3. Натиҷаҳои пешбинишуда: 

– беҳтар гаштани сатҳи хизматрасониҳои соҳаи энергетика.

– дар деҳаҳо трансформаторҳои пуриқтидор васл гардида, симчубу хатҳои фарсудаи интиқоли барқ иваз карда мешавад;

– таъмин гаштани аҳолии маҳаллаҳои навбунёдгашта ва минбаъд бунёдшаванда бо нерӯи барқ;

– афзоиши истифодаи сарчашмаҳои алтернативии нерӯи барқ барои чароғонкунии роҳҳои дохили шаҳр.

5.4. АЛОҚА ВА ФАЗОИ ИТТИЛООТӢ

 Минтақаи №5-и ҷамъияти  саҳомии  кушодаи «Тоҷиктелеком»  таъминкунандаи асосии хизматрасониҳои соҳаи алоқа дар шаҳр мебошад.

Дар истгоҳи телефонии шаҳр ва истгоҳи телефонии деҳот воқеъ дар шаҳраки Пахтаабод 1810 нуқтаи телефонӣ пайваст буда, аз он 882 нуқта ба корхонаву ташкилотҳо ва 928 нуқта ба аҳолии шаҳр ва деҳот хизмат мерасонад.

Дар соли 2019 шумораи муштариён 117 адад зиёд  шудааст, аз ҷумла, аз ҳисоби аҳолӣ 84 адад ва аз ҳисоби корхонаю ташкилотҳо 33 адад. Инчунин 190 нафар муштариён ба шабакаи интернет пайваст мебошад.

Муштариён инчунин аз хизматрасонии шабакаҳои мобилии «Мегафон»,  «Вавилон», «ТСееl», «ZетМобайл» истифода мебаранд.

Минтақаи №5-и ҷамъияти  саҳомии  кушодаи «Тоҷиктелеком»  бо таҷҳизотҳои замонавии рақамӣ ва хати нурию нахӣ васл карда шуда, барои муштариён хизматрасониҳои интернетӣ ва почтаи электронӣ дастрас мебошад.

Дар ҳудуди шаҳр ҳамаи барномаи телевизиони ҷумҳуриявӣ ва телевизиони маҳаллии «ТВ Регар», инчунин барномаҳои радиои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пахш карда мешавад.

Дар шаҳр рўзномаҳои «Диёри Турсунзода», «Алюминийи Тоҷикистон», «Ҳидоят», маҷааллаҳои «Тибби Буалӣ», «Нури маърифат»  нашр мешаванд.

5.4.1. Мушкилоти соҳа:

– пурра таъмин набудани аҳолии шаҳр ва деҳаҳо бо воситаҳои алоқаи телефонии ноқилӣ;

 –  набудани хатҳои алоқаи нурию нахӣ ва таҷҳизоти алоқа дар деҳот;

– набудани истгоҳҳои нави рақамӣ, барои таъмини дастрасии алоқа ба муштариёни деҳаҳои дурдаст.

 

5.4.2. Вазифаҳои асосӣ:

таҷдиду азнавсозии ва иваз намудани хатҳои фарсудаи алоқа ва дигар инфрасохтори алоқа;

– беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои соҳаи дар шаҳр ва деҳот;

– ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсонӣ дар соҳаи алоқа;

–  кашидани хатҳои алоқаи нурию нахӣ ва насб намудани истгоҳи нави рақами барои таъмин намудани муштариён алоқаи босифат дар шаҳр ва деҳот.

 

 

5.4.3. Натиҷаҳои чашмдошт: 

– пурра таъмин намудани аҳолии шаҳр ва деҳаҳо бо воситаҳои алоқаи телефонии ноқилӣ ва алоқаи босифат;

– пайваст гаштани ташкилоту муассисаҳо дар шаҳр ва деҳот ба хатти нурию нахӣ ва интернети баландсуръат;

–  набудани хатҳои алоқаи нурию нахӣ ва таҷҳизоти алоқа дар деҳот;

– насб намудани истгоҳи нави рақамӣ ва пурра кашидани хати нурию нахӣ, барои таъмини дастрасии алоқа ба муштариёни деҳаҳои дурдаст;

– фарогириии пурраи аҳолии деҳот ва баҳрабардории онҳо аз пахши барномаҳои радио ва телевизиони ҷумҳуриявӣ.

5.5. НАҚЛИЁТ ВА РОҲ

 Нигоҳдории роҳҳои дохилишаҳрӣ ва роҳҳои аҳамияти ҷумҳуридошта ба зиммаи Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Турсунҳода вогузор гардидааст.

Аз ҳудуди шаҳр роҳи автомобилгарди “Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ҷумҳурии Узбекистон” мегузарад. Ба воситаи ин роҳ маҳсулоти истеҳсолгардида аз нуқтаҳои истеҳсолӣ ва коркард ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар интиқол мегардад.

Дар доираи татбики барномаи рушди шаҳр таҷдиду барқарорсозӣ ва бунёди роҳҳои нав, беҳтар намудани сифати роҳҳо, бунёди инфрасохтори замонавии нақлиётӣ, сохтмон ва таъмири роҳҳои дохилишаҳрию маҳаллӣ пешбинӣ мегардад.

Корҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ дар шаҳр асосан тавассути бахши хусусӣ амалӣ мешавад.

Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард (МДНРА). Муассисаи мазкур дар шаҳр ба фаъолияти роҳдорӣ машғул буда, тобеи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муассиса дорои 11 адад техникаҳои роҳсозӣ ва таҷҳизотҳо мебошад.

Муассисаи мазкур ба 283,4 км роҳҳои истифодабарии умум хизматрасонӣ менамояд, ки аз он 22,8 км роҳҳои байналмилалӣ, 5,9 км роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 254,7 км роҳҳои маҳаллӣ мебошанд.

Дар давоми солҳои 2015-2019 ба МДНРА барои фаъолият, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳр аз буҷети ҷумҳурӣ ва маҳалли дар маҷмўъ зиёда аз 4 млн. сомонӣ равона гардидааст.

Дар доираи маблағҳои ҷудошуда, аз ҷониби муассисаи мазкур зиёда аз 25 км роҳ таъмири асосӣ (мумфарш), 309 км таъмири ҷорӣ гардида, 4 адад пул бо дарозии 56 метр таъмир карда шудааст.

 Нақлиёти мусофиркаш. Дар шаҳр 4 корхонаи нақлиётӣ ва терминали мусофирбарӣ дар асоси иҷозатномаи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо дар даврони истиқлолият таъсис дода шудаанд. Ҳамчунин, дар шаҳр 18 нуқтаҳои хизматрасонии техникӣ фаъолият менамоянд.

Ба санаи 1 январи соли 2020 дар миқёси шаҳр 5649 адад воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба қайд гирифта шудаанд. Дар шаҳр 79 микроавтобус дар 12 хатсайри мусофирбарӣ ба деҳаҳо ва маркази ҷамоатҳо фаъолият мекунанд.

Таъминоти муассисаҳои нақлиётӣ бо автобусҳои наву замонавӣ, мошинҳои сабукрави махсусгардонишадашуда (таксӣ), электробусҳои замонавӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгўй намудани хатсайрҳои дохилишаҳрӣ, барои бартараф намудани мушкилоти мусофиркашонӣ ва фароҳам овардани шароити хуби хизматрасонӣ вобаста ба ҳамлу нақли борҳо ва ба роҳ мондани хизматрасонии босифат ба сокинону меҳмонони шаҳр мусоидат менамояд.

5.5.1. Мушкилоти асосӣ:

  • фарсуда ва танг будани роҳҳои хиёбону кўчаҳои маркази шаҳр;
  • зарурияти азнавсозию барқарорсозии роҳҳои дохилии кӯчаҳои маркази шаҳр;
  • норасогии техникаи нави роҳсозӣ (автогрейдер, мехлопата, мошини боркаш, мошини мумфаршкунанда);
  • норасоии нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ;
  • таъмирталаб будани пулҳои мошингузар дар деҳот;
  • набудани пайроҳаи велосипедронӣ дар шафати роҳҳои автомобилгард;
  • набудани таҷҳизоти муосир барои беҳтар гаштани фаъолияти истеҳсолии корхонаи асфалтбарорӣ.

 

5.5.2. Вазифаҳои асосӣ:

  • ба роҳ мондани танзими ҳаракати нақлиёти шаҳрӣ;
  • ворид намудани воситаҳои нақлиёт барои мусофиркашонӣ;
  • фароҳам овардани шароит ҷиҳати ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан;
  • беҳтар намудани заминаи моддию техникии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард.

5.5.3. Натиҷаҳои чашмдошт:

  • афзоиши ҳаҷми корҳои азнавсозӣ ва таъмири роҳҳои дохилишаҳрӣ ва роҳҳои ҷамоатҳои деҳот;
  • фароҳам гаштани инфрасохтори хуби нақлиётӣ;
  • таъмин гаштани МДНРА бо нақлиёти зарурии роҳсозӣ;
  • зиёд гаштани ҳаҷми боркашонӣ ва гардиши мол;
  • зиёд гаштани ҳаҷми мусофиркашонӣ;
  • беҳтар гаштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан;
  • афзоиши ҳаҷми интиқол ва содироти молу маҳсулот.

 

БОБИ 6. ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ҲОЛАТҲОИ ФАВҚУЛОДДА

 

6.1. Ҳифзи муҳити зист

Шаҳри Турсунзода минтақаи саноатию кишоварзӣ мебошад ва ҳолати экологии шаҳр ба фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ вобаста мебошад.

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати экологии шаҳр ва кам намудани таъсири манфии корхонаҳои саноатӣ пешбинӣ мегардад, ки механизми экспертизаи экологӣ ба таври самаранок истифода гашта, нақшаи чорабиниҳои амалӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва мониторинги экологӣ таҳия ва татбиқ мегардад.

Дар шаҳр шабакаи обтаъминкунӣ ва шабакаи коррезӣ пурра таҷдиду барқарорсозӣ гашта, корҳои таъмиру барқарорсозии иншооти пасобтозакунии шаҳр ба нақша гирифта шудааст.

Партовҳои сахти маишӣ. Дар як сол аз ҳисоби аҳолӣ ва корхонаҳои шаҳр 268 ҳазор тонна партов бароварда мешавад.

Дар деҳот бошад барои ҳифзи муҳити зист ҷойҳои махсуси партовҷамъкунӣ ташкил карда шуда, партовҳо ба партовгоҳи марказӣ интиқол дода мешаванд.

Дар шаҳр ҷойҳои махсус барои партовпартоӣ вуҷуд дорад ва бо қуттиҳои махсус мучаҳҳаз гардонида шуда, партовҳои сахти маишӣ аз ҷониби ШМКХ саривакт ва мунтазам бо техникаи коммуналӣ ба партовгоҳи марказӣ бароварда мешаванд.

Партовгоҳи асосии шаҳр дар деҳаи Қуруқсойи ҷамоати деҳоти ба номи Ҷ. Раҳмонов воқеъ гардида, масоҳати умумии он 11,69 гектарро  ташкил медиҳад. ШМКХ-и шаҳр партовҳоро ҳар моҳ хокпўш менамояд ва он аз тарафи МНДСЭ-и шаҳр бо маҳлули хлор безарар гардонида мешавад.

Яке аз манбаъҳои партовҳои хатарнок, ин лампаҳои симобдори корношоям мебошад. Дар шаҳр ва ҷамоатҳои деҳот нуқтаҳои қабули лампаҳои симобдори корношоям ташкил карда шудааст. Масъалаи ҷамъоварии лампаҳои симобдори корношоямшуда ба зиммаи ММК гузошта шудааст.

Дар шаҳр ҳамасола корҳои ниҳолшинонию барқарорсозии дарахтзорҳо ва бунёди богҳо бо мақсади беҳтар намуди муҳити зист, амалӣ карда мешаванд.

Партовҳои истеҳсолоти алюминий. Дар шаҳр партовҳои истеҳсолоти алюминий аз ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик» истеҳсол мешавад. Дар як сол ба миқдори то 60 ҳазор тонна партовҳои истеҳсолӣ ба 2 партовгоҳи асосии дохили корхона, ки масоҳати умумии онҳо 7 гектарро ташкил менамояд интиқол меёбанд. Партовҳои истеҳсолӣ барои коркарди дубора истифода мешаванд. Айни замон корҳои зиёди тадқиқотӣ, таҷрибавию озмоишӣ дар бобати коркарди партовҳои истеҳсолӣ ва ҷалби захираҳои маъдании маҳаллӣ анҷом дода шудааст. Дар ҷараёни истеҳсоли алюминий миқдори зиёди партовҳои газмонанд, моеъ ва сахт ҳосил мешаванд, ки дар таркиби худ ҷузъиёти зиёди қиматбаҳо доранд.

Коркарди партовҳои корхонаи мазкур (нимсўхтаҳои анод, аноди сақатшуда, чанги кокс, пораҳои бутабандӣ, кафки ангиштӣ, таҳшинот ва ғайра) имкон медиҳад, ки вазъи экологии корхона беҳтар гашта, ҳамзамон арзиши алюминийи истеҳсолшаванда низ, паст гардад.

Солҳои охир дар дохили корхона коркарди саноатии партовҳо аз партовгоҳи партовҳои сахт ва ҳавзи таҳшинот тибқи технологияи таҳиянамудаи кормандони корхона ва Академияи илмҳои Ҷумҳуриии Тоҷикистон амалӣ шуда истодааст. Чунин ҳолат имконият медиҳад, ки ҳар моҳ 1730 тонна партови истеҳсолот коркард шуда, аз он 350 тонна криолити бозгардон, 140 тонна электролити бозгардон, 400 тонна нимсўхтаҳои анод, 140 тонна маводи ангиштдор барои истеҳсоли анод ва 700 тонна филизпораҳои сиёҳ ҳосил карда шавад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 дар заминаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» пажуҳишгоҳи илмию таҳқиҳотии металлургия (ПИТМ) таъсис дода шудааст, ки мақсади асосии он роҳандозии технологияи истифодаи партовҳои истеҳсолӣ, инчунин гузаронидани таҳқиқоти илмӣ тибқи технологияи нав, таҳияи технологияҳои иноватсионии илман асоснокшуда оид ба гузариши корхона ба ашёи хоми маъдании маҳаллӣ, кам кардани таъсири манфии партовҳои истеҳсолии он ба муҳити атроф, такмили равандҳо ва конструксияҳои технологии электролизёрҳо барои истеҳсоли алюминий мебошад. Таҳқиқоти экологӣ ва таҳияи технологияҳои иноватсионӣ дар бобати коркарди дубораи партовҳои истеҳсолоти алюминий вазифаҳои афзалиятноки пажуҳишгоҳ маҳсуб меёбанд. Бобати беҳтар намудани ҳолати экологии минтақа Пажуҳишгоҳи мазкур як қатор технологияҳоро оид ба коркарди партовҳои фтору гилхокдори ҶСК «Ширкати Алюминийи Тоҷик», аз қабили таҳшиноти бахши газтозакунӣ, бехтаҳои анбори партовҳои сахт, кафки ангиштии электролит, блокҳои катодии коркардшуда ва ғайра таҳия намуда, дар миқёси саноатӣ аз санҷиш гузаронидааст ва барои кашфи технологияҳои мазкур соҳиби патентҳои дахлдори миллӣ ва байналмилалӣ гаштааст.

6.2. Ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва кам кардани хатари онҳо.

Низоми ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ вазифаи огоҳсозӣ ва ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулодда, пешгирӣ ва бартараф намудани хавфи ҳолатҳои фавқулоддаро ба зимма дорад. Ҳамасола дар мавсими баҳору тобистон обшавии бошиддати барфу пиряхҳо ва боришоти зиёд боиси обхезӣ, фаромадани ярч ва омадани сел гашта, дар натиҷа ба иншооти муҳими шаҳру деҳоти Турсунзода хисорот мерасонад.

Давоми солҳои 2015-2019 дар шаҳри Турсунзода ҳамагӣ 6 ҳолати таъсири офатҳои табиӣ, аз ҷумла 3 ҳодисаи омадани сел ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи ҳодисаҳои табиӣ тўли солҳои 2015-2019 ба иқтисодиёти шаҳр беш аз 71 млн. сомонӣ зарар расонида шудааст.

Пешгирӣ ва кам кардани хатари ҳолатҳои фавқулодда.  Нақшаи тақвиятӣ идоракунии хатари офатҳои табии шаҳри Турсунзода (НТИХОТ) барои солҳои 2020-2025 ҳуҷҷати асосӣ дар самти пешгирӣ, эътино ва рафъи хатари офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодаи шаҳри Турсунзода ба шумор рафта, он бо дастурамали оиди “Таҳия ва татбиқи барномаҳои рушди маҳаллии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ҳамоҳанг мебошад.

НТИХОТ аз ҷониби мутахасисони ҳолатҳои фавқуллодда ва мудофиаи гражданӣ ва гуруҳи корӣ оид ба таҳия ва татбиқи Нақшаи ИХОТ-и шаҳри Турсунзода, бо назардошти таъмини иштироки васеи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ, омода шудааст.

Мақсади асосии нақшаи мазкур: таъмини устуворӣ ба хавфу хатари офатҳои табиӣ, тавассусти тақвияти низоми идоракунии муосир ва иштироки ҷомеа мебошад.

Нақшаи мазкур бо Ҳадафҳои рушди устувор, Барномаи чорчӯбавии Сендай оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ, Стратегия миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи рушди миёнамўҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва Стратегияи миллӣ оид ба паст намудани хавфи офатҳои табиӣ ва ҳолатҳои фавқулодда, ҳамоҳанг мебошад.

Шарҳи хусусиятҳои офатҳои табиӣ. Хусусияти хатари офатҳои табиии шаҳр аз ҷойгиршавии ҷуғрофии он, релефи он дар қисмати ҷанубии қатор кўҳҳои Ҳисор буданаш ва аз сатҳи баҳр дар баландии аз 750 то 3000м ҷойгир буданаш, ташаккул меёбад. Офатҳои табиие, ки  ба аҳолии шаҳр бештар таҳдид менамоянд, асосан аз ҷараёнҳои гидрологию метеорологӣ ва геологӣ иборат мебошанд.

 

Ҷараёнҳои офатҳои табии шаҳри Турсунзода.

Гидрологию метеоролӣ: Геологӣ-табиӣ :
ü  обхезӣ;

ü  хушксолӣ;

ü  хунукӣ ва сардиҳои шадид;

ü  бориши барф;

ü  боришот;

ü  жола;

ü  шамол;

ü  тармафароӣ;

ü  баланд шудани сатҳи обҳои зеризаминӣ.

ü сел;

ü ярчфароӣ;

ü заминларза;

ü лағжиши санг.

Таҳлили вазъият нишон медиҳад, ки обшавии босуръати барф дар кўҳҳои қисми шимолии шаҳр, баландшавии ҳарорати миёнаи солона, тағйирёбии миқдори боришот, бештар шудани давраҳои ғайриоддии обу ҳаво (бориши жола, барф), инчунин афзоиши офатҳои табиӣ бар асари шароити обу ҳаво ва иқлим, мушоҳида мешавад. Ин ҳама метавонад ба захираҳои табиӣ, саломатии одамон ва рушди иқтисодиёти маҳаллӣ таъсир расонад.

Руйхати

минтақаҳои хавфноки чамоату деҳаҳои шаҳри Турсунзода

Номи маҳалли аҳолинишин Номгуи офатҳои таҳдидкунанда Мавқеи таҳдид

(ба аҳолӣ ё заминҳои кишт)

Шумораи хочагӣ (хоҷагӣ адад) Шумораи аҳоли (нафар) Масофа ё ҳудуди таҳдид (метр) Мавҷудияти хулосаи геологӣ (ҳаст ё нест)
1.    Ҷамоати деҳоти Регар
1.  Деҳқонобод Сел дар фасли баҳор Ба аҳолӣ ва заминҳои кишт 161 1048 1 км Нест
2.  Навбаҳор Сел дар фасли баҳор Ба аҳолӣ ва заминҳои кишт 331 1155 1 км Нест
3.  Навобод Сел дар фасли баҳор Ба аҳолӣ ва заминҳои кишт 66 558 1 км Нест
2.Ҷамоати деҳоти Ҷура Раҳмонов
1 О. Нуъмонова Сел дар дарёи Қаратоғ Ба аҳолӣ 24 120 600м Нест
2 О. Нуъмонова Сел дар дарёи Қаратоғ Ба заминҳои кишт 1639 4200м Нест
3 Заркамар Сел дар дарёи Қаратоғ Ба аҳолӣ 6 60 800м Нест
4 Н. Кучаров Сел дар дарёи Қаратоғ Ба аҳолӣ 10 80 600м Нест
5 Б. Тошев Лағжиши замин Ба аҳолӣ 42 252 800м Нест
6 Б. Тошев ва Заркамар Селбурии долонсой Ба аҳолӣ 70 410 1500м Нест
3.Ҷамоати деҳоти 10-солагии Истиқлолият
1 Лоҳутӣ Сел дар байни деҳаҳои Марҳамат ва Лоҳутӣ Ба аҳолӣ 185 1187 Нест
2 Сомонӣ Сел дар дарёи Қаратоғ Ба аҳолӣ 391 2476 Нест
3 Шарқ Сел дар дарёи Қаратоғ Ба аҳолӣ 651 4485 Нест
4 Бахтовар Сел дар дарёи Қаратоғ Ба аҳолӣ 502 2881 Нест
5 Нурафшон Сел дар дарёи Қаратоғ Заминҳои кишт 403 2797 Нест
6 Узбеконтеппа Сел дар дарёи Қаратоғ Ба аҳолӣ 360 2289 Нест
7 Меҳргон Сел дар дарёи Қаратоғ Ба аҳолӣ 440 1753 Нест
8 Хурамзамин Сел дар дарёи Қаратоғ Ба аҳолӣ 255 1728 Нест
4.Ҷамоати деҳоти Турсун Туйчиев
1 Моҳинав Сел дар дарёи Қаратоғ Ба аҳолӣ 60 310 1500м Нест
2 М. Ҳамадонӣ Сел дар дарёи Қаратоғ Ба аҳолӣ 20 110 1000м Нест
3 М. Эшназаров Сел дар дарёи Қаратоғ Ба аҳолӣ 35 143 1000м Нест
4 Баҳор Лағжиши замин Ба аҳолӣ 10 56 420м Нест
5. Д. Зарбдор Зуҳриёти сели Ба аҳолӣ 20 45-50м Нест
5.Ҷамоати деҳоти Сешанбе
1 М. Горкий Сел аз канали ёмчи Ба аҳолӣ ва заминҳои кишт 10 56 1500м Нест
2 Самарқанд Лағжиши замин Ба аҳолӣ 6 32 600м Нест
6.Ҷамоати деҳоти Работ
1 Ширкент 1. Сел дар дарёи Ширкент Ба аҳолӣ 150 1570 500м Нест
2 Ширкент 2. Сел дар дарёи Ширкент Ба аҳолӣ 88 860 500м Нест
3 Деҳвак Сел дар дараи Шўроб Ба аҳолӣ 73 631 250м Нест
7.Ҷамоати деҳоти Пахтаобод
1 Пахтаобод Сел дар дарёи Ширкент Пули деҳаи хосабача 30м Нест
2 Анҷирбар Сел дар дарёи Ширкент заминҳои кишт Нест
8.Ҷамоати деҳоти Навобод
1 Зиёратут Сел дар дарёи Ширкент Ба аҳолӣ 23 70 180м Нест
2 Сангқалъа Сел дар дарёи Ширкент Ба аҳолӣ 15 20 200м Нест
3 Шодмон Сел дар дарёи Ширкент Ба аҳолӣ 18 55 800м Нест
4 Истиқлол Сел дар дарёи Ширкент Ба аҳолӣ 2 250м Нест

Хусусияти офатҳои табии шаҳри Турсунзода дар ҷадвали зерин ба таври муфассал оварда шудааст.

 

Хусусиятҳои офатҳои табии шаҳри Турсунзода

Хавф Хусусият
Заминҷунбӣ ·         Минтақаи фаъоли сейсмикӣ. Мувофиқи харитаи минтақабандии сейсмикии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Турсунзода дар минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ хатарнок ҷойгир буда, сатҳи он аз рўйи меъёрҳои МSK-64 аз 7 то 9 дараҷа мерасад.

·         Тибқи маълумотҳои расми шаҳри Турсунзода дар давоми солҳои 2007 то соли 2019, зиёда аз 27-30 заминҷунбӣ ба қайд гирифта шудааст.

·         Мавзеъҳои аз ҷиҳати сейсмики фаъол дар қаламрави ҳудуди шаҳр бештар ба назар мерасад.

Сел ·      Аксарияти ҳудуди шаҳрро кўҳҳо ишғол меномоянд, бинобар ин хусусиятҳоии  топографии шаҳр ба пайдоиши муомилоти ҳаво таъсир мерасонад ва боиси ба амал омадани боришот мешавад, ки он барои ташаккулёбӣ ва фаромадани сел ба минтақаҳои куҳии деҳот, мусоидат менамояд.

·      Тибқи маълумотҳои расми дар шаҳри Турсунзода дар давоми солҳои 2005 то соли 2019, 248 ҳодисаи фаромадани сели характери гуногундошта ба қайд гирифта шудааст.

·      Селҳои калон асосан дар мавзеҳои назди соҳилии дарёи Қаратоғ ва Ширкент, ҷамоатҳои Ҷ.Раҳмонов, Қаратоғ, Работ, Сешанбе, Т.Туйчиев, 10 солагии Истиқлолият, Навобод ва Регар ба қайд гирифта шудааст.

Обхезиҳо ·      Аз қаламрави шаҳр дарёи Қаратоғу Ширкент, Долонсой ва Қуруқсой ҷорӣ мешаванд, ки эҳтимоли рахнашавии онҳо бинобар сабаби тоза нагаштани  онҳо, дар мавсими боронҳои баҳори мавҷуд аст ва метавонад ба аҳолӣ ва иқтисодиёти шаҳр хисороти калон оварда расонад.

·      Тибқи маълумотҳои расмӣ дар шаҳр дар давоми солҳои 2005 то соли 2019 дар шаҳр 248 ҳодисаи обхезӣ бақайд гирифта шудааст.

Ярч

 

·      Солҳои охир бинобар боришоти зиёд ва афзудани сатҳи намнокии адирҳои сафедхок дар мавсими баҳор, дар ҷамоатии Работ  ва Навобот фаромадани ярч  ба қайд гирифта шудааст.

·      Тибқи маълумотҳои расми дар шаҳр дар давоми солҳои 2005 то соли 2019 дар шаҳр 2 ҳодисаи фаромадани ярч ба қайд гирифта шудааст.

Сангрезӣ ·      Ҳамагӣ дар давоми солҳои 2005-2019 зиёда аз 28 ҳодисаи сангфароӣ дар роҳҳои баёни деҳавии ҳудуди ҷамоати деҳоти Работ, Т.Туйчиев, Навобод ва Регар ба қайд гирифта шудааст.
Тармафароӣ ·      Тармафарои асосан дар қисмати шимолии шаҳр, дар ҷамоатҳои деҳоти Қаратоғ, Ширкент ва  Навобот ба қайд гирифта шудааст.

·      Тибқи маълумотҳои расмӣ дар давоми солҳои 2005 то соли 2019 дар шаҳр 25 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.

Шамоли сахт ·      Дар давоми солҳои 2005-2019 ҳамагӣ 27 ҳодисаи хавфноки шамоли сахт дар ҷамоатҳои деҳоти Регар, Навобод, Т.Туйчиев ва Ҷ.Раҳмонов ба қайд гирифта шудааст.
Хунукии сахт/ сармо ·      Дар шаҳр дар давоми солҳои 2005-2019 7 ҳодисаи сармо ба қайд гирифта шудааст.
Барфи аз меъёр зиёд ·      Дар шаҳр дар давоми солҳои 2005-2019 4 ҳодисаи боридани барфи аз меъёр зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Дар давраи солҳои 2005-2019 дар ҳудуди шаҳри Турсунзода ҳамаги 248 офатҳои табиӣ ба қайд гирифта шуданд, ки таъсири онҳо ба иқтисодиёти маҳаллӣ манфӣ арзёбӣ мешавад (нигаред ба ҷадвали поён).

Шумораи ҳолати фавқулодаи хусусияти табиидошта дар шаҳри Турсунзода дар давоми солҳои 2005 -2019.

Намуди ОТ 2006 2007 2008 2009 2010 2011 2012 2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019 Чамъ
Сел  4 5 1 3 1 1 1 3 1 1 3 24
Обхезӣ
Ярч 3 1 3 1 8
Тармафарои 3 2 1 3 3 12
Сангрфарои 1 1
Заминларза 1 1 3 3 2 1 1 1 2 2 17
Шамоли сахт 1 2 1 2 1 1 2 10
Сармо 2 2 4
Барфи аз меъёр зиёд  1 1
Раду барқ 1 1
Ҳамагӣ: 4 6 2 1 3 3 10 7 8 4 3 10 4 10 78

Маълумоти оморӣ нишон медиҳад, ки дар қаламрави шаҳр дар солҳои 2012-2019 теъдоди ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиидошта нисбат ба солҳои 2006-2010 тадриҷан афзудааст. Дар шаҳри Турсунзода дар мадди аввал фаромадани сел (25%) ва дар мадди дувум бошад заминларза (12%), бештар мушоҳида шудааст.

Дучоршавӣ, осебпазирӣ ва тамоюлҳои ҲФ дар шаҳри Турсунзода. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ, шаҳри Турсунзода дар минтақаи хавфи баланди селфароӣ ва зиминларза ҷойгир мебошад. Дар давоми 14 соли охир, дар шаҳр 248 ҳодисаи ҳолатҳои фавқулоддаи характери гуногундошта рух дод, ки он боиси хисороти зиёди иқтисодӣ гардид. Таҳлили ҷуғрофии вуқӯи ҲФ табиӣ дар қаламрави шаҳри Турсунзода дар ин давра нишон медиҳад, ки селҳои калон асосан дар маҳалаҳои аҳолинишини соҳили дарёҳои Ширкент ва Қаратоғ ба қайд гирифта шудаанд.

Аз қаламрави шаҳри Турсунзода дарёҳои Ширкент ва Қаратоғ дар километри 40-41 ва километри 51-52-юми шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҷорӣ мешаванд.

Обхезиҳо бештар дар соҳили дарёҳои Ширкент (мавзеъҳои Ширкент-1-2-3, Савлӣ, Чимтеппа, Регар, Шодмон, Файзобод, Зиёраттут ва ғайра) ба назар мерасанд.

Ҳамзамон дар деҳаҳои соҳили дарёи Қаратоғ, деҳаҳои Қаратоғ, Батош, О.Нумонова, И.Сомонӣ, Моҳи нав, Бахтовар ва ғайра сел бештар ба қайд гирифта шудааст.

Мувофиқи харитаи минтақабандии сейсмикии қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Турсунзода дар минтақаи аз ҷиҳати сейсмикӣ ниҳоят баланд ва хатарнок ҷойгир буда, сатҳи он аз рўйи меъёрҳои Медведев-Шпайхуэр-Карнӣ аз 4 то 9 дараҷа арзёбӣ мешавад. Мавзеъҳои осебпазир ба заминларза дар қаламрави ҷамоатҳои деҳоти Работ, Сешанбе, Қаратоғ, Регар, Ҷ.Раҳмонов, Т.Туйчиев ва 10 солагии Истиқлолият бештар ба назар мерасанд.

Мутобиқи хулосаҳои Комиссияҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода хисороти моддии офатҳои табиӣ дар солҳои 2005-2019 дар ҳаҷми 337257,5 сомонӣ арзёбӣ шудааст. Барои пешгирии офатҳои табиӣ дар шаҳр аз ҷониби МИҲД фонди махсус ташкил гардида, инчунин офатҳои табиӣ аз ҳисоби сокинон ва соҳибкорони маҳаллӣ низ бартараф карда мешавад.

Мушкилоти асосии экологи ва ҳолатҳои фавқулодда:

  • самаранок истифода нагаштани чарогоҳҳо;
  • дар минтақаҳои хавфнок ҷойгир будани як қисми аҳолӣ;
  • аз ҷониби аҳолии деҳаҳои дар соҳили дарё ҷойгирбуда партофта шудани партовҳои сахти маишӣ;
  • ба талабот ҷавобгу набудани ҳолати сойу каналҳои селпарто ва селроҳаҳо;
  • хавфи таъсири манфии ҳодисаҳои табиӣ;
  • норасогии маводҳои зарурӣ ва масолеҳи сохтмонӣ барои иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ.

 Вазифаҳои асосӣ:

  • андешидани тадбирҳо оид ба истифодаи самараноки чарогоҳҳо;
  • таҳияи нақшаи аз минтақаҳои хавфнок кучонидани аҳолӣ ба минтакаҳои бехавф;
  • пурзўр намудани корҳои таргиботию фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ;
  • ичрои корҳо оид ба тоза намудани каналҳои селпарто ва селроҳаҳо;
  • ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисодиёти сабз»;
  • таҳияи нақшаи омодабошӣ ва эътино оид ба пешгирии хатари ҳолатҳои фавқулодда;
  • ичрои корхои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфнок.

         Натиҷаҳои чашмдошт:

  • ҳолати санитарӣ ва экологии шаҳр беҳтар мегардад;
  • дастрасии аҳолӣ ба оби безараргардонидашудаи нушокӣ, махсусан дар деҳот беҳтар мегардад;
  • фарҳанг ва масъулияти экологӣ беҳтар мегардад;
  • бо тоза намудани селравҳо ва бунёди саддҳои муҳофизатӣ хатари офатҳои табиӣ пешгирӣ карда мешавад;
  • корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар мавзеъҳои хавфнок иҷро карда мешаванд;
  • аҳолӣ, манзил, заминҳои кишт, чарогоҳҳо, чорво, набототу ҳайвонот ва иншоотҳо самаранок истифода гашта, аз хатари офатҳои табиӣ пешгирӣ ва эмин нигоҳ дошта мешаванд.

БОБИ 7. ИДОРАКУНИИ ҶАРАЁНИ ТАТБИҚИ БАРНОМА

 7.1. МАБЛАҒГУЗОРИИ БАРНОМАИ РУШДИ ШАҲР 

Ба Барномаи рушди шаҳр 241 лоиҳа ба маблағи 492,07 млн. сомонӣ ворид гардидааст, ки аз ин 91 лоиҳа ба маблағи 225,02 млн. сомонӣ ба бахши иқтисодӣ, 80 лоиҳа ба маблағи 66,02 млн. сомонӣ ба бахши иҷтимоӣ, 65 лоиҳа ба маблағи 201,03 млн. сомонӣ ба бахши инфрасохтор, 5 лоиҳа ба маблағи 3,15 млн. сомонӣ ба бахши ҳифзи муҳити зист ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда рост меояд.

Барои амалӣ намудани “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025” аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 492,07 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла, аз ҳисоби:

Буҷети ҷумҳуриявӣ 88,89 млн. сомонӣ;

Буҷети маҳаллии шаҳр 11,05 млн. сомонӣ;

Сармояи хориҷӣ 174,21 млн. сомонӣ;

Маблағҳои худии ташкилоту муассисаҳо 20,23 млн. сомонӣ;

Бахши хусусӣ (соҳибкорон) 197,69 млн. сомонӣ.

Маблағгузории Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Турсунзода барои солҳои 2020-2025 аз рӯи манбаъҳои маблаггузорӣ (миллион сомонӣ)

 

Соха Маблағ, млн. сомонӣ Манбаъҳои маблағгузорӣ Соли 2020 Соли 2021 Соли 2022 Соли 2023 Соли 2024 Соли 2025
Буҷети ҷумҳурӣ Буҷети маҳаллӣ Маблагҳои худӣ Сармояи хориҷӣ Бахши хусусӣ
Саноат 44,61 19 25,61 1,15 15,35 15,7 7,41 4,5 0,5
Кишоварзӣ 59,75 5,6 0,3 0,4 11,2 42,25 7,82 10,37 12,25 13,65 9,03 6,63
Шарикии давлат ва бахши хусусӣ 3,2 0,5 2,7 0,63 1,1 0,97 0,35 0,15
Сохтмон 117,46 12,4 105,06 11,6 21,78 25,98 20,7 22,2 15,2
Ҷамъ дар бахши иқтисодиёт 225,02 18 0,3 0,4 30,7 175,62 20,57 48,13 55,03 42,73 36,08 22,48
Маориф 43,3 30,9 3,15 4 5,25 3,95 6,2 4,95 7,2 11 10
Тандурустӣ 8,82 1,86 1,15 1,3 4,51 1,96 2,15 1,85 1,4 0,78 0,68
Фарҳанг 7,55 2,2 5,35 1,535 3,335 2,035 0,445 0,15 0,05
Сайёҳӣ 1,1 0,7 0,4 0,1 0,8 0,1 0,1
Варзиш ва           ҷавонон 5,25 5,25 1,25 1,75 1,15 0,65 0,2 0,25
Ҷамъ дар бахши иҷтимоиёт 66,02 35,66 9,65 5,3 15,41 8,695 13,535 9,985 10,495 12,23 11,08
ХМК 23,83 0,15 0,40 23,18 0,10 10,33 3,40 3,10 2,00 3,00 2,00
Обтаъминкунӣ 34,39 0,58 1,67 30,53 1,61 2,97 8,79 8,4 6,4 6,08 1,75
Нақлиёт 35 29,1 0,95 4,95 5,2 6,65 5,7 6,55 6,35 4,55
Барқтаъминкунӣ 104,66 5,3 17,36 82 14,013 5,688 1,478 2,883 40,963 39,635
ҲФ ва экология 3,15 0,255 0,4 2,5 0,11 0,11 0,31 0,51 0,71 1,4
Ҷамъ дар бахши инфрасохтор ва ҲФ ва экология 201,035 35,235 1,1 19,83 138,21 6,66 32,623 24,638 18,988 18,343 57,103 49,335
Арзиши умумии Барнома 492,075 88,895 11,05 20,23 174,21 197,69 61,888 86,303 84,003 71,568 105,413 82,895

7.2. НИЗОМИ МОНИТОРИНГ ВА АРЗЁБӢ

Низоми мониторинг ва арзёбӣ унсури муҳими татбиқи Барномаи рушди шаҳр ба ҳисоб рафта, дар асоси талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 декабри соли 2018, №615 “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани мониторинг ва арзёбии амалишавии ҳуҷҷатҳои стратегии сатҳи миллӣ, барномаҳои соҳавӣ ва минтақавии рушд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида шуда, иҷроиши воқеъии ҷараёни корҳо, мушкилотҳои ҷойдошта ва натиҷаҳои ба дастомадаро ошкор месозад. Низоми мониторинг ва арзёбӣ имкон медиҳад, ки робитаи мутақобила ва муттасил дар сиёсати қабулнамуда ва натиҷаҳои татбиқи амалии Барнома таъмин гардида, омилҳои зерин ошкор карда шаванд:

  • то кадом андоза ба ҳадафҳои Барнома муваффақ мешавем;
  • татбиқи лоиҳаҳои дар Барнома воридгардида ва натиҷаи онҳо.

Низоми мониторинги Барномаи рушди шаҳр аз рўи ду унсур (мониторинги натиҷавӣ ва мониторинги татбиқи лоиҳаҳо) гузаронида мешавад.

Мониторинги натиҷавӣ аз рўи индикаторҳо гузаронида шуда, тавассути он то кадом андоза ноил гардидан ба ҳадафҳои гузошташуда муайян карда мешавад (як маротиба дар охири сол гузаронида мешавад).

Мониторинги татбиқи лоиҳаҳо аз рўи ҷойгиршавӣ, муҳлат, сарчашмаи маблағғузорӣ ва масъулин гузаронида мешавад. Барои гузаронидани он ҷадвали электронӣ бо формати «Eхcel» тартиб дода шуда, ҳангоми зарурат ҳар семоҳа ба таври синхронӣ бо ҳисоботи лоиҳаҳо аз нав тасҳеҳ карда мешаванд.

Арзёбии таъсиррасонӣ аз ҷониби мутахассисони соҳавӣ ва мустақил (коршиносон) гузаронида мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *