Аҳолӣ Хабарҳо

ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР ДЕҲОТИ ҚАРАТОҒ

print
Имрӯз қабули навбатии сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар деҳаи Маданияти Ҷамоати деҳоти Қаратоғ баргузор шуд.
Сокинони маҳал аз раиси шаҳр дархост намуданд, ки дар ҳалли масъалаҳои ҷудо намудани қитъаи замин барои бунёди бунёди синфхонаҳои иловагӣ, ҷудо намудани қитъаи замин барои манзили истиқоматӣ, таъсиси хочагиҳои ёрирасон ва манзилгоҳи абадӣ, инчунин таъмини сутунпояҳо барои хатти нерӯи барқ ва дигар масъалаҳои марбут ба рушди деҳот мусоидат намояд.
Вобоста ба аризаву дархости пешниҳодшуда раиси шаҳр ба масъулин дастур доданд, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ” дархостҳои сокинон сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода шаванд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *