Кишоварзони шаҳри Турсунзода дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми муносиб доранд. Имрӯзҳо ҷиҳати ҷамъоварии дастранҷи марди деҳқон дар саҳро кор авҷи тоза гирифтааст. Хусусан, кишоварзони шаҳр кӯшиш ба харҷ дод истодаанд, ки бо истифода аз ҳавои мусоид айёми шолидаравро ба анҷом расонида, ба хирмани Ватан ҳосили фаровон ва ба бозори истеъмолӣ биринҷи хушсифатро ворид намоянд. […]
Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати намояндагони Ҷумҳурии Қазоқистон таҳти раёсати Вазири савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқистон Султанов Бакит Турлиханович ба шаҳри Турсунзода ташриф овард. Дар конфронстолори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода бо иштироки гурӯҳи кории ҷониби Қазоқистон, роҳбарияти шаҳр ва соҳибкорону хоҷагидорон машварати корӣ доир ба имкониятҳои истеҳсол ва содироти […]
Имрӯз раиси шаҳри Турсунзода Акрамзода Парвиз Акрам дар ҷараёни баргузории рӯзи қабули сайёр дар ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Раҳмонов аз хоҷагии деҳқонии инфиродии “Файзулло” дидан намуда, бо фаъолияти кишоварзони хоҷагӣ шинос шуд. Ба раиси шаҳр маълумот дода шуд, ки хоҷагии мазкур дорои беш аз 4 га замин буда, асосан ба сабзавоткорӣ машғул аст. Хоҷагидорон […]