Экология

ТАНТАНАИ РӮЗИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

print
Ба муносибати Рўзи умумиҷаҳонии муҳити зист, дар майдони Парчами давлатии шаҳри Турсунзода, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, собиқадорони соҳа, доираи васеи кормандон ва хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ибтидо меҳмонон ва иштирокдорони чорабинӣ аз намоишгоҳи экологӣ, ки аз намунаи ҳунарҳои дастӣ, гӯшаи зинда, рамсҳои экологӣ ва гӯшаи нозирони сабз биборат буд, дидан намуда, ба корҳои эҷодии хонандагон баҳои баланд дода шуд.
Муовини раиси шаҳр Турсунзода Пардаалӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳзокимияти давлатии шаҳри Турсунзода ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуда, баён дошт, ки масъалаи ҳифзи муҳити зист аз масоили умдаи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, дар кишвари мо ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир мегардад. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти об, хусусан, густариши “энергияи сабз” аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ҷиҳати ҳалли мушкилоти об ва муҳити зист сафарбар гардидаанд.
-Шаҳри Турсунзода яке аз шаҳрҳои бузурги саноатию кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва мардуми меҳнатдӯсти шаҳр ба масъалаи ҳифзи муҳити зист ва олами набототу ҳайвонот аҳамияти ҷиддӣ равона гардида, бо ин мақсад қарорҳои дахлдори раиси шаҳр ба имзо расида, ҷиҳати иҷрои онҳо аз тарафи корхонаву ташкилот, ҷамоатҳои деҳот ва муассисаву хоҷагиҳои шаҳр чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Баъдан барои ҳамкориҳои судманд ҷиҳати татбиқи сиёсати экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон як қатор ҷамоатҳои деҳот, корхонаву ташкилот ва собиқадорони соҳа бо Сипоснома ва туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода қадрдонӣ шуданд.
Дар идома ғолибони озмуни экологӣ дар номинатсияҳои расми беҳтарин, шеъри беҳтарин, ролики беҳтарин ва кори меъмории беҳтарин бо ифтихорномаю туҳфаҳои шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр сарфароз гардиданд.
Дар қисми фарҳангӣ ҳунармандони шуъбаи фарҳанги шаҳр ва хонандагон бо суруд ва шеъру таронаҳо зебогиҳои табиати Ватанро васф намуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *